.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Амният

Шумо дар Амният

Кӯдаконе, ки аз Сурия бармегарданд, ба чӣ ниёз доранд?

Июл 30, 2018 Хонданд: 333
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Моҳи апрел чаҳор кӯдаки тоҷик, ки ҳамроҳи хонаводаашон дар чанд соли пеш ба "Давлати исломӣ" пайваста, даҳшати ҷанги Сурияро дидаанд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Хабари баргардондани чаҳор кӯдак умеди аксар хонаводаҳоро бештар кардааст

, ки аз фарзандони кушташуда ва бенишонашон нишоне пайдо созанд ва тақозо доранд, ки мақомот фарзандони онҳоро баргардонад, ҳарчанд бештари онҳо бенишон ҳастанд.

 

Ашӯрмо Саидалиева, зане аз деҳаи Фермаи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод гуфт, ки хушҳол шудааст: "Бисёр хушҳол шудам, ки гуфтанд чанд кӯдакро овардаанд. Кош кӯдакони моро низ биёранд, хонаашонро соҳиб шаванд. Онҳо нишоне аз бародарам ҳастанд, ки мунтазирашон ҳастем ва умед мекунем, ки мақомот онҳоро биёрад".

Маҳмадшариф Сайдалиев 30 сол дошт, ки соли 2014 зану се фарзандашро ба Сурия бурд. Баъди қатли ӯ фарзанди чаҳорумаш дар Сурия таваллуд шуд, ки ҳамсараш боз шавҳар кард.

Ашӯрмо Саидалиева мегӯяд, ки келинашон ба хонаи падар як моҳи пеш дар бораи зинда будани худ ва кӯдаконаш хабар додааст, вале суроғаро барои онҳо нагуфтааст.

Тибқи гузоришҳои расмӣ, чаҳор кӯдаки тоҷикро баъди ҳукми додгоҳ ва пардохти ҷарима 25-уми апрел ба Тоҷикистон оварданд. Онҳо аз Сурия фирор карда, дар паноҳгоҳҳои Ироқ будаанд ва гуфта мешавад, ки чанд кӯдаки дигари тоҷик бояд баргардонида шаванд. 

Олимурод Абдураҳмонов, марди бознишастаи деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба зинда будани ду писар ва як келинаш бовар надорад, вале орзу мекунад, ки рӯзе мақомот аз зинда будани се наберааш хабар медиҳад.

Шариф Шербеков, марди дигар аз деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён мегӯяд, шояд се фарзанд ва ду келинаш дар Сурия кушта шудаанд, вале ба марги кӯдакон бовар надорад. Баъди баргаштани чаҳор кӯдаки тоҷик, ки аввал дар Сурия будаанд ва аз Ироқ баргардонида шудаанд, умеде барои хонаводаҳои тоҷик шудааст, ки рӯзе нишоне аз фарзандони бенишонашон пайдо шавад.

Маҳмудраҳим Шоев, сокини ноҳияи Ҳисор аз бобоҳои хушбахт аст, ки баъди марги писар, келин ва се набераи дигараш Марями 10-сола, нишоне аз фарзанди "ҷиҳод"-ияш дар Сурия аст. Шоев зимни суҳбат гуфт, ки наберааш ҳоло ба зиндагии ором одат мекунад ва аз пайи таҳсил ва шинохтани ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ аст: "Шукр мекунам, ки набераам ба ман баргардонида шуд, хело хушбахтам. Марям даҳшати ҷангу кушта шудани падару модарашро нақл мекунад, вале талош дорам, ки ҳуҷҷатҳояшро дуруст карда, ӯро ба мактаб барам".

Захми пои Марям Шоева, ки дар чанд моҳи пеш дар Сурия бардоштааст, шояд фаромӯш шуда бошад, вале даҳшати таркишу кушта шудани падару модар ва бародару хоҳарашро гоҳ-гоҳе ба бобояш нақл мекунад.

Чандин хонавода дар ҷануби Тоҷикистон баъди баргардонидани Марям, як сокини Ҳисор хушҳол шудаанд, ки рӯзе кӯдаконашонро, ки чанд соли пеш бурда шудаанд ё онҷо таваллуд кардаанд, ба оғӯш мегиранд.

Дар соли 2015, ки мақомоти Тоҷикистон бар зидди ифротгароӣ ва гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи террористӣ, хусусан сафари онҳо ба Сурия мубориза мебурд, мақомоти интизомии вилояти Хатлон гуфта буданд, ки 30 кӯдак аз ин вилоят ба "Давлати исломӣ" пайваста, дар Сурия қарор доранд, вале ин рақам шояд бо таваллуди чанд кӯдаки дигари тоҷик бештар шуда бошад. 

Сарвиноз Сайдалиева, зане аз ноҳияи Кушониён дар Сурия таваллуд кард. Яъне моҳи майи соли 2016 кӯдаки тоҷикро зери парчами сиёҳи ДИИШ ба дунё овард.

Дар ҳоле, ки баргардонидани кӯдакони тоҷик аз Сурия ба миён омадааст, ташвиши таҳлилгарон дигар аст, ки баъди бозгашт бояд бо онҳо ҷиддӣ кор кунанд.

Саидҷаъфар Сафарзода, таҳлилгар дар Хатлон мегӯяд, ки бояд баъди бозгашт бо кӯдаконе, ки чанд соли ахир шоҳиди ҷанги Сурия будаанд ва онҷо бузург шудаанд, ҷиддӣ кор кард ва шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро муҳайё намуд: "Дар Конистутсия уҳдадорие бар дӯши давлат аст, ки нисбат ба ҳар шаҳрванд ва модару кӯдак ғамхорӣ зоҳир кунад. Баргардонидани кӯдакон аз кишварҳои ҷангзада як уҳдадорӣ аст. Эҳтимол кӯдакон дар онҷо мағзшӯӣ шуда бошанд, вале баъди бозгашт бояд зери назорат бошанд. Шароити хуберо барои онҳо, мисли ҷалб кардан ба таҳсил дар мактабҳои замонавӣ ва ройгон фароҳам бояд кард. Вақте кӯдак дар як муҳити солим зиндагӣ мекунад, ба ӯ таъсир мекунад. Барои онҳо як муҳити хуберо бояд фароҳам биёрем".

Бархӯрд бо кӯдаконе, ки аз Сурия баргаштаанд, чӣ гуна бояд бошад? Сокинон бим доранд, ки кӯдакони бозгашта аз Сурия ба кӯдакони дигар таъсиргузор ҳастанд ва бояд зери назорат қарор бигиранд. Назурулло, як сокини водии Вахш мегӯяд, ки кӯдаке, ки дар шоҳиди ҷанги Сурия будааст ва ё дар ҳамон муҳит ба дунё омадааст, бояд зери назорат қарор бигирад: "Намехоҳам, ки кӯдаки ман ё кӯдаке аз наздикони ман бо кӯдакони баргашта робита барқарор кунад. Барои як муддат бояд онҳо аввал ба муҳити бидуни ҷангу қатл одат кунанд, даҳшати ҷангро фаромӯш созанд, баъдан ба кӯдакони мо наздик шаванд".

Дар ҳамин ҳол, Аҳмади Иброҳим, коршинос дар Хатлон мегӯяд: “Кӯдаконе, ки то синни 18-сола ҳастанд, метавонанд баъди бозгашт мафкураи худро тағйир диҳанд. Албатта, бояд шароити хуберо фароҳам кард ва барои кишвар хидмат хоҳанд кард. Фикр намекунам, ки ҳамаи кӯдакон аз даст рафтаанд. Яъне ҳамаи онҳо он муҳитро намехоҳанд, ҳатман орзу мекунанд, ки онҳоро баргадонем ва зери назорат қарор диҳем".

Боймурод Шоназаров, як равоншинос дар Хатлон мегӯяд, вақте як кӯдак дар муҳити ҷангии мисли Сурия таваллуд мешавад, ба ҳолати равонияш таъсир мегузорад ва бояд дар назорати равоншинос бошад: "Соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки таъсираш ба мардум расид. Кӯдакҳо осебпазир ҳастанд, бояд бо онҳо кор кард ва аз лиҳози равонӣ ба онҳо кӯмак расонд. Баъди бозгашт ба мактаб ва муҳити хонавода таъсири бад аз миён меравад. Ба лаҳҷаи мардумӣ "гови ало" шудаанд, ки психологҳо ба онҳо бояд кӯмак расонанд".

Коршиносон мегӯянд, ки баъди баргардонидани кӯдакон бояд барои онҳо шароити хуберо фароҳам овард ва дар назорати равоншиносон гузошт, вале як созмони ҷаъмиятӣ, ки бо равоншиносон кор мекунад, гуфт, онҳо дар Хатлон аз набуди равоншиносони таҷрибадор, хусусан дар миёни ноболиғон мушкилӣ доранд.

Ин дар ҳолест, ки хонаводаи аксар ҷавононе, ки дар Сурия кушта шудаанд ё аз онҳо нишоне нест, мегӯянд дар Тоҷикистон дар ҳолати бади равонӣ қарор доштаанд.

Дар аввали соли 2018 мақомоти Тоҷикистон дар як гузоришаш ба Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд, ки зиёда аз 200 навраси тоҷик, 91 духтар ва 115 писар дар Сурияву Ироқ қарор доштаанд. Шумораи умумии сокинони кишвар, ки ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд, беш аз 1000 нафар гуфта мешавад.

 

Ясриби ХАТЛОНӢ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 333
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.