.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Минтақа

КӮЛОБ: Дод аз дасти “Тангем”

Тарҳи системаи хидматрасонии нақлиёти мусофирбарии шаҳри Кӯлоб беш аз ҳарвақта дида печидаву нороҳаткунанда аст. Ҳолати аксари мошинҳое, ки дар ин самт фаъоланд, бахусус, таксиву “тангемҳо”, бисёр ногувор ва хатарзо боқӣ мемонад. Ин автомобилҳо на танҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд, балки тамоман барои мусофиркашонӣ муносиб набуда, ҳиссиёти ноамниро дар мусофирон ба вуҷуд меоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамарӯза садҳо ҳазор сокинони шаҳр ва меҳмонон маҷбур мешаванд, то аз хидматрасонии ин нақлиёт истифода баранд, чунки нақлиёти арзон ва ба талаботи мусофиркашонӣ дар шаҳр ҷавобгӯро пайдо кардан ғайри имкон аст.

Дар хусуси худсариву дағалии баъзе ронандагони нақлиёти ба ном "тангем" ва таксиҳои мусофиркашон бисёр метавон гуфт. Ва ҳарчанд мақсад расидан ба иззати нафси касе нест, бояд бигӯем, ки аксари ин нафарон аз фарҳанги ронандагӣ ва муошират бо мусофирон бархурдор нестанд. Зиёда аз ин, эшон ҳамарӯза дар паи ба даст овардани "қути лоямут" ҷони худ ва мусофиронро дар хатар гузошта, масъулияти бузурги ба дӯшашон бударо нодида мегиранд.

Мошини фарсудаву аксаран вайрона, нишастгоҳҳои дурушт, муҳити тангу чиркину бӯи ғализи сӯзишвориро мешавад бо як сахтӣ таҳаммул кард, аммо аксар вақт “амакҳои тангемчӣ” тамоми қоидаҳои бехатариро фаромӯш мекунанд, то ҳадде ки ба ҷони одамӣ хатари чиддӣ пайдо мешавад.

Ҳанӯз ними танатро ба “тангем” даровардаӣ, ки "газро" зер мекунад ва Худо накунад, агар камтар ба қавле, даступопеч набошӣ, ними дигаратро аз даст медиҳӣ. Борҳо шахсан шоҳиди ин гуна ҳодисаҳои нохуш будам, ки ронандаи ʺтангемʺ паи "пойга" бо "конкурентон" фаромӯш мекунад, ки дар мошин одамони зинда нишастаанд ва ҳар ҳаракати ноҷои ӯ метавонад боиси ба манзил нарасидани мусофирони бегуноҳ гардад.

Хеле ҷои таассуф аст, ки мо то ҳанӯз ба маданияти ронандагӣ ва мусофир будан соҳиб нашудаем. Аммо ягонасозии системаи нақлиёти мусофиркашонии шаҳр ва тартибу низоми ҷиддӣ дар ин самт метавонист ба ин раванд мусоидат намояд.

Ҳамаи ин дар ҳолест, ки ҳанӯз шаш сол қабл ҳукумати шаҳри Кӯлоб тасмим гирифта буд, то дар шаҳр хати троллейбусро фаъол сохта, ҳаракати онро ба роҳ монад.

Раҳмонзода Абдуғаффор, собиқ раиси шаҳр камбуди нақлиёти мусофирбарро дар ҳудуди шаҳр яке аз мушкилоти умда арзёбӣ намуда, гуфта буд, ки лоиҳаи хатти тролейбус ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гаштааст ва эҳтимол аст, то ба ҳамин наздикӣ тасдиқ шавад.

Тибқи ҳамин лоиҳа бояд аз даромадгоҳи шаҳр, миёни кӯчаи марказӣ то охири шаҳр, ки роҳи росту камгардиш аст, хатти ҳаракати ин нақлиёт бунёд мешуд.

Бо вуҷуди он ки нақлиёти хусусӣ, таксиву тангемҳо дар ин самт фаъоланд, онҳо барои тамоми сокинону меҳмонон басанда нестанд, тақрибан тамоми онҳо шикаставу рехта ва корношоям гаштаанд ва буданашон эҳсоси ноамниву нороҳатиро ба вуҷуд овардааст. Мушкили сокинонро танҳо нақлиёти ҳаҷман бузургтар, аммо арзон метавонад бароварда созад. Дар ин маврид троллейбус метавонист мушкилро осон гардонад.

Инак бо гузашти шаш сол Раҳмонзода Абдуғаффор дар симмат хеле пеш рафту Кӯлоб ва мардуми он дар интизори ваъдаҳо (тролейбус) сар сафед карданд. Дар миёни мардум ин андеша қариб мақол шудааст, ки "роҳбарони пешини Кӯлоб ба кадом ваъдаашон вафо кардаанд, ки аз ҳозираашон чунин ислоҳоти бузургро интизор шавем?" 

Ҳолати риққатбори дигар ин аст, ки  роҳҳои мошингарди маркази шаҳр, бахусус, аз назди терминали мусофиркашонӣ то чорроҳаи Равшан як "хаоси" (дараҷаи олии бесарусомонӣ) бузургро ба вуҷуд овардааст. 

Ин ҳолат агар як зарра аз ноқобилии кормандони БДА бошад, аз сӯи дигар, аз фарҳанги ”волои” ронандагону пиёдагардони мо дарак медиҳад. Қоил бояд шуд, ки дар ҳақиқат ба ин бесарусомониҳо худи мо (сокинони шаҳр) низ саҳм дорем. Бо мошинҳову ронандаҳои сарҳую пиёдагардони сармасту пурташвишу бетараф, бо садои "сигналу" дуду чангу ғубору ҷангу изтиробамон “ҷаҳаннамро” барпо кардаем ва дар он зиндагӣ дорем.

Вале ҳоло замони андеша аст. То кай ин ҳол давом меёбад? То кай ин маданияти (бубахшед) пасту фарсударо бо худ кашола карда мебарем? Дар ҳоле ки дунё дар раванди рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дораду шаҳрҳову деҳаҳо бо суръати рекордӣ тараққӣ мекунанд.

Ҳарчанд душвор аст, аммо ман мехоҳам, ба ақлу хиради роҳбарияти шаҳр бовар ва умед бубандам. Ва умедворам, ки билохира онҳо пайи ислоҳи ин нобасомониҳо хоҳанд шуд.

Агарчи шаҳрдорӣ лоиҳаи хатти тролейбусро амалӣ карданӣ нест, сатҳи назорату танзими таксиву тангемҳоро дар роҳҳои мошингарди марказӣ ҷиддитар гардонад, то мардум битавонанд худро дар амну субот эҳсос намоянд.

Абдуллоҳ ҒУРБАТӢ,

 «Фараж», Кулоб

Хонданд 388
Хатлон: Эҳтиёт, мактабҳои садамавӣ!

Дар вилояти Хатлон 21 муассисаи таълимӣ дар хонаҳои шахсӣ, вагонҳо  ва ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо  беш аз 3 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 

314 муассисаи таълимии дигар дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

 

Хонандагон дар вагон дарс мегиранд

Бо вуҷуди ба истифода додани даҳҳо муассисаҳои таълимии усули нав дар кишвар, то кунун дар вилояти Хатлон 21 муассисаи таълимӣ дар хонаҳои шахсӣ, вагонҳо  ва ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо  беш аз 3 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Исозода Диловар, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон зимни тасдиқи ин хабар иброз намуд, ки воқеан ин мушкил дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон вуҷуд дорад ва «мо дар  6 моҳи соли равон тавонистем 1 муассисаи таълимииро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки хонандагон  дар вагон  дарс мегирифтанд ва филиали як муассисаи таълимии дигарро дар ноҳияи Вахш, ки дар хонаи шахсӣ фаъолият дошт, аз ин маконҳо барорем”.

Тавре манбаъ афзуд, мушкили дигар дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон садамавӣ будани 314 муассисаи таълимии вилоят мебошанд: “Ин муассисаҳо, ки солҳои пеш сохта шуда буданд, айни замон ба таъмири пурра ниёз доранд”. Диловар Исозода бо нигаронӣ иброз дошт, ки: “Ҳоло дар миқёси вилоят бо зиёд шудани шумораи хонандагон дар 46 мактаб таълим  дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки ин раванд ба таълиму тарбияи насли наврас таъсири  бад хоҳад расонид”.

 

Барнома 10 фоиз иҷро шуду халос

Ба иқрори манбаи мазкур: Ба «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои  соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» 566 муассисаи таълимӣ ворид карда шудаанд. Айни ҳол, дар доираи ин барнома бояд 21 муассисаи таълимӣ аз хонаҳои шахсӣ, вагонҳо  ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бароварда,  314 муассисаи садамавӣ бозсозӣ ва  231 муассисаи таълимии нав дар деҳаҳои навбунёд сохта шаванд, аммо мутаассифона, аз амалишавии «Барномаи давлатии рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» қариб ду сол сипарӣ шудаасту то кунун маблағгузорӣ ба ин самт кам  равона гардидааст. Ба ҳамин минвол, то ин муддат танҳо беш аз 10 фоизи ин барнома иҷро шудаасту халос. Исозода афзуд: “Бояд барои иҷрои ин барнома таваҷҷӯҳи масъулин бештар ҷалб карда шавад, вагарна муҳлати  барнома ба охир мерасаду вазъи мактабҳо ҳамон хел нигаронкунанда боқӣ мемонад”.

 

Ҷайҳун: 30 ҳазор хонанда ба ҷойи 13 ҳазор

Аз набудани шароит ва норасоии синфхонаҳои таълимӣ дар 13 муассисаи таълимии ноҳияи Ҷайҳун дарсҳо дар се баст ба роҳ монда шудаанд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Ҷумахон Ҳикматзода бо нигаронӣ арз кард, ки бо зиёд шудани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ камбуди ҷойи нишаст зиёд мушоҳида шуда, айни замон хонандагони 13 муассисаи таълимӣ аз ноилоҷӣ дар се баст  ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Манбаъ иттилоъ дод, ки дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассиаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» 24 муассисаи таълимии ин ноҳия барои таъмиру тармим ворид шудаанд. Вале бо гузашти наздик ба ду сол  ягон муассисаи таълимӣ бозсозӣ ва ё таъмир нагардидаанд.

Ҳамзамон, мудири маорифи ноҳияи Ҷайҳун аз он нигаронӣ намуд, ки “Ҳарчанд муассисаҳои таълимии ноҳия дар солҳои 70 –уми асри пор барои 13 ҳазор хонанда сохта шуда буданд, аммо имрӯз шумораи таълимгирандагон наздик ба 30 ҳазор расидааст ва ин мушкилоти асосии соҳаи маорифро дар ноҳияи Ҷайҳун ба бор овардааст”.

 

Абдураҳмони Ҷомӣ: мактаби садамавӣ дар паси бинои ҳукумат

Ба қавли сармутахассиси шӯъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳасан Табаров, айни замон дар ноҳия 9 муассиса дар ҳолати таъмирталаб ва 3 муассисаи дигар пурра дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ки ин вазъият ба раванди  таълиму тарбияи  хонандагон таъсири бад мерасонад.

Тавре манбаъ афзуд, ҳоло бо зиёд шудани шумораи хонандагон дар 3 муассисаи таълимии ноҳия таълим дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки хонандагон наметавонанд ба хубӣ дарсҳоро аз худ кунанд. 

Ҳасан Табаров  ҳамзамон гуфт, “Дар «Барномаи давлатии рушди муссисаҳои  соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021»  9 муассисаи таълимии ноҳия ворид карда шудаанд.  Дар ин доира ҳоло танҳо сохтмони як бинои садамавӣ оғоз шудасту халос. Ва умед аст, ки дар доираи барномаи мазкур ҳама мушкилоти соҳаи маориф дар ноҳия ҳал хоҳад шуд.” 

 

Мактубҳои бе ҷавоб

Дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар паси бинои ҳукумати ноҳия, муассисаи таълимии №1, ки он  аз 5 бино иборат мебошад,  бо 1 бинои пурра дар ҳолати садамавӣ қарордошта фаъолият менамояд. Ҳатто дар гирду атрофи он гаштугузор намудан хатар дорад, вале кӯдакони ин таълимгоҳ дар назди бино ба бозӣ машғуланд.  Мо бо Рустам Раҳимов - директори ин муассисаи таълимӣ сари ин мавзуъ суҳбат намудем. Номбурда дар посух гуфт: “Ин бино 90 сол пеш сохта шудааст ва ҳоло дар ҳолати садамавӣ дорад. Барои хароб кардани ин бино, ки аз 6 синфхона иборат аст,  ба собиқ раиси  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мактуб карда будем, аммо он беҷавоб боқӣ монд. Ба раиси нави ноҳия се моҳ пеш мактуб намудем, ки мо ин мактаби вайронаро тариқи ҳашар хароб кунем, зеро дар андак заминларза метавонад ба ҷони хонандагон хатар орад, вале то ҳол ягон ҷавоб нагирифтаем”.

Директори мактаб қайд намуд, ки дар муассисаи таълимии №1 1 ҳазору 501 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи хонандагон рӯ ба афзоиш аст. Дар як синфхона  30 - 35 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ин хеле зиёд аст. Дар соли оянда барои мо синфхонаҳои иловагӣ лозиманд, то хонандагон ба хубӣ бо таълим фаро гирифта шаванд.

 

Мушкили дигар дар Хатлон: Набудани толорҳои варзишӣ дар мактабҳо

Мушкилии дигари соҳаи маориф дар баъзе муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ин набудани толорҳои варзишӣ мебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб хонандагон дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар синфхонаҳо мегузаронанд. Ин ҳолатро зимни сафари корӣ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қубодиён ба осонӣ мушоҳида кардем.

Рустам Раҳимов - директори таълимгоҳи №1 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо изҳори ташвиш аз ин вазъ афзуд, ки “90  сол боз  хонандагони ин мактаб  аз надоштани толори варзишӣ дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар синфхонаҳо мегузаронанд, инчунин дар муассиса толори маҷлисгоҳ тамоман вуҷуд надорад ва мо маҷлисҳои худро дар берун мегузаронем”.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, “Орзуи ягонаи 1501 нафар хонандаи мактаби №1 -и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бунёди толори варзишӣ дар муассисаашон аст, то то тавонанд, дар он ба роҳат дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ гузаранд. Аммо ин орзуи онҳо кай амалӣ мешуда бошад, пурсиши бепосухест”.

 

Қубодиён: Хонандагон дар ҳасрати толорҳои варзишӣ

Хонандагони Муассисаи таълимии рақами 48-и ноҳияи Қубодиён низ аз надоштани толори варзишӣ дар мактаби худ дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар фасли сармо дар синфхонаҳо танг мегузаронанд. 

Дилафрӯз Шарифова - директори мактаби №48-и ноҳияи Қубодиён,  дар ин замина иброз дошт, ки мушкилоти асосии 652 нафар хонандаи муассиса надоштани толори варзишӣ мебошад.

Ӯ нигаронӣ аз он кард, ки  «Фасли зимистон дар пеш аст, мо намедонем, дарсҳои тарбияи ҷисмониро дар куҷо ба хонандагон гузаронем».

Дар муассиса як майдони варзишӣ аст, ки он низ пур аз сангу хок буда, хонандагон наметавонанд, ба хубӣ машғулиятҳои варзишии худро дар ин майдон гузаронанд.

Қайд карда шуд, ки  6 сол пеш ин муассиса соҳиби як толори варзишии садамавӣ буд, аммо аз набудани синфхона онро низ хароб карда, дар ҷойш 8 синфхона бунёд карданд.

Тавре Дилафрӯз Шарифова афзуд,  “Ман дар ин муассиса як сол мешавад, директор  таъйин шудаам. Ҳарчанд то ҳол ба мақомоти дахлдор барои бунёди толор муроҷиат накардаам, аммо директорони пешинаи ин даргоҳ борҳо ба мақомотҳои болоӣ барои бунёди толори варзишӣ мактуб карда буданд, ки ҳамаи онҳо бе ҷавоб боқӣ мондаанд”.

-Гарчанде ман соҳибкоронро борҳо барои бунёди як толори варзишӣ даъват намудаам, аммо онҳо аз ин кор даст кашидаанд, зеро, ба қавли онҳо, барои бунёди толори варзишии замонавӣ маблағи зиёд лозим будааст, -  илова кард директори таълимгоҳи мазкур. 

Муасссисаи  таълимии №48 дар маркази  ноҳияи Қубодиён аз соли 1938 сохта шудааст. Агар дар маркази ноҳия муассисаҳои таълимӣ толор надошта бошанд, пас дар мактабҳои дурдасти ноҳия вазъ дар кадом ҳолат қарор дорад?

Рушди соҳаи маорифро Ҳукумати кишвар дар зинаи аввали сиёсати стратегии худ қарор додааст, вале масоили ҳалталаби муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон  ҳанӯз ҳам зиёд ба назар мерасанд. Чунин вазъият ба таълиму тарбияи муҳассилин таъсири манфӣ расонида, шароити дарсомӯзии онҳоро мушкил мегардонад. Барои бартараф кардани мушкилоти соҳа талошҳои бештари мақомоти дахлдор ва мусоидати аҳли ҷомеа зарур аст.  

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,  

хабарнигори махсуси «Фараж» 

дар минтақаи Бохтар

Хонданд 57
Бохтар: шаҳри умеди сабзи ҳазорон

Шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) - маркази маъмурии вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш, баландии 428 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Шаҳри Бохтар дар тарафи чапи дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Иқлимаш хушку форам буда, ҳарорати миёнааш дар январ тақрибан 0,9 ва моҳи июн 28,09 градус селсия мебошад. Масофаи байни Бохтару Душанбе 99 км-ро ташкил медиҳад.

Бо баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоҳати шаҳри Бохтар зиёда ба 1000 гектар расида, аҳолиаш бештар аз 110 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бохтар сеюмин шаҳри бузургтарини Тоҷикистон аст. Шаҳри Бохтар маркази муҳими саноатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Хатлон мебошад.

Дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ ва 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикстон шаҳри Бохтар хеле ободу зебо гашта, дар он бинову иншоотҳои боҳашамати серошёна, меҳмонхонаву марказҳои муосири тафреҳӣ, майдону гулгаштҳои нав ва бозору марказҳои хизматрасонии замонавӣ қомат афрохтанд.

Тайи солҳои охир дар шаҳри Бохтар барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ имконияту шароитҳои нав фароҳам оварда шуда, меҳмонхонаҳои нав, марказҳои тафреҳӣ, толору иншоотҳои фарҳангии нав ва дигар иншоотҳои зарурӣ бунёд шуданд, ки ҳамаи ин табъи боздидкунандагони шаҳрро болида мегардонад.

Аз моҳи сентябри соли 2017 Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз дар вазифаи раиси шаҳри Бохтар кор мекунад.

 

БОХТАР ДАР ЗАМОНИ ШӮРАВӢ

Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1937) Бохтари имрӯза расман ҳамчун шаҳр ва инчунин, ба маркази вилояти Хатлон табдил меёбад. Пеш аз ин ҳам, мардуми Водии Вахш ин шаҳрро марказ мешумориданд. Инчунин, дар оғози асри XX Бохтар таҳти хатари босмачиёну дуздони бегонаи гирду атроф қарор гирифта буд. Ин мавзеъ ба харобазор мубаддал гашта буд ва ҳайвоноту ҳашарот дар он ҳукмрон буданд. 

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бунёди рустову шаҳрҳо ривоҷ ёфтанд, ба ҷои хаймаҳо, ки пеш мавҷуд буданд, биноҳои нав сохта шуданд. Инҷо ба мавзеи бехатар табдил дода шуд.

Дар даврони шӯравӣ шаҳри Бохтар нашъу намо меёбад. Бо мақсади рушди пахтакорӣ Ҳукумати ИҶШС лозим мешуморад, ки дар водии Вахш шабакаи обёрикунии бузург сохта шавад. Солҳои 1931-1938 канали Вахш бо маблағи иттифоқ сохта шуд. Роҳи оҳани камбари 105 километраи Панҷи Поён - Қӯрғонтеппа дар солҳои 1931-1934 сохта шуд. Ҳазорон гектар заминҳо обёрӣ карда шуданд ва хоҷагию ноҳияҳои нави кишоварзӣ дар атрофи шаҳри Бохтар ташкил ёфтанд. Ноябри соли 1992, пас аз муттаҳид шудани ду вилоят Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ва таъсис ёфтани вилояти Хатлон маркази маъмурии он шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) эълон гардид. 

Дар замони ҳокимияти шӯравӣ дар шаҳри Бохтар заводҳои трансформатор, таъмири механикӣ, пахта, консерв, шир, пиво, комбинатҳои гӯшт, маҳсулоти ғалладона, комбинати хизмати маишӣ, фабрикаҳои «Тоҷикатлас», «Дилором» ва ғайра ба фаъолият оғоз карданд.

 

БОХТАР ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Бо баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоҳати шаҳри Бохтар зиёда ба 1000 гектар расонида мешавад.

Ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён ва шаҳри Леваканд бо Бохтар ҳамсарҳаданд. Дар шаҳр асосан биноҳои 4-5, 9 ва 14-15-16 ошёнадор мавҷуданд. 

Дар шаҳри Бохтар марказҳои зиёди таълимӣ арзи вучуд доранд аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав, Коллеҷи аграрии махсусгардонидашуда, коллеҷҳои тиббӣ ва педагогӣ, омӯзишгоҳи касби-техникӣ, 4 литсей, мактаб, парваришгоҳ ва 14 муассисаи таҳсилоти миёна ва муассисаҳои томактабӣ. 

Дар ҳудуди шаҳр Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар, вокзали роҳи оҳан ва терминали мусофиркашонӣ фаъолият мекунанд, ки ҳамарӯза аз хизматрасонии он мусофирони зиёде истифода мебаранд.

Шаҳри Бохтар яке аз шаҳрҳои рӯ ба рушд ва ояндадори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дигаргуниҳои ҷиддие ӯро дар оянда интизор аст. 

 

БОХТАР ДАР АҲДИ ПЕШИН

Дар асри I Кӯшон Вахшонзаминро забт мекунаду Левакандро маркази давлат эълон мекунад. Амалдорони давлати Кӯшониён то асри IV ҳукумронӣ мекунанд. Дар асри XIII Леваканд ба монанди дигар шаҳрҳои  Мовароуннаҳр таҳти зарбаи аҷнабиён (бегонагон) қарор мегирад. Шаҳр хароб мегашту аҳолияш торафт кам мегардид. Онҳое, ки зинда мемонданд, ин водиро тарк мекарданд. Аз сабаби офатҳои табии ба монанди обхезӣ ин мавзеъ ба ботлоқзору шӯразор мубаддал мегардад.

Новобаста аз тағйирёбии ҳокимону роҳбарони ин шаҳр, меҳри сокинон ба ин мавзеъ, ки дар дили онҳо ҷой гирифта буд, намегузошт, ки номи шаҳр аз байн равад.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва археологӣ Бохтар дар аҳди Кӯшониён (асрҳои 1-4) ба вуҷуд омада, Леваканд ном доштааст. То истилои араб шаҳр хеле обод буд ва дар он пул сикка мезаданд. Охирҳои асри 7 ибтидои асри 8 шаҳр ба тасарруфи арабҳо гузашт. Асри 13 шаҳрро муғулҳо забт карда, ба хароба табдил доданд. Танҳо аз асри 16 сар карда он аз нав рӯ ба тараққӣ ниҳод. Номи пешини шаҳр (Қӯрғонтеппа дар назар аст) дар маъхазҳои таърихии асри 17 дучор меояд. Ҳоло дар маркази шаҳр теппае ҳаст, ки аз ду тарафи он наҳрҳои «Ҷӯйбор» ва «Ҷӯи Хонум» ҷорӣ мешаванд. Ба ақидаи олимон ин теппа ҳанӯз замони ҳукмронии Кӯшониён вуҷуд доштааст. 

 

ТАЪРИХИ ТЕППАИ ШАҲРИ БОХТАР

Таърихи Теппаи шаҳри Бохтар ба асрҳои I-II мансуб дониста мешавад. Ба ривояти дигар, ин Теппаро табиат ба вуҷуд наовардааст, балки тавассути дастони муъҷизаофари мардум сохта шудааст. Вақте ки теппа сохта шуд, дар давоми асрҳои XIX ва XX дар болои ин Теппа- Қалъаи Беки Қӯрғон ҷой гирифта буд.

Хоки теппа аз заминҳои гирду атроф оварда шудааст. Мақсади асосии сохтани ин теппа он аст, ки посбонон шаҳр ва қалъаро аз душманон нигоҳбину ҳифзаш кунанд. Ҳокими Леваканд (номи қадимаи Бохтар шаҳр, ки таърихи дуҳазорсола дорад) «андози хок» ҷорӣ карда буд. Дар баъзе аз ривоятҳо омадааст, ки дар ин ҷо бозоре ҷойгир буд, ки одамон аз давлатҳои гирду атроф ба ин ҷо омада хариду фурӯш мекарданд. Ҳар як шахс вазифадор буд, ки як халта хок оварда дар болои теппа резад, баъди рехтани як халта хок ба онҳо иҷозат медоданд, ки дар бозор ба савдо машғул шаванд. Ҳамин тавр, ҳар як одами ба ин мавзеъ омада як халта хок рехта-рехта баландии теппаро ба 40 метр расониданд. Гирди теппа бо девори махсус маҳкам карда шуда буд, ки 12 метр паҳноӣ дошт.

Аз ду тарафи теппа, ки дар болои он қалъаи Бек сохта шуда буд, ду наҳр дида мешавад. Наҳре, ки дар самти шарқии теппа аст ба он «Ҷӯйбор» ва наҳре, ки дар самти шимоли теппа ҷойгир шудааст «Ҷӯйхонум» ном ниҳода шудааст. Доир ба наҳри «Ҷуйхонум» чунин ривояте ҳаст, ки он дар қисми шимоли теппа бо фармони Бек канда шуда ва зани дӯстдоштаи Беки Левканд Бибихонум бо ҳамроҳии хизматгоронаш дар наҳр шинову истироҳат мекардааст, аз ҳамин хотир он номи «Ҷӯйхонум»-ро ба худ гирифтааст.

 

ДАСТОНИ ЭЪҶОЗОФАРИ МАРДУМИ ШАҲРИ БОХТАР

 Мардуми тоҷик таърихан бо ҳунару малакаи хеш маъруфу машҳур мебошанд. Онҳо бо маҳсули зебои дасти худ ҳамарӯза дар зиндагӣ харидоронро шод мегардонанд. Оҳангарӣ аз қадим то замони мо яке аз ҳунарҳои машҳури мардуми тоҷик ба шумор меравад. Аз сабаби кори вазнину мушкил буданаш, ба ин кор анъанавӣ танҳо мардҳо шуғл меварзанд. Ҳокимону сиёсатмадорон дар гузашта пешрафту тараққиёт ва амнияти кишварашонро дар ривоҷу равнақи касби оҳангарӣ марбут медонистанд.

Бар замми ин, дуредгарӣ низ яке аз ҳунарҳои аҷдодӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Васоилҳои чубӣ анъанавианд, ба монанди лавозимоти  зебои кандакоришудаи хонаҳо: дар, тиреза, чамбарак, гаҳвора ва кат.  Дуредгарӣ тахаюлоти бою рангини мардуми тоҷикро инъикос менамояд.

Чанде пеш бахшида ба соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар назди Кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар чорабинӣ-намоишгоҳи хос баргузор гардид. Дар он ҳамаи ҳунармандони шаҳр ширкат карданд.  Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 намуди ҳунарҳои мардумиро сокинони шаҳр пешкаш намуданд, ки писанди тамошобинон гардид.  

Дар чорабинии фарҳангиву фароғатии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ва раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.

Дар ҳар як гӯша маҳсули дастранҷи ҳунармандон - хусусан ҳунарҳои мардумӣ гузошта шуда буд. Ғайр аз ин дастандаркорони чорабинӣ гӯшаи сайёҳии шаҳрро ташкил намуда буданд, ки ҷойҳои диданӣ, таърихӣ, фароғатӣ, маконҳои тамошобоб ва истироҳатии Бохтарро муаррифӣ мекард. Инчунин, дар намоишгоҳ маҳсули дасти заргарон, кандакорон, қуроқдӯзон, гулдузон ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

 

ШАҲРИ БОХТАР ДАР АҲДИ МУОСИР

Гуфтан ба маврид аст, ки бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ намудани номҳои шаҳру ноҳияҳо бо бузургону шаҳрҳои қадимаи худ як василаи амалӣ намудани талаботҳои қонуни мазкур, беҳбудӣ бахшидан ба рушди забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни пурғановати худ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ буда, воқеан ҳам рисолати имрӯзаи мо ватандорон ҳамин аст. Пас месазад, ки маконе, ки дар гузашта ин қадар шуҳратёру мардумонашон шуҷоъю ватандӯст буданд, маконе, ки ба ҷаҳониён тамаддун додаю замони худ яке аз марказҳои баландтарини рушди фарҳангу илм, махзани илму адаб буд, аз нав номи аслии хешро гирад.

Дар асоси таърихи гузаштаи Бохтаршаҳр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, аз 20 январи соли 2018, таҳти №29 бо Қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16 феврали соли 2018, таҳти №511 номи шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён ва шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар иваз карда шуд.

Ивази ном намудани Қӯрғонтеппа ба Бохтар ин эҳтиром ба таърихи пурғановатамон буда, воқеан ҳам зиндаву ҷовидон нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ мебошад.

 

Бахтиёр АЛИМОВ

Хонданд 45
Дирӯзу имрӯзи “Қалъаи Хуҷанд”

Дар сарчашмаҳои таърихӣ аз ҷумла “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров омадааст, ки солҳои 300-уми пеш аз милод Искандар бо лашкари 30 ҳазор нафараи мақдунию юнониаш ба Хуҷанд ҳуҷум кард ва ба муқобилияти сахти мардуми маҳал дучор шуда, талафоти калон ёфт. Лашкари ҷангдида дарёи Танаисро (ҳоло Сир) убур намуда, шаҳри ободу мардуми озодро дучори сӯхтор, куштор ва ғорат кард.

Искандари Мақдунӣ баъди истироҳату фароғат ба тамошои Хуҷанд баромад ва мавзееро маъқул карда фармуд, ки ин ҷо дар соҳили дарё қалъае бунёд намуда онро (Александрия- Эсхата), яъне Александрияи Канорӣ ном гузоранд, то дигарон донанд, ки қаламрави вай аз Александрия то ин ҷо доман паҳн кардааст...

Қалъаро сохта, атрофашро бо девори мазбути қариб 9 километра печонданд...

Солҳо, асрҳо сипарӣ шуданд, қалъа аз даст ба даст гузашт. Алалхусус онро муғулон хеле хароб карданд.

Дар давраи шӯравӣ он ба қисми ҳарбӣ мубаддал гашт, баъди истиқлолияти давлатӣ гирифтани Тоҷикистон дар қалъа қисми ҳарбии 3501-и ВКД-и Тоҷикистонро ҷой карданд. Ҳоло қалъаи Хуҷанд чӣ ҳол дорад? Нақли мо дар ин бора меравад.

“Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки дорои осорхонаҳои таърихӣ -  муассисаи илмию тадқиқотӣ, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Қалъаи Хуҷанд мавзеи аҳамияти баланди таърихию фарҳангиро доро буда, барои рушди илм, фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд. 

«Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад» - қайд кардааст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳар кишвар бо таъриху фарҳанг ва бозёфтҳояш дар олам машҳур аст. Масалан, Туркия бо чаҳор баҳри атрофашро иҳота карда, ба оламиён машҳур шудааст, ин манзараҳо диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд. Кишвари Шветсария бо куҳҳои сабзи Алп, Миср бо аҳромҳои таърихиаш ба кишварҳои сайёҳӣ табдил ёфтаанд. 

 

Тоҷикистон бошад, бо таъриху фарҳанги қадима, мардуми меҳмондӯст, куҳҳои сарбаланди Помир, табиати афсунгари афсонавӣ, манзараҳои дилфиреб ва чашмаҳои оби нуқрафонаш, дарёҳои куҳиаш диққати сайёҳонро ба худ мекашад.

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил ва гузаронидани конфронси илмӣ, вохӯрию намоишҳо дар “Қалъаи Хуҷанд” ба ҳукми  анъана даромадааст. Аз ҷумла дар мавзуҳои “Кишвари биҳиштосои мо”, “Ҳифзи асолати осори миллӣ”, “Осорхонаҳо макони таъриху тамаддун”,  “Рисолати ватандорӣ”, “Модар сарчашмаи меҳру вафо”, “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст”, “Ҳунарҳои модарони мо”, “Либоси миллӣ ва замони муосир”, “Аз қаъри таърих” суҳабату конфронсҳо баргузор гаштанд...

Яке аз роҳҳои асосии ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ ва ба осорхонаҳо ҷой додани онҳо мебошад. Зеро дар осорхонаҳо барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Нигораҳо баъди таҳқиқу таҳлил дар намоишгоҳҳо ҷои худро меёбанд. Масъулини “Қалъаи Хуҷанд” баҳри ғанӣ гардондани хазинаи осорхона намунаҳои беҳтарини осори таърихию фарҳангиро ҷустуҷӯ ва ҷамъоварӣ менамоянд.

Барои ба амал татбиқ намудани барномаи давлатии «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар солҳои 2012-2020» ва оиди ҷамъоварии нигораҳо аз мардум, ғанӣ гардондани осорхона дар соли 2018 як миқдор ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ҷамъоварӣ ва харидорӣ шуданд. Барои хазинаи осорхона сандуқ, чархдег, чархи ресмонресӣ, зарфҳои сафолин, лавҳаҳо, сӯзаниҳо, сиккаҳо, гӯшвора ва дигар ашёҳои гуногуни таърихиро харидорӣ намуданд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Литсейҳои касбӣ-техникӣ борҳо ба тамошои осорхона омада бо фарҳанг ва осорҳои гузаштаи аҷдодон шинос мешаванд. Донишҷӯёни ин донишгоҳҳо дар осорхонаҳои “Қалъаи Хуҷанд” таҷрибаи таълимӣ ва истеҳсолиро мегузаронанд.

Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохили кишвар ва бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Суғд барои ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна, шиносоӣ бо осори ниёгон, инчунин ба ифтихори эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносии ш.Хуҷанд ба номи академик Нуъмон Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ сайри илмии мавзӯӣ ва дарсҳои кушод оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик баргузор мегардад. 

Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чун дурдонаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб мекунад ва ҳар бинанда аз тамошои ин макон ба ҳунари волои наққошону кандакорон, кулолгарону сангтарошон, адрасу атласбофон ва дӯзандагону бофандагони тоҷик аҳсан мехонанд.

Дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 49 ҳазору 631 нафар сайёҳон аз Қалъаи Хуҷанд дидан намуданд.

Ромиши Фирдавс

Хонданд 54
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.