.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Минтақа

Шумо дар Минтақа

Лахш - макони саёҳату табобат

Июл 30, 2018 Хонданд: 271
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Лахш - як гӯшаи хушобу ҳаво ва зебоманзару бостонии сарзамини тоҷикон дар қисми шимолу шарқии ҷумҳурӣ воқеъ буда, масоҳаташ 4580,1 километри мураббаъро ташкил менамояд.

Ноҳия аз шимолу шарқ бо ноҳияи Чон-Олойи Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷанубу шарқ бо ноҳияи Мурғоби ВМБК, аз ҷануб бо ноҳияи Сангвор, аз ғарб бо ноҳияи Рашт ва аз ҷанубу ғарб бо ноҳияи Тоҷикобод ҳамсарҳад мебошад. Ноҳия аз маркази ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе дар масофаи 284 км ҷойгир аст.

Ноҳияи Лахш ба 10 ҷамоати шаҳрак ва деҳот ва 49 деҳа (Ваҳдат, Пилдон, Ҷиргатол, Янгишаҳр, Сурхоб, Сартало, Қашот, Лахш, Алға ва Муксу) тақсим шудааст. Маркази ноҳия шаҳраки Ваҳдат аст.

Тавре аз ҷониби баъзе олимону сайёҳони гузаштаву имрӯзаи кишварҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳони хитоӣ, арабу форс тазаккур шудааст, водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Лахш дар гузаштаи дур дорои таъриху фарҳанг, алифбову адабиёт ва давлату давлатдорӣ будааст. Як шохаи Роҳи бузурги абрешим ба воситаи водии Рашт ва Олой гузашта, дунёи шарқу ғарбро ба ҳам мепайвастааст. Харобиҳои шаҳри Чоргул дар водии Лахш далели онанд, ки дар ин ноҳия санъати меъмориву шаҳрсозӣ ҳанӯз дар даврони қадим инкишоф ёфта буд.

Лахш (собиқ ноҳияи Ҷиргатол) аз соли 1870 то ғалабаи Инқилоби Бухоро (соли 1920) дар ҳайати миригарии Ғарм, дар тобеияти Аморати Бухоро буд. Баъди инқилоб он ҳамчун туман ба ҳайати вилоятӣ Ғарм дохил гардид. Он ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ буда, 10-уми марти соли 1931 ҳамчун ноҳияи алоҳида ташкил ёфта, то соли 2016 ҳамчун ноҳияи Ҷиргатол ва аз моҳи апрели соли 2016 ин ҷониб бо номи ноҳияи Лахш маълум мебошад. Маркази имрӯзаи ноҳия ва аксар деҳаҳо дар водии нисбатан фарохи ҳавзаи дарёи Сурхоб доман густурдааст. Аз чашмасоронаш дарёчаҳои куҳии Муксу, Тамдиқул, Пиёзӣ, Оби Кабуд, Дувана, Ғулама маҷро мегиранд. Ҳудуди ноҳияро аз шарқ ба ғарб дарёи Сурхоб бурида мегузарад. Ба он дарёчаҳои бисёре ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон аз чап Муксу ва аз рост Оби Кабуд мебошанд. 

Ноҳияи Лахш дар баландии зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва зиёда аз 95%-и ҳудуди онро қаторкуҳҳо ташкил медиҳанд. Ноҳия барои рушди соҳаи туризм, махсусан туризми экологӣ ва куҳию варзишӣ хеле мусоид мебошад. Иқлими хуб, боду ҳавои форам, табиати дилфиреб ва манзараҳои зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия рушд ва тараққӣ намояд. Ноҳия дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хело зиёд дошта, дар сурати истифода бурдани ин имкониятҳо дар давоми солҳои оянда метавон шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамолики гуногуни ҷаҳон ҷалб намуд.

Бо мақсади шинос шудан аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия солҳои 2009-2012 аз давлатҳои Русия, Украина, Чехия, Эрон, Булғористон, Фаронса, Олмон, Туркия ва дигар кишварҳои дунё беш аз 1600 нафар ташриф овардаанд, ки ин нишондод нисбати солҳои 2005-2006 ду маротиба зиёд мебошад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи туризм рушд ёфта истодааст. Аз соли 2010 ин ҷониб, ҳамасола аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои рушди туризм» экспедитсияҳои байналмилалии куҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Имоили Сомонӣ доир карда мешавад, ки экспедитсияҳои мазкур тавассути ҳудуди ноҳияи Лахш сурат мегиранд. Ин экспедитсияҳо бо иштироки варзишгарону куҳнавардони зиёда аз 15 кишвари хориҷӣ доир мегарданд. Чунончи, соли 2016 дар экспедитсияи зикргардида 158 нафар куҳнавард аз 16 давлати дунё ширкат намуда буданд. Соли 2017 бошад, зиёда аз 79 нафар сайёҳон аз 15 давлати дунё дар экспедитсияи куҳнавардӣ, ки тавассути ҳудуди ноҳия сурат гирифт, иштирок намуданд.

Шумораи зикргардидаи сайёҳон ва куҳнавардон пеш аз оғози экспедитсия якчанд рӯз дар ҳудуди ноҳия барои мутобиқатшавӣ ба шароитҳои иқлими минтақаҳои баландкуҳ дар маркази ноҳия будубош намуда, сипас қисмати асосии ин шумора ба воситаи чархбол то майдончаи «Москвина» интиқол дода мешаванд. Шумораи ками онҳо, тибқи нақшаи қаблан мувофиқашуда, ин масофаро то нуқтаи таъинот пиёда тай менамоянд. 

Дар ноҳия барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо назардошти мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, рӯду чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои зебо, махсусан дар фасли зимистон ҷиҳати ташкили намуди варзишии лижаронӣ шароиту имкониятҳо мавҷуд аст.

Лоиқи зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳия дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар наздикии қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ Коммунизм, баландиаш 7495 метр) майдончаи “Москвина” сохта шуда буд, ки макони асосии куҳнавардон буд. Сайёҳоне, ки дар мавсими асосии сайругашт, яъне моҳҳои июл-август ба ноҳияи Лахш меоянд, асосан куҳнавардон мебошанд. Онҳо барои фатҳ намудани қуллаи Исмоили Сомонӣ, қуллаи Корженевский ва тамошо кардани пиряхи Федченко ва дигар манзараҳо ба ноҳия ташриф меоранд.

Аҳолии ноҳия даромаднокӣ ва беҳтар кардани шароити иқтисодии худро дар мавсими туристӣ дарк карда, ба сохтмони меҳмонхонаҳо ва тарбхонаҳои замонавӣ шуруъ намуда истодаанд. Ҳангоми омадурафти сайёҳон сокинони ноҳия дар наздикии фурудгоҳ фурӯши ҷӯробу сарпӯш ва дигар ҷиҳозҳои туристиро ташкил намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш баҳри дар сатҳи зарурӣ доир гардидани экспедитсияҳо, аз он ҷумла ба масъалаи бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин намудани сайёҳон ва фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ дар бошишгоҳҳои муваққатии онҳо таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад. Бо ҳамин мақсад бо ҷалби соҳибкорон дар ноҳия 6 меҳмонхонаи замонавӣ ва зиёда аз 5 адад ошхонаҳои миллию муосир ташкил карда шуда, фаъолият доранд, ки дар баробари ба сайёҳони хориҷи ва дохилӣ хизмат расонидан, инчун барои таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат намуда истодаанд.

Дар ҳудуди ноҳия дар масофаи 26 километр дуртар аз маркази ноҳия мавзеи табобатии Тандиқул ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст. Оби шифобахши он барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, ревматизм ва дигар касалиҳо давобахш мебошад. Илова бар ин, сарчашмаи оби мазкур барои бемориҳои занона, махсусан безурётӣ ва ғайра фоидаи самарабахш медиҳад. Оби ин сарчашма аз таги замин фаввора зада баромада, 950 С гармӣ дорад. Ҳамагӣ 2 метр дуртар аз таги замин чашмаи оби хунук ҷорӣ аст, ки дидани он ба ҳар як шахс ҳаловати тоза мебахшад. Мавзеи Тандиқул зебову дилфиреб буда, дар манзараи бисёр афсонавӣ ҷойгир шуда, диққати садҳо сайёҳони хориҷиву дохилиро ба худ ҷалб менамояд. Илова бар ин, мавзеи зикргардида дар канори дарёи Тандиқул ҷойгир гаштааст, ки дар он сохтани НОБ-и хурд (20 кВт) ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дар ҷамоати деҳоти Сартало дар деҳаи Коштегирмон ҳавзи калон дар масоҳати 5 га ҷойгир аст. Ин ҳавз дар мавзеи ниҳоят зебо, дар доманаи куҳҳо ҷойгир мебошад, ки назари ҳар сайёҳро ба худ ҷалб месозад.

Дар деҳаи Ҷилондии ҷамоати деҳоти Сурхоб дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр Ҳавзи Кабуд дар масоҳати 45 га ҷойгир буда, аз дигар ҳавзҳо бо хусуияти ба худ хос ба куллӣ фарқ мекунад. Яке аз хусусиятҳои ин ҳавз дар он аст, ки оби он пурра кабуд мебошад ва он оби софу шаффоф аст. Дигар хусусияти хосаш дар он аст, ки дар ин ҳавз ягон намуди моҳӣ ё ин ки дигар намуди ҷондорҳои баҳрӣ вуҷуд надорад. Аз оби мусаффои ин ҳавз аҳолии деҳаи Ҷилондӣ ҳамчун оби ошомиданӣ истифода мебаранд.

Дар ҳудуди ноҳия ҳамчунин ёдгориҳои таърихӣ (петроглиф)-ҳо мавҷуданд. Яке аз онҳо дар деҳаи Ачиқолмаи ҷамоати деҳоти Алға ҷойгир мебошад ва он Ғори Сиёҳ ном дорад. Таърихшиносон муайян кардаанд, ки ин ғор ба давраи то милод мансуб буда, одамони қадим дар ин мавзеъ умр ба сар мебурдаанд. Дар сангу шухҳои ин ҷо акси одамони қадим, ҳайвонот ва дигар расмҳои диданиву тамошобоб нақш бастаанд. Чунин навиштаҷоту аксҳо дар наздикии деҳаи Шилбилии ҷамоати Сурхоб, мавзеи Тандиқули ҷамоати Янгишаҳр низ мавҷуд мебошанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ноҳияи Лахш дорои таърихи бою рангин мебошад. Ёдгориҳои таърихиву мавзеъҳои зебо, куҳҳои сарбаланду чашмаҳои мусаффо, дашту дамани фаррох диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад. 

Бояд гуфт, мардуми фарҳангдӯсти ноҳияи Лахш ба дастгирӣ аз «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, ба ҳунарҳои мардумӣ бештар аз пештар аҳамият дода истодаанд. Масалан, коргоҳи дӯзандагии «Сумая» дар истеҳсоли маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии ҳунару фарҳанг саҳми назаррас дорад. Инчунин, ҳунармандоне ба рушди додани ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардидаанд, ки аллакай дар ҳудуди ноҳия ва берун аз он шинохта шудаанд. Ба таври мисол, Садирова Топчигул аз ҷамоати деҳоти Қашот, ки барои иштирок дар озмуну чорабиниҳои марбут ба ҳунарҳои мардумӣ борҳо бо сертификату дипломҳо сарафроз гардидааст.

Таваҷҷуҳ ба ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ хеле зиёд буда, ҳам дар осорхонаи маркази ноҳия ва ҳам дар осорхонаи ҷамоати деҳоти Лахш намунаҳои беҳтарини бозёфтҳо ва ҳунарҳои мардумӣ гирдоварӣ карда шудаанд.

Ҳунармандони ноҳия бо шукргузорӣ аз вазъияти амну осоишта ва бо арзи миннатдорӣ ба роҳбарияти он барои фароҳам овардани шароитҳои мусоиди фаъолият ҳарчи бештар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки сайёҳӣ рушд ёбад ва сайёҳону меҳмонон аз ноҳияи Лахш бо худ таассуроти хуш бубаранд.

Дар навбати худ, раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб мегӯяд: «Итминони комил дорам, ки дар партави дастуру супоришҳо, дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Лахш рӯз то рӯз боз ҳам рушд хоҳанд кард ва мо метавонем барои мардуми ин гӯшаи зебои ватан зиндагии шоистаро таъмин кунем. Ҷиҳати амалӣ гардидани ин ниятҳои нек заҳмати сокинони маҳал, таҷрибаву дониши мутахассисон ва дастгирии соҳибкорони бонангу ори диёр ҳис карда мешавад».

 

«САМАК»

Хонданд 271
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.