.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Мусоҳиба

Шумо дар Мусоҳиба

Апаи пешдарову дилбардор

Июл 30, 2018 Хонданд: 347
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Апаи пешдарову дилбардор

РОЗИ АВВАЛ

Дар шинохти ӯ

 

Коргоҳро бо маънои садоқатмандӣ ба касбу кор «хонаи дуюм» мегӯянд, вале мепиндорам, ки барои апаи Гулчеҳра идораи «Ҷавонони Тоҷикистон» хонаи якум бошад ва баръакси он, манзили ӯ барои ҷавонони навкор, барои волидайн, хешу табори кормандони раҳдур «хонаи дуюм» гардидааст. Самимият, меҳру шафқат, хайрхоҳӣ, дилкушодӣ, эҳсоси ғаму шодишарикӣ ин ҳама чун ифодаи Одамият дар вуҷуди апаи Гулчеҳра ба муҷассамаи Меҳр табдил ёфтааст.

Қироншоҳ Шарифзода

Шахсияти Гулчеҳрабону бисёр баланд аст. Вай қабл аз ҳама муҳаббати баланди касбӣ дорад ва далели ин гуфта он аст, ки ба суроғаш таклифҳои зиёди корӣ меомад, аммо аз ишқаш, аз ҷонаш, аз оилааш, ки ҳамагӣ “Ҷавонони Тоҷикистон” буд, ба ҳеҷ куҷо нарафт. Ва ҳоло, тавре мебинем, ин шабу рӯзҳо 50-солагии фаъолияташро бо ханда пешвоз гирифта истодааст.

Раҷабалӣ Исматуллоев

Дар 42 соле, ки ман апаи Гулчеҳраро мешиносам, боре чеҳраи гирифтаашро надидаам, садои баландашро нашунидаам ва ҳар боре, ки бинамаш, бо меҳр мебӯсамаш.

Шамсиддин Насриддин

Холаи Гулчеҳра ҳоло ягона ветерани “Ҷавонони Тоҷикистон” аст. Дар бораи шахсияти ӯ суханҳои зиёд гуфтан мумкин аст, аммо сухани аз ҳама ососӣ он аст, ки вай қисме аз меҳнаткашону қаламбадастони “Ҷавонони Тоҷикстон”-ро мурдан намонд. Қаҳрамони ту саҳифаи нави таърихи “Ҷавонони Тоҷикистон” аст.

Хуршед Атовулло

Ба “Комсомоли Тоҷикистон” ҳар рӯз зиёда аз 100 мактуб меомад. Апаи Гулчеҳра, ки дар шуъбаи мактубҳо кор мекард, тақдири минбаъдаи ҳар мактубро алоҳида-алоҳида аз мудирони шуъбаҳо ва ходимони адабӣ мепурсид ва доимо мегуфт: “Дар паси ҳар сатр як нафар истодааст”.

Қурбон Мадалиев

Модар фарзандро таваллуд мекунад, ғизо медиҳад, нигоҳубин ва дигараш саҳми ҷомеа аст. Ба ин мазмун метавон гуфт, ки апаи Гулчеҳра ягон журналистро ба ҳайси шогирд ба камол нарасонидааст, аммо ӯ модари матбуоти тоҷик аст. Чунки дар солҳои 1992-97 мардум, ба вижа журналистон нони хӯрдан надоштанд. Мо ба “Ҷавонони Тоҷикистон” бо нияте меомадем, ки апаи Гулчеҳра дар чошто “дангича” ё “атола” ва ё хӯроки дигаре биёрад.

Сайёфи Мизроб

РОЗИ ДУВУМ

“Биё бачам!”

- Аз рӯйи суп-сурхакатон маълум аст, чунон гарм шудаед, ки ногуфтанӣ ва шамолаки саҳро мехоҳед...

- Биё бачам, аз куҷо фаҳмидӣ?

- Ман фикр мекунам, агар берун 45 дараҷа гарм бошад, дӯкони Шумо 50-55 дараҷа аст...

- Дигар илоҷ надорем, ба ҷуз сабр кардану ин газетҳоро тақсим кардан.

- Савдои матбуот дар кадом ҳолат аст?

- Шукр, бад нест, аммо дар ин тобистон каме суст шудааст. Бачам, ин 5 газетаи “Пайк”, 1 “СССР” ва 1 “Ҷавонони Тоҷикистон”.

- Холаҷон, ман имрӯз барои газета бурдан наомадаам.

- Пас...

- Ман аз ину он фаҳмидам, ки 23-юми июл ба фаъолияти Шумо дар ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” 50 сол пур шуд ва ба ин хотир...

- Ту мехоҳӣ ба гуфти худат “як суҳбати самимӣ” анҷом диҳем?

- Ба гуфти устод Хуршед Атовулло, “дилфаҳмтарин” нафар ҳастед.

- Дар бораи чӣ савол медиҳӣ?

- Ба ҷойи он, ки ман савол диҳам, Шумо савол медиҳед ва намегузоред нафас рост кунам. 

- Майлаш, марҳамат, ман розӣ.

- Ман чанде пеш бо устодоне, ки Шумо замоне бо онҳо ҳамроҳ кор карда будед, вохӯрам ва аз эшон чанд катибае дар бораи Шумо гирифтам ва ҳоло мехоҳам аз аввал оғоз кунем, яъне аз замоне, ки мактаби миёнаро хатм кардед ва ба қавли Абдулҳамид Самад, “парончак” шудед.

- Бо ҷону дил... Ҳар он чизе, ки дар ёдам монда бошам, мегӯям.

 

РОЗИ САВУМ

Ашки талх

Имрӯз ман пеш аз дарс назди холаи Гулчеҳра газетагирӣ омадам. Гарчанде сӯйи ман беист механдид ва дуоҳои пай дар пайи некам медод, аммо чашмонаш аз гиря сурх шуда буданд. Дидани ашки модари “Ҷавонони Тоҷикистон” бисёр талх будааст.

(Аз қайди роҳ, 7.02.18)

- Холаҷон, ман аз як нафари бисёр наздикатон фаҳмидам, ки Шумо намехоҳед дар бораи замони мактабхониатон бо касе суҳбат кунед. Аввал узр, аммо хоҳиши зиёд, ки чизе бигӯед аз он замон...

- Сабаби нахостанам ин аст, ки бо ба ёд овардани он замон зиндагии душвор ва мушкилиҳои рӯзгорам ба хотирам меоянд ва то дер маро тарк намекунанд. 

- Шумо аз мо дида хубтар медонед, ки зиндагии ягон бандаи Худо бе душворӣ ва мушкилӣ намешавад. Ҳоло вақташ омадааст, каме дилатонро холӣ кунед...

- Ман дар мактаб бисёр хуб мехондам, ҳатто аълохон будам. Мушкилӣ дар он буд, ки зиндагии мо бо маоши посбонии падарам ва фаррошии модарам мегузашт. Дар синфи 8-ум мехондам, ки падарам аз сактаи дил дар ҷойи корашон аз дунё гузаштанд. Барои мо, ки он замон бисёр душвор буд, ҳатто нон ёфтан мусибати азиме буд. Баъдан ман барои ёрии модарам бо апаву бародарам ба ҷойи кори модарам рафта, фаррошӣ мекардем. То хатми мактаб ман дар паҳлуи модарам фаррош будам...

- Кадом мактабро хатм кардаед?

- Мактаби миёнаи №36-и ноҳияи Шоҳмансурро ва бояд бигӯям, ки синфи мо аввалин хатмкунандагони он мактаб будем.

- Ман бо модарони зиёде, ки имрӯз дар хизмати мардуманд, суҳбат доштам ва қариб ки тақдири ба донишгоҳ ё донишкада дохил шуданашон як хел аст, яъне пинҳонӣ аз оила. Оё хатти сужаи ба донишгоҳ дохил шудани Шумо ҳам пинҳонӣ сурат гирифта буд ё не?

- Мутаассифона, ман ҳам пас аз хатми мактаб аз модарам пинҳонӣ ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон супоридам. Ва боз мутаассифона, ки ман бе дуои модарам натавонистам шомили шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ шавам. Баъд аз чанде ҳамсинфам Саидалӣ хабар овард, ки холҳои маро дида ба шуъбаи шабонаи факултети филология гузаронидаанд. Дар аввал модарам қатъӣ зидди таҳсилам баромад, аммо ҳамин ки Саидалии ҳамсинфам бурдану овардани маро бар зиммаи худаш гирифт, модарам розӣ шуд ва ман 6 сол аз соати 19:30 то соати 23:30 дар дарс будам.

 

РОЗИ ЧАҲОРУМ

Хоби модар

Зиёд фаҳмидаам, ки танҳо хоби мардон дуруст мебарояд, аммо бояд иқрор шуд, ки росттарин ва дурусттарин хоб хоби модар аст.

- Ҳоло агар як бачаи деҳотӣ аз маркази Душанбе зан бигирад, касе чизе намегӯяд, зеро аллакай мардум дарк кардаанд, ки деҳотию шаҳрӣ гуфтанӣ чиз вуҷуд надорад. Шумо бигӯед, ки чи тавр ва бо кадом роҳ ё роҳҳо ба водии Ғарм (ҳоло Рашт) рафтед?

- Шавҳаркуниамро ҳам бояд бигӯям?

- Ҷойи “ҷанг”-аш ҳаминҷо...

- Таътили тобистона буд. Ба дуюмкурсӣ тайёрӣ медидам. Як дугонаам тӯй кард ва дар ҳамон тӯй маро ҷавон хуш кард. 

- Тамом?

- Не, тоқат карда гӯш кун акнун. Чанд маротиба хостгорӣ омаданд, аммо як қонуни нонавишта дар фикрҳои мо сабт шуда буд ва намегузошт, ки духтар ба ҷойи дигар шавҳар кунад. Ҷавон дар ҷойи кор, хона, донишгоҳ ва умуман дар ҳама ҷо аз пушти ман мегашт, аммо ҳеҷ не, ки модарам розӣ шаванд...

- Ман фаҳмидам. Модаратон розӣ нашуданд ва Шумо ба якдигар ошиқ шуда, каме дар боғҳо гаштед ва билохира ба висол расидед... Ҳамин тавр?

- Мо ба висол расидем, аммо бо ишқу ошиқӣ не, балки бо ҷасорат ва якравии вай. 

- Барои давоми қиссаи Шуморо фаҳмидан, намедонам суханҳоямро чи гуна саволӣ созам... Лутфан, худатон давом диҳед...

- Ман бо ҳамсарам 13 сол зиндагии ботабассум ва пурмуҳаббат доштем. Ягона сабабе, ки мо ҷудо шудем, ин фарзанд наёфтан буд. Тӯли 13 сол ман хело кӯшиш кардам, ки бо амале ё сухане дили ҳамсарамро ранҷонам, то пас аз ҷудошавӣ баҳонаи ёд карданаш намонад, аммо нашуд...

- Ва дар охир Шумо ботабассум хайрухуш кардед?

- Ҳамин тавр ҳам гӯем, мешавад. Дар зиндагии мо гап ду намешуд, ҷангу якдигарнофаҳмӣ як тараф истад.

- Ҳамон вақт бародари Шумо бемор буд, яъне ғами модар... Ғами дуюмро чи гуна қабул карданд?

- Бисёр душвор. Баробари аз дар даромаданам рост ба чашмонам нигариста, гуфтанд: “Биё духтарам, ман имшаб хоби туро дида будам”.

 

РОЗИ ПАНҶУМ

Ҳамрози “Комсомол...” ва “Ҷавонон...”

... Зане буд, ки ба доди ҳама мерасид. Агар пули касе тамом мешуд, пеши апа медавид, агар меҳмони касе ҷойи хоб намеёфт, пеши апа медавид, агар сармуҳаррир касеро ҷанг мекард, апа дилбардораш буд, агар касе аз кормандон зан мегирифт ё шавҳар мекард, апа пешдаро буд. Апа апаи ҳама буд.

Шодмони Карим

- Мо медонем, ки шумо 50 сол пеш ба “Комсомоли Тоҷикистон” бо мақсади кор омада будед, аммо намедонем чи тавр...

- Коре мекунӣ, ки боз ҳамон ҷавониҳоро ёд мекунам.

- Хотираҳо зиндадори зиндагиянд, хотираҳоро ёд кардан ба инсон сабукӣ ато мекунад. Ман интизори ҷавоби Шумоям...

- 50 сол пеш ман донишҷӯ будам. Намедонам чанд моҳи курси якумиям бекор будам ва баъд хостам кор кунам. Ба умеди кор ёфтан чанд рӯз дар кӯчаҳои Душанбе сарсону саргардон гаштам. Кор кофта - кор кофта, лаҳзае дидам, ки дар назди бинои “Дом печать” ҳастам. Дохили бино шудам. Дар роҳрав як роҳаткурсиро дидам ва беихтиёр ҷисми афгорамро болояш партофтам. Ногаҳ болои сарам марде пайдо шуд.

- Духтарам, дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?,- бо тааҷҷуб савол дод.

- Коркобӣ омадам,- бо садои паст гуфтам. 

Ҷавобамро шояд хуб нафаҳмида буд.

Ҳамин як саволи Муқим Абдураҳмонов, муҳаррири онвақта ва як ҷавоби ман сабаб шуд, ки аз ҳамон рӯз ба вазифаи курер (хаткашон) корро оғоз кунам. 

- Аҷоиб. Холаҷон, ман ва аксар хонандагон аз фаъолияти Шумо дар ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабар дорем. Яъне медонем, ки Шумо дар кадом вазифаҳо кор кардаед ва чи гуна буданд муваффақиятҳоятон. Ҳатто чанд сафари берун аз ҷумҳурӣ ҳам доштед. Инҷо аз баъзе норӯшаниҳо мехостем бигӯед...

- Нафаҳмидам...

- Аввалан мегуфтед, ки обуна ва газетахонӣ дар 20, 30 ва 40 сол пеш чи гуна буд?

- Албатта, аз он замон то ин замон фарқияти калон аст. Он солҳо ҷӯшу хурӯши комсомолӣ буд. Газетахон чунон зиёд буд, ки болои газетаҳо ҷанг мешуд. Ҳатто дар давраи сармуҳарририи Ато Хоҷаев обунаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба 200 000 расид. Ҳисоби мактубҳои ҳаррӯзаи редаксияро гум мекардем. Кормандони рӯзнома бисёр бо шавқу завқ кор мекарданд.

- Солҳои 1995-98 фаъолияти “Ҷавонони Тоҷикистон” қатъ шуда буд. Бигӯед, ки рӯзҳоро чи гуна мегузаронидед?

- Тӯли се соле, ки рӯзнома фаъолият намекард, ман дар бозорчаи маҳаллаи Маяковский ба тиҷорат машғул будам. Шукр, ки гурусна намондем.

- То ҷое медонем, дар он солҳо Шумо бо мақсади пулёбӣ ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта будед. Бигӯед, ки дар он ҷо чӣ кор мекардед?

- Мутаассифона, барои рӯзгузаронӣ муҳоҷири меҳнатӣ ҳам шуда будам, аммо бисёр кам, яъне ҳамагӣ 3 моҳ. Бароям душвор буд ва роҳкироямро кор карда, ба Ватан баргаштам.

- Шукр, ки...

- Шукр, ки ҳамаи он рӯзҳо гузаштанд ва будану набуданашон муҳим нест, балки муҳим он аст, ки ҳоло хурсанду тансиҳат ҳастем.

- Дар охир...

- Илоҳо ҳама тансиҳату беғам бошанд ва дастурхони шоҳона дошта бошанд!

 

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Хонданд 347
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.