.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Душанбе, 08 Октябр 2018 - || ФАРАЖ

Ҳайати парламентии МН таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Қудратов имрӯз, 8-уми октябр, ба шаҳри Анталияи Туркия сафар карданд.

Ҳадаф аз ин сафарро котиботи МН "иштирок дар кори Конфронси сеюми раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё» унвон мекунад, ки бо даъвати раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия И. Қаҳрамон, раиси Думаи Давлатии Федератсияи Руссия В. Володин ва раиси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ Ҷ. Сегюн сурат гирифтааст".

Тибқи иттило, сафари мазкур аз 8 то 12 октябр идома меёбад ва дар доираи Конфронси сеюми раисони парламентҳои кишварҳои Авруосиё Акрамшо Фелалиев бо баъзе аз сарони парламентҳои кишварҳои номбурда мулоқот карда, ҷойҳои таърихии ин кишвари афсонавиро тамошо менамояд. 

Ҳамчунин, Акрамшо Фелалиев дар рӯзи дуюми кори конференсия дар назди ҳозирин баромад хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар конференсияи мазкур намояндагони зиёда аз 40-парламентҳои кишвари калонтарини дунё иштирок менамоянд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Дар ҳоле, ки тамоми Тоҷикистон дар интизори набарди доғистонӣ Ҳабиб Нурмагамедов бо ирландӣ Конор МакГрегор буданд, як варзишгари тоҷик дар намуди самбои размӣ шарафи кишвари моро ҳифз кард.

Муин Ғафуров бо тахаллуси Tajik, ки ду маротиба дар самбои размӣ (WCSF) чемпиони ҷаҳон шудааст, бо мушоияти созмони размии One Championship ҳарифи худ Леандро Иссаро аз Бразилия мағлуб кард. Набарди байни варзишгари тоҷик ва бразилӣ, 6-уми октябр, дар Бангкоки Тайланд баргузор шуд. Ғафуров дар раунди аввал бо як зарбаи дасти рост ҳарифро ба нокаут дучор кард.

Муин Гафуров  ду маротиба чемпиони ҷаҳон дар самбои размӣ (WCSF), чемпиони грэпплинги ҷаҳон (FILA), чемпиони ҷаҳон дар набарди размии омехта (ММА  -WKA), устоди дараҷаи байналхалқии варзиш дар намуди самбои размӣ аст.

Шумо дар Слайд
Душанбе, 08 Октябр 2018 14:56

Дар Тоҷикистон барф рехт

Корбарон дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ бо аксу наворҳо аз рехтани аввалин барф дар навоҳии дурудасти ҳудуди Тоҷикистон хабар доданд.

Агенти обуҳавошиносии Точикистон ҳанӯз охири ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки аз оғози ҳафтаи нав дар ҳудуди кишвар тағйири ҳаво ба амал омада, ҳарорат то 10 дараҷа коҳиш меёбад. Инчунин, гуфта мешуд, ки дар аксари навоҳии кишвар борон ва дар кӯҳдоманҳо барф мерезад.

Имрӯз, 8-уми октябр, корбарони саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ аксу наворҳо аз ноҳияҳои Шаҳристону Панҷакент нашр карданд, ки аз рехтани барфи аввал дарак медод.

Дар акс: Барфи аввал дар ноҳияи Шаҳристон. Акс аз саҳифаи фейсбуки Бобоҷон Худойбердиев

Шумо дар Слайд

Рӯзҳои истироҳат дар ҳудуди кишвар чанд садамаи роҳй нақлиёт ба вуҷуд омадааст, ки боиси захмӣ ва ба ҳалоакат расидани пиёдагардон, мусофирон ва ронандагон шудаанд.

6-уми октябри соли 2018, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Назаралӣ Абдуразоқович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Назаров Комрон Исмоилович, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро пахш намудааст. Дар натиҷа номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 21:50, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра”, рақами транзитиаш В 15-00 Н/07, Муродов Абдуғаффор Наврӯзович, соли таваллудаш 1994, сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Чаноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-312Д”, таҳти идораи ронанда, Қаюмов Қобилҷон Абдуқаюмович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Бобоҷ Ғафуров, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра” ва мусофираш Мусоев Тоҷиддин Муҳиддинович, соли таваллудаш 1980, сокини пойтахт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Нозимов Шукрулло Нуралиевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, Сафаров Аброрхӯҷа Имронхӯҷаевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор ва хурдсол, Мусоев Мустафо Тоҷиддинович, соли таваллудаш 2012, сокини пойтахт, ҳамчунин ронандаи автомашани тамғаи “Мерседес-Бенс 312Д” ва мусофири ӯ Холиқов Икром Абдуғаниевич, соли таваллудаш 2000, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор доранд.

Ба ин монанд, 6-уми октябри соли равон, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу Лабо”, Рофиев Раҳмонҷон Раҳимҷонович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Ғафуров Орифбой Ғафурович, соли таваллудаш 1940, сокини ин ноҳия зер кардааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.