.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 15 Октябр 2018 - || ФАРАЖ

Бо ташаббуси ташкилоти Internews дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯзаи омӯзиши фактчекинг оғоз гардид. Дар ин бора масъули Intermews Рустам Гулов ба мо иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар ин тренинг зиёда аз 15 нафар рӯзноманигор аз минтақаҳо ва расонаҳои гуногуни кишвар даъват шудаанд.

Фактчекинг - далелсанҷӣ раванд ва жанри нав дар Тоҷикистон буда, омӯзиши он дар байни журналистон низ нав мебошад.

Дар тренинги мазкур рӯзноманигор Иззатманд Саломов ва блогер Рустам Гулов ба ширкаткунандагон доир ба фактчекинг маълумот медиҳанд.

Гуфта шуд, ки дар доираи ин барнома пойгоҳи нави далелсанҷӣ бо номи faktcheck.tj таъсис дода шудааст.

Хуршед Фозилов

Шумо дар Хабари-рӯз

Тирандози навраси тоҷик Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки  дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина идома дорад, медали нуқра ба даст овард. Бежан Файзуллоев ин медалро 12 октябр дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр, дар ҳайати дастаи омехта, ҳамроҳ бо варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер ба даст овард.

Ду рӯз пеш аз ин, медали нахустинро бо ишѓоли ҷойи сеюм Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои дастаӣ дар ҳайати тими омехта бо номи “Рио-де-Жанейро” ҳамроҳ бо якнафарӣ варзишгарон аз Косово, Туркманистон, Алҷазоир, Словения, Қирғизистон, Русия ва Бурунди ба даст оварда буд.

Ин комёбии тирандози навраси тоҷикро метавон таърихӣ унвон кард, зеро дар ин намуди варзиш дастоварди назаррасро намояндагони кишвари мо то ҳанӯз ба даст наоварда буданд.

Чунин дастоварди бузургро ба Бежан Файзуллоев табрик мегӯем!

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар 9 моҳи соли 2018 дар вилояти Хатлон 56 адад корхона ва коргоҳи нави саноатӣ  бо таъсиси 874 ҷойи кори доимӣ ташкил карда шудааст.

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар вилоят дар 9 моҳи соли ҷорӣ 160 адад бинову иншоот, аз ҷумла, 11 муассисаи таълимӣ бо 2604 ҷойи нишаст, 1 неругоҳи барқии обӣ, 77 маркази савдо ва дуконҳои тиҷоратӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ, 13 майдончаи варзишӣ, 1280 адад хонаи истиқоматӣ  сохта ба истифода дода шудаанд.

Инчунин, дар вилояти Хатлон 31485 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки ин гувоҳи рушди соҳаҳои вилоят ва саҳми соҳибкорон дар бунёди корхонаву иншоотҳои саноатӣ  мебошад.

Ҳамзамон, 245 маротиба намоиши ҷойҳои холии корӣ  гузаронида шудааст, ки дар натиҷа наздики 2500 нафар шаҳрванд ба худ ҷойи кори доимӣ  пайдо кардаанд. Дар умум, 5300 нафар бо шуғли гуногун фаро гирифта шудаанд.

Шумо дар Хабари-рӯз
Душанбе, 15 Октябр 2018 11:22

Сафи прапоршикҳои КДАМ меафзояд

Ба зиёда аз 65 нафар хамткунандаи курсҳои махсуси маркази таълимии «Пойтахт»-и Қушунҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шаҳодатномаи прапоршикӣ супорида шуд.

Дар чорабинии тантанавие, ки охири ҳафтаи гузашта ба ин муносибат баргузор гардид, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковник Мирзоев Б., сардори Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ полковник Мирзозода А., намояндагони Хадамоти сарҳадии Федератсия Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва падарону модарони сарбозон иштирок доштанд.

Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хатмкунандагонро  барои гирифтани рутбаи прапоршикӣ табрик гуфта, афзуд, ки сол то сол сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва шароити иҷтимоии хизматчиёни низомӣ беҳтар шуда истодааст.

-Таъмиру навсозии Маркази таълимии «Пойтахт» далели равшани ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва таҳкими низоми ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад,-иброз дошт Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Ҳамчунин, ҳайати шахсии маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд ва аз ҷониби хатмкунандагон намудҳои машқҳои тан ба тан намоиш дода шуд.

Гуфта шуд, ки хамткунандагони курсҳои прапоршики ҳамчун мутахассисони хурди соҳаи сарҳадӣ барои давом додани хизмати ҳарбӣ ба тамоми ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ сафарбар карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази таълимии «Пойтахт» пойгоҳи асосии таълимию бозомӯзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва то имрӯз дар он шумораи зиёди сарбозони навдаъват, мутахассисони ҳарбии махсус, аз қабили минаҷӯён, алоқачиён, кинологҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо ва тирандозон ба бозомӯзию таълим фаро гирифта шудаанд.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 3

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.