.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Хабари-рӯз

Ёвон: Осорхона ҳоли табоҳ дорад

Орзуи ягонаи мардуми ноҳияи Ёвон ин бунёди осорхонаи замонавӣ мебошад, зеро осрхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ёвон ҳоло дар ҳоли пурраи садамавӣ қарор дорад.

Директори осорхонаи мазкур Ифтихор Мирзоев гуфт: «Имрӯз осорхонаи ноҳия аз сабаби садамавӣ будан фаъолият надорад ва ҳукумати ноҳия ният дорад бинои Амонатбонки ноҳияро ба осорхона табдил диҳад».

Ба гуфти ӯ дар ин осорхона 206  нигора гирд оварда шуда ҳифз мешаванд, ки дорои таърихи қадима ва ҳикояткунандаи таърихи тулонӣ доштани Ёвон аст. 

Дар ҳамин ҳол Парвина Мансурова, роҳбалади осорхона,  изҳор дошт, ки тӯли 3 сол аст, осорхона фаъолияти комил надорад ва аз сабаби садамавӣ будан танҳо то нисфирузӣ кор мекунаду халос, зеро вуруд ба ин бино манъ карда шудааст.  Кормандони он ба хотири аз байн набурдани воҳидҳои корӣ то нисфирӯзӣ ба кор машғул мешаванд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки Рустам Шарифзода мудири бахши фарҳанги ноҳия чанде қабл гуфта буд, ки бо дастгирии раиси ноҳия дар марказ осорхонаи замонавӣ бунёд хоҳад шуд, лекин ин тасмим то ҳануз ҳалли худро пайдо накардааст.

Коршиносони соҳа мегуянд, осорхона инъикоскунандаи таърихи ниёгони ҳар халқу миллат  аст. Ҳар шахе, ки ба осорхона ворид мегардад, бешубҳа аз рӯзгори қадимаи халқи худ огоҳ мегардад ва ҳиси худшиносиаш боло меравад. Аз ин рӯ, ҳифзу нигаҳдории мероси гаронарзиши милат вазифаи ҳар нафари меҳанпарсту ватандӯст аст. Маҳз аз ин хотир осорхонаро ойинаи рӯзгор мегуянд, вале дидани ҳолати бинои осорхонаи ноҳияи Ёвон моро ранҷур кард, зеро бинои ин макон соли 1982 сохта шуда, имрӯз дар ҳолати комилан садамавӣ қарор дорад.

Барои бунёди осорхона ҳукумати ноҳияи Ёвон, Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва Вазорати фарҳанги кишварро зарур аст, ки сари ин масъала чора ҷӯянд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Хонданд 176
Роҳи Душанбе-Хуҷанд баста шуд

Барфи зиёд хавфи фуромадани тармаро дар шоҳроҳҳои кишвар афзун кардааст. Вазоратҳои нақлиёт ва корҳои дохилӣ шурӯъ аз субҳи дирӯз ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиётро аз километри 47 (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81 ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздоштаанд.

Гуфта мешавад, ки минтақаи хавфноки ин роҳ километрҳои 62-73 ба ҳисоб мераванд.  Техникаҳои филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ки нигоҳдории роҳҳоро бар уҳда дорад, дар пайи тоза кардани роҳ будааст. Баъд аз бартараф шудани тармаҳо ва хавфи тармафароӣ дар ин мавзеъ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дубора иҷозат дода хоҳад шуд.

Дар минтақаҳои Зарафшон ва Суғд роҳ аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард шуда, дар ин минтақаҳо роҳандозии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст. Масъулин аз ронандагон даъват ба амал меоранд, ки қарори ширкатро дуруст дарк кунанд, зеро маҳдуд кардани ҳаракат ба амнияти худи онҳо рабт дорад.

Хонданд 106

28-уми январ дар ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2018 оғоз мешаванд.

АМИТ «Ховар», ки масъули баргузории ин нишастҳост, иттилоъ додааст, ки масъулони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо ба рақамҳои 221-34-24, 888-08-34-04 занг зада, мувофиқа намоянд. Ҳамарӯза дар сомонаи Агентии миллии иттилотии Тоҷикистон «Ховар» сана ва соати баргузории нишасти матбуотии идораҳо нашр мегардад.

Ин  нишастҳои матбуотӣ 15-уми феврал ҷамъбаст мегарданд.

Хонданд 115
Дар ҷаласаи имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон чӣ гап мешавад?

Имрӯз, 21-уми январ, дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи ҳукумат оғоз гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои ҳукумат, дастгоҳи иҷроияи президент ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди президент ва ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2018 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2019 муайян карда мешаванд. «Ховар» хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид кард, ки соли 2018 дар маҷмӯъ барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2018 ҳисоботи сарвазири Қоҳир Расулзода низ шунида мешавад.

Хонданд 132
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.