.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Панҷшанбе, 11 Октябр 2018 - || ФАРАЖ

Чанде қабл ширкати Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ Tcell Games – бозиҳои фикрии маҷозиро роҳандозӣ кард, ки дар он ҳар корбари шабакаи иҷтимоӣ имкони ширкат ва пирӯз шуданро дорад. Тайи 3 ҳафта, ки бозиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома доранд, беш аз 100 нафар соҳиби тӯҳфаҳо аз Tcell шудаанд.

Дар солҳои ахир ҳар амали инсонҳоро метавон бо аналоги диҷитолӣ пайдо кард. Ҳатто бозиҳои шоҳмот, шашка, тениси рӯйи миз ва ғайраро ба таври маҷозӣ баргузор кардан мумкин аст. Рақиб дар як гӯшаи дунё ва шумо дар кунҷи дигар тавассути интернет ташкил ва баргузории бозиҳо мумкин аст. Ширкати Tcell ҳамчун муассисаи иноватсионӣ ҳамеша дар кору фаъолияти худ дастовардҳои ҷадиди технологӣ ва иноватсиониро ворид сохта, барои боз ҳам тақвияти иртибот бо муштариёнаш аз ин шева кор мегирад.  

Яке аз чунин тасмимҳои ахири ширкат роҳандозии Tcell Games аст, ки тавассути он муштариён ҳам вақти худро хуш мегузаронанд, тафреҳ мекунанд ва ба ғайр аз туҳфаҳо дар бахшҳои гуногун дониши нав, фаҳмиши нав пайдо менамоянд.  

Корбарони шабакаҳои Facebook, VK ва Одноклассники ҳоло роҳат метавонанд аз ин бозиҳо истифода баранд. Мушаххасот (профайл)-и корбар ба таври автоматикӣ аз тарафи система сабт шуда, ба пойгоҳи маълумоти бозигарон ворид мегардад.

Бозӣ аз 2 қисм иборат аст: Trivia – матни фикрӣ ва Puzzles – омехта ва саргармкунанда.

Tcell Trivia – ин матни вижаест, ки дар он донишу фаҳмиши худро дар мавриди муҳити атроф (ҷаҳон) санҷидан мумкин аст. Зимни он бо система рақобат кардан, даъвати дӯстон ба бозӣ ва ё муқобили дӯстон сабқат карда метавонед. Суолҳо бар пояи бахшҳои мухталиф: Ҷуғрофия, Варзиш, Таърих, Тоҷикистон, Фарҳанг, Мусиқӣ, Синамо, Тамаддун ва ғайра тартиб дода шудаанд. 

«Агар Шумо мехоҳед вақтатонро шавқовар ва ба нафъи худатон пушти сар кунед, посухи викторинаҳои телевизиониро медонед, дар ҷои зарурӣ аз иқтибосу гуфтаҳои шахсиятҳои бузурги таърихӣ ёдоварӣ кардан мехоҳед, аз олами мусиқӣ бохабар ҳастед, бе мушкилӣ пойтахти Уругвай ва ё Камерунро медонед, аниқ ин ҷо барои шумост”,- мегӯянд дар ширкати Tcel дар бораи ин бозиҳоl.

Ба суолҳои бозии Tcell Trivia посухи дуруст дода ва қисмати “омехта”-и бозии Tcell Puzzles-ро ҳал карда, бозигар соҳиби имтиёз (хол)-ҳо мешавад. Имтиёзҳоро ба туҳфаҳо: Бастаҳои МБ интернет-трафик, Бастаи дақиқаҳо дар Тоҷикистон ва футболкаву кулоҳи рамздор иваз кардан мумкин аст. 

Дар 3 ҳафтаи ахир, ки бозиҳо роҳандозӣ шудаанд, беш аз 100 корбар соҳиби туҳфа гардидаанд: 25 бастаи Интернет, 30 бастаи дақиқаҳо, зиёда аз 300 футболка ва кулоҳ! Дар шабакаи Facebook 4300 бозӣ сурат гирифта, 2200 паззл ҷамъ шудааст, дар VK – 480 бозӣ ва 220 паззл, инчунин дар Одноклассниках – 950 бозӣ ва370 паззл ҷамъоварӣ гардидааст.  

Шумо дар Хабари-рӯз

Маҳфили навбатии  журналистикаи иқтисодии “Тавозун” ба мавзӯи “Марҳилаи якуми ташаккулёбии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” бахшида шудааст, ки феълан дар толори Маркази тадқиқоти стратегии  назди президенти ҶТ идома дорад.

Дастандаркорони мизи гирд ҳадаф аз баргузории маҳфилро бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар ба роҳ мондани муҳокимаи фаъоли бюҷети миёнамуҳлати давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими молиявии амалигардонии сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат арзёбӣ мекунанд.

Коршиносони маҳаллӣ оид ба банақшагирии стратегӣ Лола Қудусова ва идораи молияи давлатӣ Абдураҳмон Наҷмиддинов, Соҳибсултон Нағзибекова аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мутахассиси Сарраёсати бюҷетикунонии Вазорати молияи Тоҷикистон Абубакр Назаров дар мизи гирд иштирок намуда, ба суолҳои рӯзноманигорон ҷавоб хоҳанд дод.

Дар ҷамъомад намояндагони Маркази тадқиқоти стратегӣ, роҳбарони қисматҳои барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ”, таҳлилгарон, коршиносони соҳаи молияву иқтисод, роҳбарони ВАО-и давлатӣ ва мустақил ширкат доранд ва ҳамчунин иштироки намояндагони Парламенти кишвар дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Тавозун” бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” бо маблағузории Вазорати Рушби байналмилалии Британияи Кабир (DFID)ва дастгирии Институти “Ҷамъияти Кушода”-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Эмомалӣ Раҳмон барои аъзои дастаи мунтахаби наврасони футболбози кишвар, ки дар Чемпионати Осиё-2018 медали нуқра ба даст оварданд, аз фонди захиравии хад 660 ҳазор сомонӣ тақдим кард.

Имрӯз ЭмомалӣРаҳмон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16-соларо бо нишони қадршиносӣба ҳузур пазируфт.

Ин 33 нафаре, ки дар Чемпионати Осиё шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карданд, ба Чемпионати ҷаҳон-2019 роҳхат гирифтанд. Барои чунин корнамоӣ аз тарафи президент ҳар кадоме бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Президент ба наврасон гуфт, ки соли оянда низ миллат аз онҳо қаҳрамониро дар Чемпионати ҷаҳонӣ дар Перу интизор аст.

Шумо дар Хабари-рӯз

15 октябр дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад. Аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе масъулин  вазифадор гардидаанд, ки иҷрои  саривақтии   нақшаи   чорабиниҳои  мазкурро дар пойтахт таъмин намоянд.

Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дорад, ки аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад. Ин ид дар қатори Садаю Наврӯз дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии  аҷдодонамон аз ҳалқаҳоест, ки онро кишоварзон дар ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамуданд.

Иди Меҳргон ба монанди иди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои он зинаи инкишофи тамаддуни башарист, ки кулли инсоният онро дар давраҳои гуногун тай намудааст. Аз ин лиҳоз, бисёре аз суннатҳои ин идҳоро одамон  бо ҳусни тафоҳум қабул доранд ва онро ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ меҳисобанд.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои омодагӣ ва таҷлили иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст.

 

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.