.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Чоршанбе, 17 Октябр 2018 - || ФАРАЖ

ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар давоми 9 моҳи соли равон 300 адад трансформатор истеҳсол кардаст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 100 адад зиёд аст.

Директори ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар Назаралӣ Давлатшоев иттилоъ дод, ки маблағи истеҳсоли трансформатор  дар ин давра беш аз 12 милиону 667 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 496 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Манбаъ гуфт, харидори асосии ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар ширкати “Барқи тоҷик” мебошад, ки тибқи нақша бояд то охири сол боз 180 трансформатори дигар истеҳсол кунем.

Зикр шуд, ки  70 дарсади ашёи хом барои истеҳсолоти трансформатор аз давлати Русия  харидорӣ мешаваад. Қисмате аз ашёҳои дигар аз Ҷумҳурии Узбекистон ва Чин оварда мешаванд.

Қайд гардид, ки нархи трансформаторҳои истеҳсолнамудаи  ҶСК «Трансформатор»-и  шаҳри Бохтари вилояти Хатлон нисбати трансформаторҳои истеҳсолнамудаи дигар давлатҳо аз 5 то 7 дарсад арзонтар мебошад.

Назаралӣ Давлатшоев афзуд, ки бо ширкати «Лумини» (Чин) барои воридсозии таҷҳизоти муосир шартнома бастаанд ва баъди насби ин таҷҳизот истеҳсоли трансформаторҳо зиёд шуда, ният доранд, давлатҳои ҳамсоя - Афғонистону Узбекистонро бо трансформатор таъмин созанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Шумо дар Хабари-рӯз

Ҷасади як корманди мақомоти амниятии Қазоқистон дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Остона пайдо шуд. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати корҳои дохилии Қазоқистон 16-уми октябр хабар дод.

Ба иттилои маркази матбуотӣ, ҷасади ин мард “бе нишонаҳои марги маҷбурӣ” пайдо шудааст. “Иттилои дигар расонаӣ карда намешавад”, - омадааст дар хабари ВКД.

Бархе аз расонаҳо менависанд, ҷасади мард бо коғазширеш (скотч) печонида шуда буд.

Мақомоти амниятии Қазоқистон дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз хабаре нашр накардаанд.

Шумо дар Хабари-рӯз
Чоршанбе, 17 Октябр 2018 09:51

Як коса шӯрбо чанд пул?

Дар натиҷаи як таҳқиқоти анҷомдодаи мутахассисони Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ арзиши як коса шӯрбо дар кишварҳои гуногун муайян ва барори ба даст овардан он чӣ миқдор даромади худро ба он сарф кардани одамон низ маълум карда шудааст.

ИА “АП” дар робита ба ин таҳқиқот менависад, ки барои мисол дар штати осудаву некӯаҳволи Ню-Йорк барои тайёр кардани як коса шӯрбо сокини маҳаллӣ ним фоизи даромади миёнаи якрӯзаи худро харҷ мекунад.

Дар Судони Ҷанубӣ ин таносуб сесад маротиба бештар будаааст – сокини ин кишвар барои харидани маҳсулот ва тайёр кардани чунин хӯрок бояд ду рӯз кор кунад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки ба сокини Тоҷикистон барои омода кардани як коса ин навъи хӯрок харҷи 9 дарсади даромади якрӯза ва дар Қирғизистон – 10,4 дарсади он лозим меояд. Ин рақам дар Колумбия 2%, Миср 2,7%, Эрон 3%, Арманистон 3,4%, Ҳиндустон 3,5%, Қирғизистон 10,4%, Афғонистон 12,9%, Сурия 22,9 дарсадро ташкил мекардааст.

Дар Тоҷикистон ҳадди ақали музди меҳнат ба 400 сомонӣ (42 доллар) ва маоши миёна ба 1 ҳазору 112 сомонӣ (наздики 120 доллар) баробар аст.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар ҷаҳон 821 миллион нафар гуруснагӣ мекашанд. Наздики 155 млн. нафар кӯдак дар саросари ҷаҳон аз лоғарӣ азият кашида, ҳудуди нисфи марги хурдсолон ба гуруснагӣ марбут аст. Дар ин бора Дабири кулии СММ Антониу Гутерриш дар паёми худ ба муносибати Рӯзи ҷаҳониии озуқаворӣ, ки ҳамасола 16-уми октябр таҷлил мегардад, хотиррасон менамояд.

 

Шумо дар Слайд

Бахшида ба рӯзи кинои тоҷик дар кинотеатри «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон филми мустанад аз силсилафилми «Нигини Хатлон» бо номи «Бохтар: аз бостон то бӯстон» бори аввал ба намоиш гузошта шуд.

Мустанади мазкур аз ҷониби  шуъбаи филмҳои хунарӣ ва техникии Раёсати муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон рӯи навор омада, ба таъриху гузаштаи пуршарафи мардуми тоҷик бахшида шудааст. 

Муаллифи филми «Бохтар: аз бостон то бӯстон» Усмон Билолӣ буда, нақши асосиро дар он ҳунарманди машҳури тоҷик Аловуддин Абдуллоев иҷро мекунад.

Раёсати муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилояти Хатлон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки беҳтарин филмҳои дорои мазмуну муҳтавои баландро наворбардорӣ намуда, пешниҳоди тамошобинон гардонад.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.