.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Фарҳанг

Донишгоҳи орзуҳо

Дек 01, 2018
Хонданд: 36
Донишгоҳи орзуҳо

Донишгоҳи Славянии Россия - Тоҷикистон нахустин муассисаи олии таълимии муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия  буда, соли 1996 таъсис ёфтааст ва статуси донишгоҳи давлатии ду кишвар - Россия ва Тоҷикистонро дорад. Дар маросими ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон расман иштирок намуда, ифтитоҳи онро як дастоварди бузург номид. Нахустин ректори донишгоҳ номзади илмҳои таърих, дотсент, академики академики илмхои социологи ва сиёсатшиносии  Федератсияи Россия  Саторов Абдуҷаббор Саторович таин шуд. Феълан ректори Донишгоҳи Славянии Россия - Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Салихов Нуралӣ Назарович мебошад. Мавсуф дар ҷашни 20 солагии Донишгоҳ дар соли 2016 бо мукофоти баланди давлатӣ - медали Пушкин мукофотонида шудааст.   

Донишгоҳи мазкур дар тӯли 22 соли фаъолияти худ бо тарбияи мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни ҳаёти халқи Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, дар айни замон  дар 33 кафедраи донишгоҳ 237 нафар омӯзгорони штатӣ ва 45 нафар омӯзгорони беруна фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 41 нафарашон докторони илм, 129 нафарашон номзади илм, 53 нафар дорои унвони дотсент, 17 нафар профессорон, 5 узви пайваста ва узви вобастаи Академияиҳои илми гуногуни ФР, 3 академики АИ ҶТ, 5 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Саҳми устодони дорои унвонҳои илмӣ 61,8%-ро ташкил медиҳад. Миқдори донишҷӯён 6646 нафарро ташкил медиҳад, ки 4425 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 2222 нафар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Аз ин шумора 3856 нафар донишҷӯён ба таври шартномавӣ ва 2790 нафар ба таври буҷавӣ таҳсил мекунанд. 

Моҳи майи соли равон Донишгоҳ соҳиби Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ дар ҳама самтҳои маълумоти олӣ (бакалавриат, мутахассис, магистратура, омодасозии кадрҳои дараҷаи олӣ) ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ оид ба ҳамаи зинаҳои маълумоти умумӣ (ибтидоӣ, асосӣ ва миёна) гардид. 

 

Факултетҳо ва кафедраҳо

Дар Донишгоҳи славянии Россия –Тоҷикистон 6 факултет ва 33 кафедра амал мекунад:

Факултети таърих ва муносибатҳои байналхалқӣ

Факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ 

Факултети филологияи рус, журналистика ва медиатехнология

Факултети иқтисодӣ

Факултети ҳуқуқшиносӣ

Факультети забонҳои хориҷӣ

Факултети  «Таърих ва муносибатҳои байналхалқӣ» 7 кафедраи махсусгардонидашудаи зеринро дорост: - «Таърихи ватанӣ»; «Таърихи умумӣ»; «Муносибатҳои байналхалқӣ ва дипломатия»; «Фалсафа ва сиёсатшиносӣ»; «Фарҳангшиносӣ»; «Забони англисӣ»; «Педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълим».

Факултети «Идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ» соли 2015 таъсис ёфта  4 кафедраро дар бар мегирад: «Менеҷмент ва туризм»; «Информатика ва системахои итилооти»; «Математика» ва «Илмҳои табиӣ-гуманитарӣ». Шумораи донишҷӯёни факултети мазкур дар шӯъбаи рӯзона 677 нафар ва дар шӯъбаи ғоибона – 312 нафарро ташкил медиҳанд. Донишҷӯёни факултети мазкур ҳамеша дар олимпиадаи Cisco-ва озмунҳои марбут ба самти инноватсия ва технология иштирок намуда, ғолиб меоянд. Хатмкунандагони факултети «Идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ»  дар бозори меҳнат талабгорони зиёд доранд ва муҳасилин хатто аз курсҳои 3 ва 4 ба кор ҷалб карда мешаванд. 

Дар базаи «Факултети филологияи рус, журналистика ва медиатехнология» кафедарҳои зерин амал мекунанд:  - Кафедраи забони англисӣ (байнифакултавӣ); Кафедраи филологияи англисӣ; Кафедраи забонҳои романӣ-олмонӣ; Кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ; Кафедраи журналистикаи ватанӣ ва байналхалқӣ; Кафедраи адабиёти ҷаҳон; Кафедраи матбуоти чопӣ ва PR; Кафедраи забони русӣ;

Кафедраи забони тоҷикӣ; Кафедраи забонҳои шарқ; Кафедраи забоншиносии назариявӣ ва амалӣ. 

Кафедраҳои «Ҳисобот, таҳлил ва аудит», «Молия ва кредит», «Назарияи Иқтисодӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ», «Иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ» ба факултети иқтисодӣ шомиланд.

Факултети ҳуқуқшиносӣ бошад, 6 кафедраро дар бар мегирад: - «кафедраи низоми давлатӣ ва ҳуқуқ», «ҳуқуқи шаҳрвандӣ», «ҳуқуқи байналхалқӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ», «ҳуқуқи соҳибкорӣ», «ҳуқуқи ҷиноӣ», «мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистика».

Вобаста ба гузариш ба низоми кредитӣ-рейтингии таълим, дар донишгоҳ технологияҳои нави таълимӣ ворид гардидааст. Бо қарори роҳбарияти ДСРТ имтиҳонҳо ба таври тестӣ, аз ҷумла, дар реҷаи онлайн тестгирӣ қабул карда мешаванд. 

 

Фаъолияти илмӣ- тадқиқотӣ

Дар донишгоҳ ҳайати устодон ва профессорон аз рӯйи як қатор самтҳо: филология, рӯзноманигорӣ, фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносӣ, фалсафа, равоншиносӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, таърихи Тоҷикистон ва Россия,технологияҳои иттилоотӣ, инчунин илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, аз қабили: риёзиёт, физика, биология, химия фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд. Дар соли 2018 ҳамчун адабиёти илмӣ ва таълимӣ 396  мақолаҳои илмӣ, 18 монография, 6 китоби дарсӣ, 17 китобҳои  ёрирасон, 16 дастурамалҳои таълимӣ – методӣ, 7 тавсияномаи методӣ, 6 курси лексияҳо, 12 маҷмӯаҳо, 4  луғатнома, 1 маҷмӯи масъалаҳо, 4 маҷмӯаи масъалаҳои тестӣ, 4 хрестоматия чоп карда шуданд. 4 шумораи маҷаллаи «Вестник университета» дар соли 2018 чоп карда шуд. Дар Донишгоҳ дар назди ҳар як факултет ташкилоти илмии донишҷӯён, ҳамчун клуби «Дипломати ҷавон», ташкилоти илмӣ-эҷодии «Адиби ҷавон», гурӯҳи «Корвони маданият», «Фалсафа, сотсиология, сиёсатшиносӣ», маркази донишҷӯии «Коркарди баномаҳо ва лоиҳакашии низоми иттилоотӣ» ва ғайра амал мекунанд. 

Аз моҳи сентябри соли 2017 то июли соли 2018 ҳайати профессорон ва муаллимони донишгоҳ дар 64 конференсияҳои байналхалқӣ ва 34 ҷумҳуриявӣ, 4 миззи мудаввари байналхалқӣ ва 3 семинарҳои байналхалқӣ иштирок ва баромад карданд.  

Донишҷӯёни ДСРТ  10 марти соли равон дар олимпиадаи «Кубоки АИ ҶТ» иштирок карда,  дар соҳаи «Технологияи иттилоотӣ» ҷои якум, дар самти «Сиёсатшиносӣ» ҷои 2-юм ва дар сомти  «Иқтисод», «Ҳуқуқ»  ва  фанни «Химия» ҷои сеюмро ба даст оварданд. 

                     

Раёсати таълимию методӣ

Раёсати таълимию методӣ яке аз зерсохторҳи пешрави муассисаи байнидавлатии маълумоти олии Донишгоҳи славянии Россия - Тоҷикистон дар низоми идоракунӣ ва координатсияи ҷараёни таълим ба ҳисоб меравад.  Барои иҷрои вазифаҳои ба зимаи Раёсати таълимию методӣ гузошташуда дар таркиби он шӯбаҳои таълим, ташкили дарсҳои амалӣ ва ба кор таъминкунии хатмкунандагон, шӯъбаи литсензиякунонӣ, аккредитатсия, мониторинг, аттестатсияи маълумот ва магистратура, шӯъба оид ба технологияи инноватсионӣ ташкил шудаанд. 

Дар Донишгоҳи славянии  Россия-Тоҷикистон аз соли 2011 шӯъбаи магистратура фаъолият мекунад. То соли 2013 магистратура танҳо дар шӯъбаи рӯзона мавҷуд буд ва аз соли 2013 тайёр намудани магистрҳо дар шӯъбаи ғоибона низ ба роҳ монда шуда, дар айни замон 766 нафар аз рӯи 22 барнома ва 11 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таҳсили магистрҳо дар Донишгоҳ мувофиқи маълумотҳои федералии маълумоти олӣ татбиқ карда шуда, тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин идома дорад: - 46.06.01 – Таърих ва бостоншиносӣ; 07.00.02 - таърихи ватанӣ; 38.06.01– Иқтисодиёт; 08.00.05 - назарияи иқтисодӣ; 42.06.01 - Васоити ахбори омма ва кори иттилоотӣ- китобдорӣ; 10.01.10 - журналистика; 45.06.01 - Забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ; 10.02.20 - забоншиносии қиёсӣ-таърихӣ, типологӣ ва муқоисавӣ.

 Дар  донишгоҳ шӯрои дисертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ оид ба профилҳои рӯзноманигорӣ, таърихи қиёсӣ, забоншиносии типологӣ ва муқоисавӣ ва 2 шӯрои дисертатсионии муштарак оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ оид ба ихтисос, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодиёт ва идоранамоии хоҷагиҳои халқ фаъолият мекунад.

 

Институти такмили ихтисос

Дар сохтори Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон аз соли 2007 Институти такмили ихтисос амал мекунад ва бо мақсади  расонидани кӯмаки методӣ ба омӯзгорони забон ва адабиёти  рус, ки дар мактабҳои русӣ ва тоҷикӣ кор мекунанд, ташкил шудааст. Дар давоми фаъолияти институт зиёда аз 1100 нафар омӯзгорони забон ва адабиёти рус ихтисоси худро боло бардошта, ҳуҷҷати заруриро ба даст оварданд. Омӯзгорони Институти такмили ихтисос курси такмили ихтисосро на танҳо дар Душанбе, балки бо ташкили курсҳои сайёр дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ, Норак баргузор намуда, дар минтақаҳо низ ба омӯзгорон кӯмак карданд.  

Фаъолияти донишкадаи мазкур дар болоравии сатҳи забондонии устодон ва мустаҳкам намудани мавқеи забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистион хеле баланд аст.

Дар доираи Барномаи рушд дар донишгоҳ, инчунин Маркази забон ва маданияти рус, Маркази манбаъҳо оид ба сайёҳӣ ва ғайра ташкил карда шуданд. Аз соли 2016 парки технологии донишгоҳ ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар базаи он лоиҳаи электронии ректорати ДСРТ татбиқ мешавад  

 

Таҳсилоти фосилавӣ

Дар донишгоҳ таҳсилоти фосилавӣ - тарзи  амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ буда, таълимро дар фосила, бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад. Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибона ва ҳам рӯзонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст. Фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводи таълимӣ на соҳибихтиёрона, балки пайваста бо муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) аз худ мешавад. Шарти асосии ворид шудан ба система мушаххас намудани рамз ва логини ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавон аз имконоти мавҷуда ба таври шаффоф истифода намуд.

     

Лабораторияҳо

Дар рафти тамошои синфхонаҳо ва лабораторияҳо моро шароити комилан муҷаҳҳазгардонидашудаи кабинетҳои фаннӣ ва лабараторияҳо дар ҳайрат гузошт, ки то ба имрӯз дар дигар ҷой дучор наомада будем. Бахусус лабараторияи криминалистӣ, ки бо мақсади татбиқи «Барномаи инноватсионии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020  дар назди кафедраи мурофиаи ҷиноӣ ва криминалистика  соли 2016 таъсис  дода шудааст, бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида шуда, бо донишҷӯён имконият медиҳад, ки аллакай дар рафти машғулиятҳои амалӣ бевосита бо дастгоҳҳои муосир ва компютерҳо кор карда, ҳама нозукиҳои касбро аз худ  намоянд. Лабаратоирияҳо аз фанни химия ва физика низ ба назари мо дар ҷумҳурӣ ҳамто надорад. Тамоми синфхонаҳои фаннӣ бо компютерҳо ва тахтаҳои электронии муосир ҷиҳозонида шуда, ба муҳассилин имконият медиҳад, ки дониш ва малакаи худро бе ягон маҳдудият такмил дода, чун мутахассиси хуб ба воя расанд. Шароити китобхона, толори дарстайёркунӣ, толорҳои варзишӣ ва марказҳои омӯзишии донишгоҳ низ дар сатҳ ва дараҷаи баланд қарор доранд, ки аз он кулли донишҷӯён ва устодон ифтихор мекунанд.

 

Фаъолияти байналхалқӣ ва ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ

Донишгоҳ бо зиёда 132 донишгоҳҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои илмӣ таълимии Россия, Белоруссия, Украина, Қазоқистон, литва, Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ҳамкориҳои шарикона дорад. Танҳо дар шаш моҳи соли 2018 21 созишнома бо донишгоҳҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо донишгоҳҳои Словения, Хитой, Белоруссия, Қазоқистон ва Россия ба имзо расонида шудааст. Донишгоҳ  соли 2017 Эъломияи ҳамбастагии донишгоҳҳои Хитой ва кишварҳои Осиёи Миёнаро ба имзо расонд. Ба ҳамбастагии мазкур зиёда аз 50 мактаби олӣ аз Хитой, Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Покистон шомил гардиданд. 

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии ДСРТ қабули шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Дар айни замон миқдори умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ДСРТ таҳсил мекунанд 397 нафарро аз 15 кишвари ҷаҳон ташкил медиҳад. Дар соли таҳсили 2017-2018 дар доираи барномаҳои мубодилаи академӣ 73 нафар донишҷӯён ба донишгоҳҳои хориҷӣ, асосан ба донишгоҳҳои  Хитой -24, Россия -31 ва Қазоқистон фиристода шуданд.

ДСРТ дар якчанд баномаҳо ва лоиҳаҳои маълумоти байналхалқӣ иштирок мекунад, ки ин низ аз мавқеъ ва рейтинги баланди донишгоҳ гувоҳӣ медиҳад:

1.Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид

2. Донишгоҳи созмони ҳамкориҳои Шанхай (ШОС)

3. Лоиҳаи «UNICO» (Иттиҳоди Аврупо)

4. Лоиҳаи «gSmart» (Иттиҳоди Аврупо)

5. Лоиҳаи «CANEMII» (Иттиҳоди Аврупо)

6. Реформаи маълумоти ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Асотсиатсияи амрикоии ҳуқуқшиносон)  

7. Донишгоҳи Тарту (Донишгоҳи Аврупо)

8. Донишгоҳи Залсбург (Донишгоҳи Аврупо)

9.Донишгоҳи техникии Дрезден

10. Донишгоҳи Даугавпилск.

11.Донишгоҳи Лас-Палмас де Гран Канария.

Дар доираи барномаҳои мубодилаи академӣ 48 нафар омӯзгорон ва кормандон ба сафари химатӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ, асосан ба донишгоҳҳои Австрия, Озорбоҷон, Олмон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Хитой, Португалия, Полша, Руссия, Туркманистон, Эстония, Ҷопон фиристода шуданд, ки чунин сатҳи баланди мубодилаи кормандон дар донишгоҳҳои дигар ба чашм намерасад.

 

Хобгоҳ

Донишгоҳ дорои хобгоҳи бо ҳама шароитҳо мувофиқ мебошад, ки соли 2017 ба истифода дода шудаст. Дар хобгоҳи донишгоҳ 210 ҷой мавҷуд аст ва дар ҳар як ошёна ҷой барои омода намудани таом ва шустушӯ ҷудо карда шуда, бо бухориҳои барқӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар айни замон дар хобгоҳ 172 нафар донишҷуён истиқомат мекунанд. Ба ятимони кул хобгоҳ ройгон пешниҳод карда шуда,  инчунин онҳо ҳар моҳ дар баробари идрорпулӣ бо кумаки ҳармоҳа ба андозаи 750 сомонӣ таъмин карда мешаванд. 

 

Дарсҳои таҷрибавӣ ва дараҷаи ба кор таъминшавии хатмкунандагон

Дар Донишгоҳи славянии Россия -Тоҷикистон таълим аз рӯи 16 самти бакалаврӣ, 1 самти спетсиалист (тарҷума ва тарҷумашиносӣ), 11 самти магистратура дар асоси шартномаҳо пеш бурда мешавад. Донишгоҳ бо корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ робита барқарор намуда, намояндагони ташкилотҳо  ва ширкатҳо зуд зуд бо роҳбарони донишгоҳ ва факултетҳо барои гузаронидани сӯҳбат бо хатмкунандагон во мехӯранд. Дар айни замон барои гузаронидани дарсҳои таҷрибаомӯзӣ зиёда аз 100 шартномаи дарозмӯҳлат баста шудааст, ки аз он 46 шартнома бевосита ба масъалаи дар оянда ба кор таъмин намудани хатмкунандагони баландихтисос марбут аст.

  Ба ғайр аз ин Донишгоҳ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои дахлдори он дар масъалаи тақсимоти хаткунандагон бо ихтисосҳои педагогӣ, аз ҷумла филология, таърих, маълумоти педагогӣ (Забони русӣ ва адабиёт), «математика», «биология», «химия») ҳамкории ҷиддӣ дорад ва хамткунандагони ихтисосҳои мазкур дар мактабҳо ба кор гирифта мешаванд. Талабот ба омӯзгороне, ки Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистонро хатм мекунанд дар мактабҳо зиёданд ва хатмкунандагони ихистсоҳое чун «Иқтисод», «Менеҷмент», «Лингвистика», «Журналистика» ва ихтисоси «Информатикаи татбиқӣ» низ зуд ба кор таъмин карда мешаванд.

Омӯзиши мо нишон дод, ки дар ҳалли масъалаҳои ба кор таъминкунии хаткунандагон рейтинг, обрӯ ва нуфузи Донишгоҳи славянии  Россия-Тоҷикистон хеле баланд буда, дар бозори меҳнат ва хизматрасониҳои таҳсилотӣ саҳми беназир дорад ва тибқи талаботи замон мутахассис омода мекунад. 

 

«Ректори  ДСРТ даъват мекунад»

Дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон маҳфиле бо номи «Ректори ДСРТ даъват мекунад» амал мекунад, ки дар он ҳар чанд вақт намояндагони илму ҳунар ва устодони санъати тоҷик  даъват карда мешаванд ва онҳо дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо баромадҳои ҷолиб ва хотирмони худ хотири ҳозиронро  шод мекунанд. Иштирок ва баромади дастаи эҷодии Театри академикии давлатии ба номи Садриддин Айнӣ, артистии халқии Тоҷикистон Марат Орипов, артистии халқии СССР Ҳошим Гадоев,  рассоми халқии Тоҷикистон  Вафо Назаров,   артисткаи  халқии ҶШС Тоҷикистон ва СССР Зебо Аминзода,  дар маҳфили «Ректори ДСРТ даъват мекунад» қатрае аз баҳр аст, ки чун рамзи эҳтироми устодони санъат қайд карда мешавад. 

12 ноябр дар арафаи ҷашни «Рӯзи Президент» дар РТСУ консерти ансабли симфонии давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор градид, ки маҳз бо даъвати ректори донишгоҳ дар маҳфили «Ректори ДСРТ даъват мекунад» сурат гирифт.

 

Ба ҷои хулоса

Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бузургтарин лоиҳаи муштараки таълимии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар айни замон яке аз бонуфузтарин муассисаи олии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар тӯли 22 соли фаъолияти худ Донишггоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ба як донишгоҳи бузурге табдил ёфтааст, ки бо тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар рушду нумӯи ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, ба макони таҳсил ва орзуву омоли даҳҳо ҳазор довталабон табдил ёфтааст. Ҳазорҳо хатмкунандагои мактабҳои миёнаву литсейҳо ва ҳатто коллеҷҳо дар орзуи онанд, ки ба донишгоҳи мазкур қабул шуда, соҳиби дониш, касби хуб ва дипломи он гарданд. Зеро бо дипломи Донишгоҳи мазкур, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дилхоҳ шаҳрҳо ва минтақаҳои Россия низ кори лоиқи дил ёфтан мумкин аст. Марҳамат ба Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон – донишгоҳи орзуҳо!

                                                                                  

Холиқи Муҳаммадназар,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Хонданд 36

Умари Хайёми Нишопурӣ

Дек 01, 2018
Хонданд: 57
Умари Хайёми Нишопурӣ

Эй чархи фалак, на нон шиносӣ, на намак,

Пайваста маро бараҳна дорӣ чу «Самак».

Аз чархаи зан ду шахс пӯшида шавад,

Пас, чархаи зан беҳ зи ту, эй чархи фалак.

Умари Хайём яке аз машҳуртарин риёзидон, ситорашинос ва шоире мебошад, ки дар Хуросон, дар қисмати шимолу шарқии Эрон соли 1048 зода шуда, соли 1131 ҳамон ҷо олами ҳастиро падрӯд гуфтааст. Хайём муаллифи зиёда аз 68 асарҳои илмӣ мебошад, ки бештари корҳои илмӣ ва тадқикотии ӯ ба забони арабӣ, яъне вобаста ба тақозои замона ба забони арабӣ таълиф шудаанд. Вале ашъори баландмазмуни ӯ, ки бо номи рубоиёт дар тамоми олам машҳуранд ва чанде аз таҳқиқоти фалсафиаш бо забони ноби модариаш, ки форсии-паҳлавӣ аст, таълиф шудаанд, чунон чи:

Эй баски набошему ҷаҳон хоҳад буд,

З-ин пеш набудему набуд ҳеҷ халал.

Не ном зи мову не нишон хоҳад буд,

З-ин пас чу набошему ҳамон хоҳад буд. 

Умари Хайём ҳамчун риёзидон, мутафаккир ва файласуф, ба омӯзиши масъалаҳои физикӣ, илмҳои табиатшиносӣ ва шеър майлу рағбати беандоза дошт. Ӯ на суфӣ ва на тарафдори бунёдгароӣ буд. Вале ҳамчун шоири романтик дар олами ғарб бисёр машҳур гардидааст. Ӯ, дар китобаш «Ал-Ҷабр»-алгебра овардааст, ки: «Бештари одамон, ки ба файласуфон тақлид менамоянд, ҳақиқатро ба хато омехта месозанд. Онҳо ҳеҷ корро ба сомон намерасонанд, аммо илмро фиреб медиҳанд. Агар онҳо инсонеро, ки барои фарқ кардани ҳақ аз ботил ҷаҳд мекунад, бубинанд, ӯро масхара мекунанд». Дар нозукии ин баён Хайёми Ҳаким қитъае мегӯяд:

Нисбати рӯят агар бо Моҳу Парвин кадаанд,

Сурати нодида, ташбеҳе ба тахмин кардаанд.

Дар бисёр рубоиёте, ки ба Хайём нисбат медиҳанд, амсоли таъкиб ба риндиву майхорагӣ, ин дар шаъни як донишманди баландпоя рост намеояд ва дар асолати бархе аз онҳо шакку шубҳа боқӣ мемонад. Гуфтн ба маврид аст, ки ҳар панҷ риёзидони машҳури олам ба монанди Умари Хайём, Насриддини Тӯсӣ, Паскалу Исҳоқ Нютону Леонардо-да-Винчи табъи шеъргӯӣ доштанд. Кам мегуфтанд ва гоҳе аз рӯи завқи баланди маъорифпарварӣ шеър мегуфтанд, вале ҳеҷ якеро набояд ҳамчун шоир шиносем. Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Нишопурӣ маъруф ба Умари Хайём аз чеҳраҳои тобноки улуми риёзӣ, нуҷум ва ҳикмати ҷаҳон дар қуруни Вусто ба шумор меравад. Барномаи бузургдошти Хайём  тавассути ЮНЕСКО дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун як ҷашни пуршукуҳ, моҳи сентябри соли 1999 дар Париж сурат гирифт. Рубоиётҳои ӯ ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ ба забони ноби  форсии тоҷикӣ таълиф шудаанд. Чуноне, ки худи Фирдавси мегӯяд:

Навиштам сухан чанд бар Паҳлавӣ,

Абар дафтару коғази Хусравӣ.

Ниҳодам ба ганҷур то рӯзгор,

Барояд, бихонад магар Шаҳриёр. 

Вожаи «паҳлавон», маънои «Паҳлавиён»-ро ифода менамояд. Аз соли 634-и мелодӣ дар кулли сарзамини Эрон ҳеҷ як навзодро Умар ном наниҳодаанд, аз кинаи халифаи чорум Умари Хаттоб. Дар Ғарб Хайёмро ҳамчун Ҳакими Тӯсӣ ном мебаранд, ки Тӯсу Нишопур сарзамини Хуросони бостонианд. Ҳаким Хайём дар рисолаи «Наврӯзнома» дар мавзӯи шароб гуфтааст, ки: «Мардумонро манфиати бисёр аст дар май, лекин зиёни ӯ аз сӯдаш бештар аст». Манзур аз вожаи «май» дар рубоиёти Хайём, таваҷҷуҳ ба гузашти айём, ночизии ҳаёти одамӣ, хушу хурсанд гузаронидани вақт ва ғарқа нашудан ба хурофот мебошад.  Рубоиёти Умари Хайём китоби рӯимизии президенти Федератсияи Русия В.В.Путин гардидааст. Бо ташаббуси В.В.Путин дар Волгоград ҳайкали муҳташами Умари Хайёмро гузоштаанд, ки ин боиси ифтихори мардуми форсу тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Моро месазад дар даврони Истиқлолияти ҷумҳуриамон соли 2019-умро дар созмони ЮНЕСКО соли бузургдошти Умари Хайём эълон кунем ва ин дурдонаи беназири ниёгонамонро ба ҷаҳониён бори дигар муаррифӣ намоем. Дар охир ба ин матлабамон бо гулчине аз намунаи рубоиёти Умари Хайём ҳусни анҷом мебахшем:

Якчанд ба кӯдакӣ ба устод шудем,

Якчанд ба устодии худ шод шудем.

Поёни сухан шунав, ки моро чӣ расид,

Аз хок даромадему бар бод шудем.

           

***

Гар чи ғаму ранҷи ман дарозӣ дорад,

Айшу тараби ту сарфарозӣ дорад.

Бар ҳарду макун такя, ки даврони фалак,

Дар парда ҳазор гуна бозӣ дорад. 

 

***

Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

Аз нав фалаке дигар чунон сохтаме, 

К-озода ба коми дил расиди осон.

 

***

Гар даст ба лавҳаи қазо доштаме,

Бар майлу муроди хеш бингоштаме.

Ғамро зи ҷаҳон яксара бардоштаме,

В-аз шодӣ сар ба чарх афроштаме.

 

***

Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ,

Аҳволи фалак ҷумла писандида будӣ.

В-ар адл будӣ ба корҳо дар гардун,

Кай хотири аҳли фазл ранҷида будӣ?

 

***

Дар доираи вуҷуд, дер омадаем,

В-аз пояи мардумӣ ба зер омадаем.

Чун умр на бар муроди мо хоҳад рафт,

Эй кош сар омадӣ, ки сер омадаем.

 

***

Сер омадам эй Худо, аз ҳастии хеш,

Аз тангдиливу аз тиҳидастии хеш.

Аз нест чу ҳаст мекунӣ, берун ор,

З-ин нестиам, ба ҳурмати ҳастии хеш?

 

***

Дар роҳи ниёз, ҳар дилеро дарёб, 

Дар кӯи ҳузур, муқобилеро дарёб, 

Сад Каъбаи обу гил, ба як дил нарасад,

Каъба чи равӣ, бирав дилеро дарёб.

 

***

Гар рӯи замин ба ҷумла обод кунӣ,

Чандон набувад, ки хотире шод кунӣ.

Гар банд кунӣ ба лутф озодеро, 

Беҳтар, ки ҳазор банда озод кунӣ.

 

***

Мағрур машав ба мол, чун бехабарон,

Зеро, ки бувад мол, чу абри гузарон.

Абри гузарон, агар чи гавҳар борад,

Хотир наниҳад марди хирадманд бар он.

 

***

Чун умр ба сар расад, чи ширину чи талх,

Паймона чу пур шавад, чи Бағдоду чи Балх.

Хуш бош, ки баъд аз ману ту моҳ басе,

Аз салҳ ба ғурра ояд, аз ғурра ба салҳ.

 

***

Дарёб, ки аз руҳ ҷудо хоҳӣ рафт,

Дар пардаи асрори само хоҳӣ рафт.

Хуш бош надонӣ, зи куҷо омадаӣ,

Ҳуш дор надонӣ ба куҷо хоҳӣ рафт.

 

***

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,

Дар ҷамъи камол шамъи асҳоб шуданд.

Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,

Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.

 

***

Дар доирае, ки омаду рафтани мост,

Ӯро на бидоят, на ниҳоят пайдост.

Кас меназанад даме дар ин маънӣ рост,

К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост.

 

***

Хоҳӣ, ки писандидаи айём шавӣ,

Мақбулу қабули хосаву ом шавӣ, 

Андар пайи муъмину яҳуду тарсо,

Бадгӯй набош, то накуном шавӣ.

 

***

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,

Кам монд зи асрор, ки маълум нашуд.

Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз,

Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.

 

Раҳмат Шералиев

Хонданд 57
Боргоҳи маърифат дар Конибодом

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом ба номи Мирзо Турсунзода

 

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом аз куҳантарин муассисаҳои миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта, дар тӯли фаъолияти дуру дарози худ дар пешрафти на танҳо соҳаи маориф, балки соҳаҳои гуногуни ҳаёти халқи тоҷик нақши арзандае гузоштааст. Ин макони маърифат олимони зиёд, шоирон, қаҳрамонони меҳнат, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ ва адибону санъаткорони машҳуреро тарбия намуда, ба воя расонидааст, ки на танҳо обрӯи омӯзишгоҳ, балки обрӯву нуфузи миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ низ баланд бардоштаанд. Шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ академикҳо Рауф Баротов, Иброҳим Обидов, профессорон Турдибону Бердиева, Камолиддинов Баҳриддин, Сунаттуло Бобохоҷаев, Абдуғаффор Ҷӯраев, Қаҳрамони меҳнат, муаллимаи номдор Ҳабиба Каримова ва шоиру нависандагоне ба мисли Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Зайниддин Дӯстматов, Музаффар Зулфиқоров хатмкардаи маҳз ҳамин макони маърифат буда, саҳми эшон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурии азизамон хеле калон аст. 

 

Таърихи 87 сола

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом нахустин маротиба 1 октябри соли 1931 ҳамчун техникуми омӯзгории шаҳри Конибодом дарҳои худро барои аввалин толибилмон боз намуда, ҳамагӣ 20 нафар муаллимони ояндаро ба таҳсил фаро гирифта буд. Мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-таълимии омӯзишгоҳ ва бо муаллимони таҷрибанок таъмин намудани он, ба фидокории директори авввалини он Аҳмадҷон Абдураҳмонов сахт марбут аст. Қадр карда шудани ӯ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва унвони Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон натиҷаи меҳнати ҷонсупоронаи ӯ нисбати инкишофи мактабу маорифи кишвар аст. 

Дар давоми фаъолияти 87 солааш коллеҷро қариб 11 ҳазор мутахассисони ҷавон хатм намуда, баҳри рушду нумӯи кори мактабу маориф, илму фарҳанг ва дигар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ҳисса гузоштанд ва имрӯзҳо низ ба халқу Ватани хеш сарбаландона хизмат карда истодаанд.

Коллеҷ дар бинои ҳозиразамон, иборат аз се бинои дуошёнаи ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ ҷойгир шудааст. Дар бинои таълимӣ 31 синфхонаи бо гӯшаву лавҳаҳо ва воситаҳои техникӣ ҷиҳозонидашуда, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, китобхона бо толори хониш, як синфхонаи лингофонӣ, осорхона, маҷлисгоҳ, толори варзишии замонавӣ ва 27 синфхонаҳои таълимӣ иборат мебошад. Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар коллеҷ аз соли оғози нави таҳсил якчанд синфхонаҳо бо айёниятҳои талаботи ба замони имрӯза ҷавобгӯ таҷҳизонида шуда, толор ва майдончаи варзишӣ бо сифати баланд ба истифода дода шудааст. Бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 21 марти соли 1978  ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом номи Мирзо Турсунзода гузошта шуд. Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ аз 2-юми ноябри соли 2012 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коллеҷи омӯзгорӣ табдили ном кард

 

Факултаҳо ва ихтисосҳо

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Конибодом шуруъ аз 5 сентябри соли равон бо тасдиқи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори муассиса тағйирот ворид шуд ва тибқи он ду факултети омузгорӣ ва чор кафедра, кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ, кафедраи забонҳо, кафедраи педагогика ва психология ва кафедраи умумитахассусӣ дар назди муассисаи таълимӣ амал мекунад. Донишҷӯён аз руйи ихтисосхои зерин ба таҳсил фаро гирифта шудаанд:

1.Ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ

2.Ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик

3.Ихтисоси забон ва адабиёти рус

4.Ихтисоси забони англисӣ

5.Ихтисоси таърих

6.Ихтисоси математика

7.Ихтисоси таҳсилоти томактабӣ

8.Ихтисоси математика - информатика

Дар маҷмуъ дар коллеҷ 65 нафар устодон фаъолият доранд, ки 2 нафар номзадони илми педагогӣ, 12 нафарашон Аълочиёни маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 дар коллеҷ 879 нафар донишҷӯён таҳсил доранд, ки аз инҳо дар шуъбаи рӯзона 382 нафар ва шуъбаи ғоибона 497 нафар буда, 101 нафарашонро писарон ташкил медиҳад. Дар бахши шартномавӣ 398 нафар ва буҷавӣ 481 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.  

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом инчунин курси омӯзиши истифодаи технологияи муосир аз тарафи омӯзгорони коллеҷ ба роҳ монда шуда, дар муассиса 68 адад компютери фардӣ, се синфхонаи компютерӣ, 2 адад ноутбук, 7 адад проектор, 1 адад тахтаи электронӣ, 11 адад принтерҳо мавриди истифода қарор доранд.   

 

Таҷрибаомӯзӣ чун муҳимтарин бахши касбомӯзӣ

Бояд қайд намуд, ки таҷрибаомӯзӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти коллеҷ ба ҳисоб рафта, дар роҳи омӯхтани касби пуршарафи омӯзгорӣ ва соҳиби малака ва маҳорат гардидани донишҷӯён мавқеи муҳимро мебозад. Бо назардошти хеле муҳим будани дарсҳои амалӣ дар соли таҳсили 2017-2018 мувофиқи нақшаи таълимӣ намудҳои таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ ба роҳ монда шудааст. Коллеҷи омӯзгорӣ барои ба таҷрибаомӯзӣ ҳаматарафа фаро гирифтани донишҷӯён бо муассисаҳои таълимии дигар ҳамкории зич дошта, ҳамаи шароитро доир ба бомуваффақият ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзӣ аз ҳарду тараф омода месозанд. Дар оғози соли хониши нав байни директори коллеҷ ва сардори Раёсати маорифи шаҳр шартномаи тарафайн баста шуда, дар асоси он муассисаҳои таълимии шаҳр вазифадор карда шуданд, ки барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён ҳама шароитро муҳайё намоянд. Қайд кардан бамаврид аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва ҳамкории зич бо муассисаҳои таълимӣ дар МТМУ №54-и шаҳри Конибодом кафедраи умумитахассусӣ ташкил карда шуда, омӯзгорони кафедра ба таҷрибаомӯзон маслиҳатҳои методӣ медиҳанд. 

Маблағгузорӣ ба мушовирони таҷрибаомӯзӣ аз коллеҷ ва муаллимони муассисаҳои таълимӣ аз рӯи миқдори соати иҷро шуда, аз тарафи коллеҷ таъмин карда мешавад.

 

Дастовардҳо аз олимпиадаҳои фаннӣ ва варзиш

Муҳассилини коллеҷ мунтазам дар озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои арзанда гаштаанд. Соли таҳсили 2015-16 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик Боҳирова Муҳайё, аз фанни забони англисӣ Шарипова Шаҳноза дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда ҷойҳҳои аввалро соҳиб гаштанд. Соли 2018 аз фанҳои гуногун 5 нафар дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, дар  байни онҳо Бегова Гулшан аз фанни забони русӣ соҳиби ҷои аввал гардид. 

Ҳамзамон, дар соли таҳсили 2017-2018 донишҷӯи коллеҷ Бегова Гулшан аз фанни забони русӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои аввал гардид.

Дар коллеҷи мазкур аз фанни тарбияи ҷисмонӣ маҳфили “Волейболбозон” амал мекунад. Дастовардҳо аз тарафи аъзоёни ин маҳфил хеле зиёд мебошад. Аз ҷумла дар санаи 12.04.2018 то 20.04.2018 дар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ бахшида ба соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки байни коллеҷҳо ва литсейҳои шаҳр гузаронида шуд, дастаи волейболи коллеҷи мазкур ҷойи дуюмро гирифт.

Ҳоло дар таълимгоҳ омӯзгорони варзидаю донандаи касби хеш ва раҳнамою тарбиятгари асил, ба монанди Йӯлдошбой Юнусов,  Турсунбой Неъматов, Абдуфатто Абдурашидов, Раънохон Ҷӯраева, Паттихон Тоҷибоева, Раҳим Ниёзматов, Зебо Неъматова, Баҳрӣ Орифова, Абдуманнон Абдуллоев, Саодат Ҷабборова, Муҳаббат Миршоева, Мавлуда Абдуллоева, Маҳин Бӯтаева, Саврӣ Турсунова ва омӯзгорони ҷавони сохибихтисос ба монанди Ф.Мамадов, У.Ғаниева  Ш.Хидирова, Ҳ.Низомзода, Г.Обидова, Д.Шарофҷонзода ва бисёр дигарон кору фаъолият карда, рисолати хешро бо дарки масъулият иҷро мекунанд. 

 

Ҷои якум дар “Андалеб 2018”

Дар коллеҷ дастаи ҳаваскорони “Навои ҷавонӣ” амал мекунад. Боиси ифтихор аст, ки моҳи октябри соли равон дар “Андалеб 2018” дастаи мазкур иштирок карда, бо 130,5 хол байни коллеҷҳо сазовори ҷои якум  ва дар минтақаи шаҳрӣ сазовори ҷойи дуюм гашта, бо 5 номгӯи намоишномаи беҳтарин мувофиқи шартҳои озмун ба даври вилоятӣ роҳ ёфт.

Ҳамзамон тибқи дастури муовини раиси вилоят муҳтарама Назира Ғаффорӣ ансамбли рақсӣ бо сардории балетмейстери шуъбаи фарҳангии шаҳр Олимова С. дар назди коллеҷ ташкил карда шудааст, ки дар чорабиниҳои дохилию шаҳрӣ фаъолона иштирок мекунанд

Ҳангоми вохӯрӣ бо устодону донишҷӯён аз директори коллеҷ Раҳмонзода Гулчеҳра Раҳмон пурсидам:

- Шиори аслии шумо чист ва чӣ гуфтаҳоеро сармашқи кори худ қарор додаед?

Гуфтанд: – Имрӯзҳо коллеҷи мо низ бо нақшаҳои нави дурнамо барои пешбурд ва инкишофи соҳаи маорифу фарҳанги кишвари азиз устуворона ба сӯи фардо - ба сӯи гулгулшукуфии Тоҷикистони маҳбуб қадам гузошта, суханҳои зерини хирадмандонаи Cарвари давлатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор додаем: «Омӯзгорони имрӯзаи тоҷик бояд зарурати пешбурди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии ватанамонро амалан дарк намоянд. Онҳо бояд бо тамоми масъулият эҳсос кунанд, ки ояндаи Тоҷикистони азизамон аз шакл ва усулҳои таълим, ба даст овардани дониши мукаммал, истифода аз дастовардҳои илми муосир ва муҳимтар аз ҳама, тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ вобаста мебошад».

Ин гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат шиори аҳли 65 нафараи устодони коллеҷ гашта, феълан баҳри баланд бардоштани савияи дониши шогирдон, қадру манзалати омӯзгор, илму маънавиёт пайваста талош меварзанд.

Омӯзиши мо нишон дод, ки дар коллеҷ барои тарбияи ифтихори миллии донишҷӯён таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Итминони комил дорем, ин боргоҳи маърифат минбаъд ҳам, вазифаи муқаддаси хешро дар тарбияи ҳамаҷонибаи насли ҷавону ояндасози кишвар сарбаландона ба иҷро расонида, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 90-солагии таъсисёбии коллеҷ, 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва 110-солагии ҷашни устод Мирзо Турсунзода тамоми имкониятҳои худро равона хоҳанд кард. Марҳамат ба даргоҳи бузургон!

 

“МТЖТ”

Хонданд 80

Таълимгоҳи бузургон

Нояб 26, 2018
Хонданд: 117
Таълимгоҳи бузургон

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

 

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакентро таълимгоҳи бузургон ном мебаранд. Албатта, ин беҳуда нест. Зеро коллеҷи мазкур аз куҳантарин муассисаҳои миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, нақши худро дар тарбияи басо кадрҳои пурнуфузе гузоштааст, ки онҳоро на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ мешиносанд. Метавон номи олимони фарзонаи миллати тоҷик академик Соҳиб Табаров, узви вобастаи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Маъсумӣ, докторони илм Шарофиддин Рустамов, Расул Ҳодизода, Мақсуд Шукуров, Бозор Тилавов, Низом Баҳриддинов, Исроил Исмоилов, Абдунабӣ Сатторзода, Муҳаммадқул Солеҳов, Рақиб Абдулҳаев, номзадҳои илм Абдулғанӣ Эшонҷонов, Мардон Муҳаммадиев, Ҳасанбой Дӯстов, Қозӣ Махсумов, Субҳон Атобуллоев, Саъдулло Умриқулов, Абдурауф Раззоқовро бо ифтихор ба забон овард.

Шоирони забардасти тоҷик Лоиқ Шералӣ, Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Бобо Ҳоҷӣ, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, нависандагони машҳур Ӯрун Куҳзод, Сорбон, адибони соҳибистеъдод Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Равшани Ҳамроҳ, Абдурауф Муродӣ, Ноҳид, Шаҳодат ва даҳҳо дигарон низ хатмкардагони ин даргоҳи маърифатанд.

Ин худ гувоҳ аз он аст, ки муассисаи таълимии мазкур дар тӯли фаъолияти пурмуҳтавои худ танҳо бо тайёр кардани омӯзгорон маҳдуд нашудааст ва дастпарваронаш дар соҳаҳои мухталиф ба дастовардҳои бузург ноил гардида, на танҳо шуҳрати омӯзишгоҳ, балки шуҳрати миллати тоҷикро низ баланд бурдаанд ва давлати Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. 

 

Таърихи 88 солаи КОШП

Агар ба таърихи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент нигарем, соли равон аз таъсиси он 88 сол пур мешавад. Муасиссаи таълимии мазкур дар соли 1930 нахуст ҳамчун комбинати педагогӣ таъсис ёфтааст, ки масъулияти директори курси педагогӣ (техникуми педагогӣ, курси таёйрӣ ба Комвузҳо) - ро шахси маърифатпарвар Раҳимов А. ба дӯш дошт. 

Дар солҳои баъдӣ, яъне солҳои аввали фаъолияти омӯзишгоҳ Фаттоҳ Раҳматуллоев, Мӯсоқул Икромов, А.Раҳматзода, Разиюлло Абдуллозода, Алибой Ҷӯраев директорони омӯзишгоҳ будаанд. Аз асноди бойгонӣ бармеояд, ки бори аввал омӯзишгоҳро 18 нафар донишҷӯён хатм намудаанд. Минбаъд шумораи хонандагон дар солҳои 1930-1931 65 нафар, соли таҳсили 1931-1932  60 нафар, соли таҳсили 1932 - 1933 150 нафарро ташкил медод ва сол то сол меафзуд.

Муассисаи таълимии «Комбинати педагогӣ» кадрҳои педагогӣ ва муаллим тайёр мекард. Ва хатмкардагони он ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ барои фарогирии ҷавонон ба таълиму тарбия фиристода мешуданд. Аз дафтари таърихи коллеҷ бармеояд, ки ҳатто қисме аз фиристодагони муассиса барои ҳамеша дар ноҳияҳои гуногуни ҷануби Тоҷикистон маскун шудаанд ва шогирдони зиёдеро ба ҷодаи илму маърифат гусел намудаанл. 

Аввали солҳои 40-и асри гузашта Комбинати омӯзгорӣ ба Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ табдил ёфт ва он солҳо бинои таълимии муассиса дар маркази шаҳр ҷойгир щуда буд. Соли 1958 Омӯзимшгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба номи педагоги рус А.В.Луначарский гузошта шуд. Дар соли таҳсили 1973-1974 омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент ба бинои нави дуошёна ба кӯчаи Саъдии Шерозӣ кӯчонида шуд. Дар паҳлӯи биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ ду хобгоҳи барҳавои сеошёна низ бунёд карда шуд, ки алъон Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар ин макон фаъолият дорад. Ва яқинан метавон гуфт, ки макони баргузидаи сохтмони ин таълимгоҳ басо ҷолиб аст. Вақте ки вориди шаҳри бостонии Панҷакент мешавед, дар тарафи чапи майдони Фирдавсӣ силсилабиноҳои коллеҷ ва навиштаҷоти “КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ” ба чашм мерасад. Ҳамин ҷост даргоҳи маърифат! 

Соли 1992 таълимгоҳ номи шоири классики тоҷику форс Саъдии  Шерозиро гирифт ва аз соли 2001, бо қарори раиси шаҳри Панҷакент ба омӯзишгоҳ номи дастпарвари он, шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ  Шералӣ дода шуд. 2 ноябри соли 2012 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент табдил дода шуд.

Соли 2010 бахшида ба 80 – солагии муассисаи мазкур аз тарафи омӯзгорони омӯзишгоҳ Равшани Ҳамроҳ ва Норинисо Худоёрова китобе бо номи “Таълимгоҳи бузургон” таълиф гардид, ки аз таърихи пуршарафи таълимгоҳ ҳикоя мекунад. Заҳмату кӯшишҳои устодон дар омӯзонидани нозукиҳои илм ва касби омӯгорӣ дар китоб таҷассум ёфтааст. Саҳми директорон Низомов Отақул, Раззоқов Қутбиддин, Бобоҳоҷиева Раъно, Ҷанобилов Ҳакимҷон ва дигаронро муаллифон бемуболиға зикр намудаанд. 

 

Факултетҳо ва кафедраҳо

Ногуфта намонад, ки имрӯз дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент низоми таълим ба низоми мактабҳои олӣ наздик буда, дар он ду факултет: - факултети фанҳои гуманитарӣ, факултети риёзӣ – педагогӣ ва шаш кафедра: - забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои хориҷӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ, методикаи таълим, педагогика ва психология, математика ва табиатшиносӣ амал менамояд.

Шумораи умумии муҳассилин дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона 898 нафар мебошад, ки онҳо дар гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ таҳсил мекунанд. Ва, албатта, қисмати бештари онҳо дар гуруҳҳои буҷавӣ таҳсил менамоянд. Дар соли хониши 2018-2019 ба коллеҷ 250 нафар донишҷӯён аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла, аз ноҳияҳои Ишкошим, Қубодиён, Восеъ, Рӯдакӣ, Панҷ, Спитамен, Деваштич, Истаравшан, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Айнӣ, Масчоҳи Куҳӣ, Бӯстон ва ғайра қабул шуданд. Ин ҳама бо шарофати ташкили имтиҳоноти қабул тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти кишвар ба вуқуъ пайвастааст.

Дар мавриди ҳудуди ҷуғрофии донишҷӯёни коллеҷ ҳаминро бояд қайд кард, ки солҳои пеш ба муассиса на танҳо донишҷӯёни ватанӣ, балки аз Русия, Украина, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дохил мешуданд ва ин хатмкардагон то имрӯз бо таълимгоҳ тамос доранд. Нуқтаи ҷолиби дигар ин аст, ки маҳз ба хотири сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пас аз кушодашавии марзҳо собиқ хатмкардагони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент аз шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, хосатан аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро,Ургут, Тайлоқ, Қаршӣ, Китоб, Шаҳрисабз ва ғайра ба муассисаи мо ташриф меоваранд. Аз хотироти неки худ ба шогирдони мо ҳикоят мекунанд. Ва бо ифтихор мегӯянд, ки мо маҳз ба шарофати ҳамин муассиса дар зиндагӣ комёб шудем. Теъдоди хоҳишмандон – довталабон барои таҳсил аз ҷониби шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дар коллеҷ низ зиёд ба назар мерасад. 

 

Беҳтарин шароити таҳсил дар КОШП

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент соли 2017 аз аттестатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт ва соҳиби литсензия ва аккредитатсия гардид. Коллеҷ дорои се бинои дуошёнаи таълимӣ буда, донишҷӯён бо хобгоҳ таъминанд. Биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ соли 2017 ба пуррагӣ аз таъмир баромаданд. Гирду атрофи коллеҷ кабудизор карда шуда, тайи соли ҷорӣ зиёда аз 350 дона ниҳоли нав шинонида шуд. Майдончаи варзишии таълимгоҳ пурра азнавсозӣ шуд ва имрӯз муаллимону донишҷӯён дар майдони мини футболи замонавӣ ва майдончаи волейбол тамрин менамоянд. Даромадгоҳи маъмурӣ ва даромадгоҳи умумии таълимгоҳ тармим карда, бо ҳама технологияи назоратии ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 

Коллеҷ соҳиби толорҳои хурду бузурги маҷлисӣ аст, ки соли ҷорӣ толори бузург аз таъмири пурра бароварда шуд. Солҳо системаи гармидиҳии коллеҷ кор намекард. Хушбахтона, бо ташаббуси директори кунунии коллеҷ – доктори илмҳои филологӣ Ҷовид Холов имсол он пурра аз нав сохта шуда, ба мавсими нави зимистонгузаронӣ ба кор омода гардид, ки дар самти хоҷагидорӣ дастоварди назаррасест. Таҷдиди назар шудани утоқҳои компютерӣ, китобхонаи электронӣ, насби тахтаҳои электрониву проекторҳо, пайвастшавӣ бо шабакаи интернет барои баланд шудани сифати таълим мусоидат намудаанд. Феълан муассиса дорои синфхонаи компютерӣ, маркази тестӣ, кабинетҳои муҷаҳҳази методӣ, толорҳои барҳавои замонавӣ мебошад.

Дар коллеҷ маҳфилҳои гуногуни варзишӣ аз қабили волейбол, футбол, тенниси рӯи мизӣ, шоҳмот пайваста амал менамояд. Барои занону духтарон бошад, маҳфили омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ ва дӯзандагӣ ташкил карда шудааст. Ҳунарҳои зебои донишҷӯдухтарон дар осорхонаи коллеҷ ҷой дода шудааст. Ин ҳамаро ҳунарманди чирадаст Абдураҳмонова М. сарварӣ менамояд. Инчунин дастаи ҳаваскорони таълимгоҳ таҳти роҳбарии устодон Сиддиқов Абдумалик ва Мирзоев Шуҳрат дар назди кормандону донишҷӯёни коллеҷ ҳунарнамоӣ намуда, хотири онҳоро шод мегардонанд ва ҳаваскорони санъат маҳорати хешро сайқал медиҳанд.

Бинои хобгоҳи донишҷӯёни КОШП сеошёна буда, дар он 160 нафар донишҷӯён зиндагӣ мекунанд ва барои зисту зиндагии онҳо шароити  мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Таълим дар коллеҷ асосан аз рӯйи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ пайваста бо корҳои илмӣ машғуланд. Донишҷӯён дар давоми таҳсил аз фанҳои тахассусӣ кори курсӣ ва рисолаи хатм менависанд. Маводи таълимӣ ва илмӣ дар китобхона ҳам дар шакли китобҳо ва ҳам дар шакли электронӣ мавҷуд аст, ки муҳассилин ҳамарӯза дар қироатхонаи муассиса, ки дорои 60 ҷои нишаст мебошад, аз онҳо баҳра мебардоранд.  

Дар коллеҷ ҳар сол конфронси илмии апрелии омӯзгорон ва донишҷӯёни КОШП баргузор мегардад, ки дар он иштирокчиён маърӯзаҳои илмии худро пешниҳод менамоянд. Донишҷӯёни КОШП пайваста дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд. Донишҷӯ Раҳматова Моҳрӯ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик соҳиби ҷои аввал гашт. Ду нафар донишҷӯёни коллеҷ гирандагони стипендияи раиси вилояти Суғд мебошанд. Мақолаҳои илмиву бадеии  устодону донишҷӯён пайваста дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ ба чоп мерасанд.

Айни замон дар КОШП ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих ва ҷомеашиносӣ, математика ва информатика, муаллими синфҳои ибтидоӣ, технология (муаллимони таълими меҳнат) омӯзонида мешаванд.

КОШП бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин буда, 66 нафар устод ба доншишҷӯён дарс мегӯянд, ки аз онҳо як нафар доктори илм, панҷ нафар номзади илм, панҷ нафар унвонҷӯи Академияи таҳсилот ва 16 нафарашон Аълочиёни маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Таҷрибаомӯзӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти коллеҷ маҳсуб меёбад. Донишҷӯёни гуруҳҳои таълимӣ дар ду давра дар мактабҳои шаҳр аз рӯйи ихтисос таҷриба меандӯзанд.

Донишҷӯён, хусусан нимятимон ва ятимони кулл аз тарафи маъмурият ва иттифоқи касабаи коллеҷ бо ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо аз рӯйи имкон кӯмаки моддӣ низ расонида мешавад.

Хатмкунандагони коллеҷ пас аз хатм бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои миёна ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба кор фиристода мешаванд, ки аз рӯйи ихтсисосашон бо кор таъмин карда мешаванд. Имрӯз, хушбахтона, хатмкардагони мо пурра бо кор таъмин буда, дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ба таълиму тадрис машғуланд.

Аз чоп баромадани шумораҳои аввали нашрияи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент бо номи “Ҳамсадо”, ки дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст, дар ҳаёти фарҳангии коллеҷ воқеаи фараҳбахш ва фаромӯшношуданист. Он дар ҳар се моҳ як маротиба чоп шуда, аз ҳаёти коллеҷ, дастовард ва навигариҳои он, корҳои илмиву эҷодии устодону донишҷӯён мужда мерасонад.

Баргузории чорабиниҳову ҷашнвораҳои бузурге мисли идҳои Истиқлолияту Наврӯзу Меҳргон, Рӯзҳои Президент ва Конститутсия, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлавӣ, Рӯзи Ҳофиз, Рӯзи забон дар коллеҷ ба ҳукми анъана даромадааст.

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакентро “таълимгоҳи бузургон” унвон кардан бесабаб нест. Имрӯз ҳам устодони ин даргоҳ анъанаҳои бузургони пешини худро идома дода, тамоми нерӯи худро баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён масраф менамоянд. Боварӣ ҳаст, ки дар оянда низ Коллеҷи мазкур бузургони дигареро чун ЛоиқШералӣ ва садҳо нобиғагони дигар ба воя меросонад ва дар рушду равнақи кишвари азизамон нақши шоиста мегузорад. 

 

Холиқи Муҳаммадназар,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Хонданд 117
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.