.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Сиёсат

Пайғамбари наҳзати ғайризӯроварӣ

Маҳатма Гандӣ (1869-1948) яке аз пешвоёни ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Ҳинд буда, ҳаёти ӯ бо таърихи муборизаи халқ баҳри истиқлолияти миллӣ сахт марбут аст. Гандизм ба барномаи муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ табдил ёфт ва дар миқёси ҷаҳон миллионҳо нафар тарафдор пайдо кард.

Моҳандас Карамчанд Гандӣ дар Гуҷарат 2-октябри соли 1869, дар оилаи шахси бадавлат, ки ба табақаи савдогарони касбӣ мутааллиқ буд, таваллуд ёфтааст. Ҷаҳонбинии Гандӣ таҳти таъсири муҳити оилавие ташаккул ёфтааст, ки дар он рӯҳияи дини ҳиндуия ҳукумрон буд. Гандӣ дар ҳаждаҳсолагӣ озими Бритониёи Кабир шаҳри Лондон шуд. Вай дар он ҷо маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифт. Соли 1893 Гандӣ баҳри ҳимояи як ширкати англисӣ дар мурофиаи судӣ ба Африқои Ҷанубӣ сафар кард. Ӯ дар ин кишвар дарк сохт, ки чи қадар ҳиндуҳо, ҳабашҳо ва дигар намояндагони ғайрисафедпӯстон мушкилиҳои зиёди иҷтимоӣ доранд. Гандӣ ба қароре омад, ки дар Африқо, баҳри ёрӣ ба халқи оддӣ, бимонад. Ӯдар ин ҷо солҳои 1893-1914 манфиатҳои ҳамватанони муҳоҷирашро ҳимоя намуд. Маҳз дар ин кишвар ақидаҳои фалсафӣ ва ҷамъиятию сиёсии Гандӣ, ки минбаъд тактикаи муборизаи ӯро бо мустамликадорони англис муайян сохт, шакл гирифтанд. Бори нахуст дар Африқои Ҷанубӣ Гандӣ дар амал принсипҳои «ғайризуроварии ғайриҳамкорӣ» («на ба ҳукумат зӯрӣ дорем, на ба он ҷонибдорем») ё сатяграха («матонат дар роҳи ҳақиқат»)-ро, ки дар зери таъсири воқеаҳои сиёсии оғози асри бисти Русия ҳосил шудаанд, истифода бурд. Ба ҳодисаҳои соли 1905-и Русия баҳо дода, Гандӣ зикр сохт, ки «ҳатто сарвари пурқудрат ҳам наметавонад бе дастгирии раият ҳукмдорӣ намояд». 

Гандӣ пас аз бенатиҷа мондани талошҳояш дар Ҳинд барои озмудани қобилиятҳои худ ба Африқои Ҷанубӣ (дигар мустамликаи Биритониё) рафт ва онҷо буд, ки аввалин бориқаҳои тавони раҳбарӣ дар вай намоён гашт. Ӯ тавонист дар онҷо ба рағми зиндон ва доғу дирафше, ки товони муқобила бо зиёдаталабиҳои истеъморгарон буд; бо рӯйкарде муслеҳона эътирозоти коргаронро мудирият кунад, то худи бритониҳо низ мамнуни ҳусни амалкарди вай бишванд.

Ҳамон ҷо буд, ки ӯ тавонист имкони билқувва тағйири ҷомеаро дар худ бибинад ва бо чунин дастоварде ба сарзамини модарии худ бозгардад.

Мубориза бо пиёдаравӣ

Қарни бистум замоне буд, ки Инглистон мебоист кам-камак бо мустаъмароти худ худоҳофизӣ кунад. Ва Гандӣ яке аз пешгомони истиқлолталаби сулҳҷуёна дар ин роҳ буд.  Бисёре аз муаррихони осиёиаш  ӯро муносиб ба унвони мардумитарин раҳбарони истиқлолталаб ва душмани зиёдахоҳиҳои истеъморгарон медонистанд.

Нуктаи муҳим дар мавриди шеваи раҳбарии Гандӣ дар яке шудани равону танишу марому маслак ва сабки зиндагиаш бо шиорҳое, ки медод буд. Ӯ ҳамвора талош мекард, то ба он чӣ эътиқоде дорад, амал кунад, бе он ки осебе ба дигаре бирасонад.

Гандӣ ҳам роҳеро барои мубориза интихоб карда буд, ки ҳеҷ имкони муқобила бо он вуҷуд надошт: Пиёдаравӣ!

Гандӣ бо анҷоми маъруфтарин компанияи худ, ки як роҳпаймоӣ дар ҳудуди 400 километр (240 мил) аз коммунаи худ дар Аҳмадобод ба Дандӣ, дар соҳили Гуҷрот ва байни 11 марту 6 апрели соли1930 буд, аз гӯшанишинии тӯлонии худ берун омад. Ин роҳпаймоӣ таҳти унвони роҳпаймоии Дандӣ ё Сатяграхаи намак шинохта мешавад. Дар шаҳри Дандӣ, дар эътироз ба молиёте, ки Биритониё барои намак мушаххас карда буд, Гандӣ ва ҳазорон нафар аз тарафдоронаш, бо фароҳам овардани намак аз оби дарё, қонунро шикастанд. Ин роҳпаймоӣ 24 рӯз тӯл кашид. Ҳар рӯз ӯ 10 км роҳ мерафт ва суханрониҳои зиёде низ эрод мекард.

Моҳи апрели соли 1930 бархурдҳои тунде аз сӯи полис дар Калкутта ба вуҷуд омад  ва дар ҳудуди 100 ҳазор нафар дар тайи ҷунбиши нофармони маданӣ (1930–31) зиндонӣ, ва дар Пешовар ба рӯйи тазоҳуркунандагони ғайримусаллаҳ, дар куштори бозор Кисохонӣ, оташ кушода шуд.

Ин куштор боис гардид, ки таҳрики мардум ва шурӯъи ҷунбиши дигаре ба номи Худой хидматкор сар занад. ( хон Абдулғафорхон поярези он, ва Гандӣ фармонаи он буд). Замоне, ки Гандӣ дар зиндон буд, аввалин мизи гард дар моҳи ноябри соли 1930 дар Лондон баргузор шуд, ки дар он ҳеҷ як аз намояндагони кунгураи миллии Ҳинд ҳузур надоштанд. Таҳримҳое, ки рӯйи кунгура буд, ба далели сахтиҳои иқтисоде, ки ба воситаи Сатяграха эҷод шуда буд, бардошта шуд. Гандӣ бо дигар аъзои комиссияи кории кунгура, моҳи январи соли 1931 аз зиндон озод шуд. Моҳи марти соли1931, паймони Гандӣ-Иврин имзо шуд, ва давлат мутааҳҳид шуд, то тамоми зиндонёни сиёсиро озод кунад (бо вуҷуди ин, бархе аз инқилобиёни муҳим ва калидӣ озод нашуданд ва муҷозоти эъдоми Беҳогот Синк ва ду нафар аз ҳамроҳонаш баъдҳо хашм алайҳ кунгуираро, на фақат дар берун, балки дар миёни аъзои худи кунгура, барангехт). Дар ивази он, Гандӣ қабул кард, ки аз ҷунбиши нофармони маданӣ даст кашида ба унвони танҳо намояндаи кунгура дар мизи гирди дувум, ки моҳи сентябри соли 1931 дар Лондон баргузор гардид, ширкат кунад. Ин конфронс моҳи декабри соли 1931 бо шикаст муваҷҷеҳ шуд. Гандӣ ба Ҳиндустон баргашт ва моҳи январи соли 1932 тасмим гирифт, ки ҷунбиши нофармони маданиро дубора аз сар бигирад.

Гандӣ соли 1915 ба Ҳинд баргашт. Ӯ раҳбари муборизоти ҷунбиши миллии Ҳинд барои истиқлоли ҳукумат дохилии Ҳиндустон аз истеъмори Биритониё шуд. Ҷунбише, ки баъдҳо Сураҷро ном гирифт. Ӯ барои шурӯи мубориза тасмим гирифт, ки пиёдаравӣ кунад. Ва дар масири пиёдарвии худ тавонист миллионҳо нафарро бо худ ҳамроҳ созад.

Гандӣ бо муваффақият кори ғайрхушунатомезро анҷом дод. Англисҳо саъй карданд, то ин эътирозҳоро саркӯб кунанд, аммо табиати ғайрихушунатомези қиёмҳо ва эътисобот, мухолифат бо онро душвор мекард. Ба ривояти ноибуссалтанаи Инглистон онҳо намедонистанд бояд бо чӣ чизе зиддият кунанд.

Гандӣ ва тазоҳуроти намак

Дар соли 1930, барои мухолифат бо қавонини намак, Гандӣ як роҳпаймоии машҳур ба самти дарёро ҳидоят кард. Онҳо дар дарё намаки худро сохтанд, ки тахаллуф аз қавонини Англис буд. Садҳо нафар дастгир шуданд ва зиндонҳои Ҳинд пур аз афроде буд, ки тарафдори истиқлол Ҳинд буданд.

Андешаҳои Гандӣ

Гандӣ зиндагии хешро вақфи ошкор сохтан ҳақиқат кард. Ӯ талош мекард бо ёдгирӣ ва дарс гирифтан аз иштибоҳоти худ ва амалкарди худ ба ҳақиқат даст ёбад. Гандӣ эълом кард, ки муҳиммтарин набарди ӯ талоше буд, ки барои шикасти шаётини дарунии тарсҳо ва ноамниҳои худ ба амал овардааст. Гандӣ хулосаҳое аз эътиқодоти хешро дар қолаби «худованд ҳақиқат аст» матраҳ намуд ва баъдҳо дидгоҳҳои хешро ислоҳ кард ва баён дошт, ки «ҳақиқат Худованд аст».Ӯ ҳамвора таъкид мекард, то роҳи бидуни хушунат сабаби таслими афроди соҳибқудрат дар муқобили қудратмандтар аз худ нашуд, бояд ин роҳро баргузид, аммо агар бо хушунат битавонанд муқобили ин вазъият биистанд ва танҳо роҳиифшои ҳақ хушунат бошад, бе ҳеҷ тааммуле бояд силоҳ бардошт, ман ҳаргиз намеписандам, ки афроди шуҷоъ ба хотир риояти асли адами хушунат дар баробари нуфузи неруҳои тарсу таслим шаванд ва аз онҳо битарсанд, ки мабодо хушунат эҷод гардад. Дар воқеъ дар мактаби Гандӣ, хушунатпарҳезӣ нишонаи шуҷоат ва шаҳомат аст.

Муҳиммтарин компоненти интелектуалии Гандӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аз вай чеҳраи як сиёсатмадори сулҳталаб ва хайрхоҳи маслиҳатгаро сохт, таҳаммулпазирӣ  дар ҳамбастагӣ бо андешаҳои бидуни хушунату зӯроварӣ ва ғалаба бар бадӣ буд.

 Натсионализми ҳиндӣ, ки тавассути Гандӣ дар тамоми минтақаҳо маъруф шуд, оғозе бар ҷунбишҳои мутааддиди миллигароӣ, ки дар Эрон; Туркия; ва Миср ҳам давом кард. Ваҷҳи ғолиби ин ҷунбишҳо талош барои ёфтани як ҳувияти сиёсӣ ва иҷтимоии мустақил аз абарқудратҳое чун Инглистон буд.

Сеюми июни соли 1947, Мунтботан, охирини фармондори кулли Ҳинд, бахшбандии Ҳиндро эълом кард. Бо убури сареъ аз парлумони биритониёиӣ қонуни истиқлоли Ҳинд, ва дар соати 12:02, пас аз нимаишаб, муаррихи 15 августи 1947 Ҳинд кишваре мустақил шуд. Маҷлиси муассисон кори пешнависи қонуни асосиро дар 26 ноябри соли 1949 такмил кард; 26 январи соли 1950, Ҷумҳурии Ҳинд расман эълон шуд. Маҷлиси муассисон доктор Раҷендро Проесадро, ки аз сӯи фармондеҳи кулли Раҷвапалачарӣ фармон дода шуда буд, ба унвони аввалини раисҷумҳури Ҳинд баргузид. Ба думболи истиқлол дар соли 1947, Ҳинд дар кишварҳои муштаракулманофеи боқимонда ва равобити байни Ҳинд ва Биритониё дӯстона шуд. Манотиқи бисёре вуҷуд дорад, ки ҳарду кишвар вобастагиҳои маҳкамтаре барои истифодае дутарафа талаб мекунанд ва ҳамин тавр вобастагиҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии байн ду миллат вуҷуд дорад.

Вафоти Гандӣ

Хабари марги Гандиро Ҷавоҳирлаъл Неҳру, нахуствазири вақти Ҳиндустон ва аз дӯстони Гандӣ бо садое ларзон аз радио ба мардуми кишвараш иттилоъ дод ва ба онҳо гуфт, ки бо рафтани марде, ки падари миллати Ҳинд номида мешуд, торикӣ ҳама ҷоро фаро гирифтааст.  Хабари марги Гандӣ дунёро ба тааҷҷуб ва мутаассир кард, осиёиҳо марги ӯро бовар намекарданд. Дар Лондон тамоми шахсиятҳои Биритониё паёмҳои таслияти худро  ба Ҳинд равон карданд. Ҳатто Черчил, душмани дерини Гандӣ ҳам паёме ба Ҳинд фиристод. Поп Паюси дувоздаҳум дар таҷлил аз Гандӣ эълом кард ӯ “паёмбар сулҳ ва дӯсти масеҳият” будааст. Ҳари Труман раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар суханони гуфт: “Ҳама дунё дар азои Ҳинд шарик аст.” Ва нахуствазири Фаронса Жорж Биду баён кард, ки “ҳама касоне, ки ба бародарии инсон мӯътақиданд, дар марги Гандӣ азодоранд.” Аммо дар сафорати Ҳинд дар Маскав касе барои зикри таслият наомад. Бернард Шоу дар таҷлили кӯтоҳ аз Гандӣ навишт: “Қатли ӯ нишон медиҳад, ки хуб будан чи қадар хатарнок аст.” Бузургтарин рақиби сиёсии Гандӣ, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ дар паёми таслиятӣ навишт: “Бо марг ҷадал натавон кард. Ӯ яке аз бузургтарин мардони парвардаи ҷомеаи ҳинду буд.” Дар ин миён ҷомеаи Ҳинд, худ бузургтарин таҷлилҳо аз Маҳотморо тартиб доданд. Рӯзномаи «Ҳиндустон стандарт» танҳо як праграф бо ҳуруфи сиёҳи дурушт дар миёнаи сафҳаи аввалаш, ки кадри сиёҳе ба давраш кашида буд, қарор дод ва навишт:

 “Гандӣ ҷӣ ба дасти миллати худаш, ки ба хотир растгоришон зист, кушта шуд. Ин дувумин таслиби таърихи дунё, рӯзи ҷумъа ба амал омад - ҳамон рӯзе, ки Масеҳ дар якҳазору нӯҳсаду понздаҳ сол пеш, ба марг маҳкум шуд. Падар, моро бибахш».

Аз усули эътиқодии Гандӣ, ки акнун ба унвони бахше аз мероси маънавӣ ӯ шинохта мешавад, ин буд, ки чун инсон қудрати ҳаёт бахшидан ба инсони дигарро надорад, ҳақ надорад, ки ҷони ҳамнавъи худро бигирад.  Имрӯз дар кишвари Ҳинд, Гандӣ ба унвони раҳбари ҷунбиши миллӣ, мавриди эҳтироми мардум ва аксари гурӯҳҳои сиёсӣ аст ва нақши ӯ ба унвони аввалин раҳбари сиёсе, ки аз баробарии тамоми мардум сухан гуфт ва онҳоро дар муборизае ором ва муваффақиятомез ба сӯи истиқлол ҳидоят кард, мавриди қабули умум аст, аммо фаротар аз марзҳои Ҳинд, Гандӣ дар дигаргун кардани андешаи сиёсии инсони муосир низ нақше мондагор баҷо гузоштааст.

Гандӣ ҳам роҳеро барои мубориза интихоб карда буд, ки ҳеҷ имкони муқобила бо он вуҷуд надошт: Пиёдаравӣ!

Гандӣ бо анҷоми маъруфтарин компанияи худ, ки як роҳпаймоӣ дар ҳудуди 400 километр (240 мил) аз коммунаи худ дар Аҳмадобод ба Дандӣ, дар соҳили Гуҷрот ва байни 11 марту 6 апрели соли1930 буд, аз гӯшанишинии тӯлонии худ берун омад. Ин роҳпаймоӣ таҳти унвони роҳпаймоии Дандӣ ё Сатяграхаи намак шинохта мешавад. Дар шаҳри Дандӣ, дар эътироз ба молиёте, ки Биритониё барои намак мушаххас карда буд, Гандӣ ва ҳазорон нафар аз тарафдоронаш, бо фароҳам овардани намак аз оби дарё, қонунро шикастанд. Ин роҳпаймоӣ 24 рӯз тӯл кашид. Ҳар рӯз ӯ 10 км роҳ мерафт ва суханрониҳои зиёде низ эрод мекард.

Моҳи апрели соли 1930 бархурдҳои тунде аз сӯи полис дар Калкутта ба вуҷуд омад  ва дар ҳудуди 100 ҳазор нафар дар тайи ҷунбиши нофармони маданӣ (1930–31) зиндонӣ, ва дар Пешовар ба рӯйи тазоҳуркунандагони ғайримусаллаҳ, дар куштори бозор Кисохонӣ, оташ кушода шуд.

Ин куштор боис гардид, ки таҳрики мардум ва шурӯъи ҷунбиши дигаре ба номи Худой хидматкор сар занад. ( хон Абдулғафорхон поярези он, ва Гандӣ фармонаи он буд). Замоне, ки Гандӣ дар зиндон буд, аввалин мизи гард дар моҳи ноябри соли 1930 дар Лондон баргузор шуд, ки дар он ҳеҷ як аз намояндагони кунгураи миллии Ҳинд ҳузур надоштанд. Таҳримҳое, ки рӯйи кунгура буд, ба далели сахтиҳои иқтисоде, ки ба воситаи Сатяграха эҷод шуда буд, бардошта шуд. Гандӣ бо дигар аъзои комиссияи кории кунгура, моҳи январи соли 1931 аз зиндон озод шуд. Моҳи марти соли1931, паймони Гандӣ-Иврин имзо шуд, ва давлат мутааҳҳид шуд, то тамоми зиндонёни сиёсиро озод кунад (бо вуҷуди ин, бархе аз инқилобиёни муҳим ва калидӣ озод нашуданд ва муҷозоти эъдоми Беҳогот Синк ва ду нафар аз ҳамроҳонаш баъдҳо хашм алайҳ кунгуираро, на фақат дар берун, балки дар миёни аъзои худи кунгура, барангехт). Дар ивази он, Гандӣ қабул кард, ки аз ҷунбиши нофармони маданӣ даст кашида ба унвони танҳо намояндаи кунгура дар мизи гирди дувум, ки моҳи сентябри соли 1931 дар Лондон баргузор гардид, ширкат кунад. Ин конфронс моҳи декабри соли 1931 бо шикаст муваҷҷеҳ шуд. Гандӣ ба Ҳиндустон баргашт ва моҳи январи соли 1932 тасмим гирифт, ки ҷунбиши нофармони маданиро дубора аз сар бигирад.

Гандӣ соли 1915 ба Ҳинд баргашт. Ӯ раҳбари муборизоти ҷунбиши миллии Ҳинд барои истиқлоли ҳукумат дохилии Ҳиндустон аз истеъмори Биритониё шуд. Ҷунбише, ки баъдҳо Сураҷро ном гирифт. Ӯ барои шурӯи мубориза тасмим гирифт, ки пиёдаравӣ кунад. Ва дар масири пиёдарвии худ тавонист миллионҳо нафарро бо худ ҳамроҳ созад.

Гандӣ бо муваффақият кори ғайрхушунатомезро анҷом дод. Англисҳо саъй карданд, то ин эътирозҳоро саркӯб кунанд, аммо табиати ғайрихушунатомези қиёмҳо ва эътисобот, мухолифат бо онро душвор мекард. Ба ривояти ноибуссалтанаи Инглистон онҳо намедонистанд бояд бо чӣ чизе зиддият кунанд.

Гандӣ ва тазоҳуроти намак

Дар соли 1930, барои мухолифат бо қавонини намак, Гандӣ як роҳпаймоии машҳур ба самти дарёро ҳидоят кард. Онҳо дар дарё намаки худро сохтанд, ки тахаллуф аз қавонини Англис буд. Садҳо нафар дастгир шуданд ва зиндонҳои Ҳинд пур аз афроде буд, ки тарафдори истиқлол Ҳинд буданд.

Андешаҳои Гандӣ

Гандӣ зиндагии хешро вақфи ошкор сохтан ҳақиқат кард. Ӯ талош мекард бо ёдгирӣ ва дарс гирифтан аз иштибоҳоти худ ва амалкарди худ ба ҳақиқат даст ёбад. Гандӣ эълом кард, ки муҳиммтарин набарди ӯ талоше буд, ки барои шикасти шаётини дарунии тарсҳо ва ноамниҳои худ ба амал овардааст. Гандӣ хулосаҳое аз эътиқодоти хешро дар қолаби «худованд ҳақиқат аст» матраҳ намуд ва баъдҳо дидгоҳҳои хешро ислоҳ кард ва баён дошт, ки «ҳақиқат Худованд аст».Ӯ ҳамвора таъкид мекард, то роҳи бидуни хушунат сабаби таслими афроди соҳибқудрат дар муқобили қудратмандтар аз худ нашуд, бояд ин роҳро баргузид, аммо агар бо хушунат битавонанд муқобили ин вазъият биистанд ва танҳо роҳиифшои ҳақ хушунат бошад, бе ҳеҷ тааммуле бояд силоҳ бардошт, ман ҳаргиз намеписандам, ки афроди шуҷоъ ба хотир риояти асли адами хушунат дар баробари нуфузи неруҳои тарсу таслим шаванд ва аз онҳо битарсанд, ки мабодо хушунат эҷод гардад. Дар воқеъ дар мактаби Гандӣ, хушунатпарҳезӣ нишонаи шуҷоат ва шаҳомат аст.

Муҳиммтарин компоненти интелектуалии Гандӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки аз вай чеҳраи як сиёсатмадори сулҳталаб ва хайрхоҳи маслиҳатгаро сохт, таҳаммулпазирӣ  дар ҳамбастагӣ бо андешаҳои бидуни хушунату зӯроварӣ ва ғалаба бар бадӣ буд.

 Натсионализми ҳиндӣ, ки тавассути Гандӣ дар тамоми минтақаҳо маъруф шуд, оғозе бар ҷунбишҳои мутааддиди миллигароӣ, ки дар Эрон; Туркия; ва Миср ҳам давом кард. Ваҷҳи ғолиби ин ҷунбишҳо талош барои ёфтани як ҳувияти сиёсӣ ва иҷтимоии мустақил аз абарқудратҳое чун Инглистон буд.

Сеюми июни соли 1947, Мунтботан, охирини фармондори кулли Ҳинд, бахшбандии Ҳиндро эълом кард. Бо убури сареъ аз парлумони биритониёиӣ қонуни истиқлоли Ҳинд, ва дар соати 12:02, пас аз нимаишаб, муаррихи 15 августи 1947 Ҳинд кишваре мустақил шуд. Маҷлиси муассисон кори пешнависи қонуни асосиро дар 26 ноябри соли 1949 такмил кард; 26 январи соли 1950, Ҷумҳурии Ҳинд расман эълон шуд. Маҷлиси муассисон доктор Раҷендро Проесадро, ки аз сӯи фармондеҳи кулли Раҷвапалачарӣ фармон дода шуда буд, ба унвони аввалини раисҷумҳури Ҳинд баргузид. Ба думболи истиқлол дар соли 1947, Ҳинд дар кишварҳои муштаракулманофеи боқимонда ва равобити байни Ҳинд ва Биритониё дӯстона шуд. Манотиқи бисёре вуҷуд дорад, ки ҳарду кишвар вобастагиҳои маҳкамтаре барои истифодае дутарафа талаб мекунанд ва ҳамин тавр вобастагиҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии байн ду миллат вуҷуд дорад.

Вафоти Гандӣ

Хабари марги Гандиро Ҷавоҳирлаъл Неҳру, нахуствазири вақти Ҳиндустон ва аз дӯстони Гандӣ бо садое ларзон аз радио ба мардуми кишвараш иттилоъ дод ва ба онҳо гуфт, ки бо рафтани марде, ки падари миллати Ҳинд номида мешуд, торикӣ ҳама ҷоро фаро гирифтааст.

Хабари марги Гандӣ дунёро ба тааҷҷуб ва мутаассир кард, осиёиҳо марги ӯро бовар намекарданд. Дар Лондон тамоми шахсиятҳои Биритониё паёмҳои таслияти худро  ба Ҳинд равон карданд. Ҳатто Черчил, душмани дерини Гандӣ ҳам паёме ба Ҳинд фиристод. Поп Паюси дувоздаҳум дар таҷлил аз Гандӣ эълом кард ӯ “паёмбар сулҳ ва дӯсти масеҳият” будааст. Ҳари Труман раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар суханони гуфт: “Ҳама дунё дар азои Ҳинд шарик аст.” Ва нахуствазири Фаронса Жорж Биду баён кард, ки “ҳама касоне, ки ба бародарии инсон мӯътақиданд, дар марги Гандӣ азодоранд.” Аммо дар сафорати Ҳинд дар Маскав касе барои зикри таслият наомад. Бернард Шоу дар таҷлили кӯтоҳ аз Гандӣ навишт: “Қатли ӯ нишон медиҳад, ки хуб будан чи қадар хатарнок аст.” Бузургтарин рақиби сиёсии Гандӣ, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ дар паёми таслиятӣ навишт: “Бо марг ҷадал натавон кард. Ӯ яке аз бузургтарин мардони парвардаи ҷомеаи ҳинду буд.” Дар ин миён ҷомеаи Ҳинд, худ бузургтарин таҷлилҳо аз Маҳотморо тартиб доданд. Рӯзномаи «Ҳиндустон стандарт» танҳо як праграф бо ҳуруфи сиёҳи дурушт дар миёнаи сафҳаи аввалаш, ки кадри сиёҳе ба давраш кашида буд, қарор дод ва навишт:

 “Гандӣ ҷӣ ба дасти миллати худаш, ки ба хотир растгоришон зист, кушта шуд. Ин дувумин таслиби таърихи дунё, рӯзи ҷумъа ба амал омад - ҳамон рӯзе, ки Масеҳ дар якҳазору нӯҳсаду понздаҳ сол пеш, ба марг маҳкум шуд. Падар, моро бибахш».

Аз усули эътиқодии Гандӣ, ки акнун ба унвони бахше аз мероси маънавӣ ӯ шинохта мешавад, ин буд, ки чун инсон қудрати ҳаёт бахшидан ба инсони дигарро надорад, ҳақ надорад, ки ҷони ҳамнавъи худро бигирад.  Имрӯз дар кишвари Ҳинд, Гандӣ ба унвони раҳбари ҷунбиши миллӣ, мавриди эҳтироми мардум ва аксари гурӯҳҳои сиёсӣ аст ва нақши ӯ ба унвони аввалин раҳбари сиёсе, ки аз баробарии тамоми мардум сухан гуфт ва онҳоро дар муборизае ором ва муваффақиятомез ба сӯи истиқлол ҳидоят кард, мавриди қабули умум аст, аммо фаротар аз марзҳои Ҳинд, Гандӣ дар дигаргун кардани андешаи сиёсии инсони муосир низ нақше мондагор баҷо гузоштааст.

Хонданд 387
Нигаронии СММ аз афзоиши ДИИШ

Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид, ки бар зидди терроризм мубориза мебарад, мегӯяд, гурӯҳи ДИИШ, ки хавфаш дар Афғонистон фаъолтар шудааст, хатараш дар Осиёи Марказӣ зиёдтар мешавад. 

Дар гузориши ҳафтуми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди  хатари ДИИШ ба амният ва суботи ҷаҳон, ки чанде пеш нашр шуд, омадааст, ки “бо вуҷуди муқобилаи нерӯҳои афғон, эътилофи байналмилалӣ ва Толибон бо гурӯҳи ДИИШ, ин созмон ба талошҳояш барои густариши ҳузур дар Афғонистон идома дод. Айни замон нерӯҳои асосии ин гуруҳ дар вилояти шарқии Кунар ва Нангарҳор ҷойгир шудаанд ва дар вилояти Ҷузҷону дигар вилоятҳои шимолии кишвар ҳузур доранд”.

Барои Тоҷикистон, ки зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандонаш дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ширкат мекунанд, ин хатар то кадом андоза ҷиддӣ буда метавонад? Ин дар ҳолест, ки чанде қабл ҳамла ба сайёҳони хориҷиро дар Тоҷикистон гурӯҳи тундрави ДИИШ ба ӯҳда гирифта буд.  

Коршиносони хатари ин гурӯҳ ба Осиёи Марказиро ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки ин ҳолат метавонад, ки вазъи субот дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро низ зери суол қарор диҳад.     

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ, айни замон дар Афғонистон 10 ҳазор нафар ҷангиёни ДИИШ қарор доранд, ки ин боиси нигаронӣ аст ва онҳо метавонанд вазъи суботро дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ноором гардонанд. Ӯ мегӯяд, ки “дар Афғонистон беш аз 22 ҳаракатҳои зидди ҳам амал мекунанд, ки фаъолияти аксарияти онҳо дар Осиёи Марказӣ ва дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст ва онҳо барои ситонидани қасос барои ин амали роҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд вазъро дар якҷоягӣ бо ДИИШ ноором гардонанд”. 

Дар ҳамин ҳол мақомоти тоҷик аз ҷомеаи байналмилалӣ хостори маҳви гурӯҳи тундрави ДИИШ дар Афғонистон шудааст. Ин амал бесабаб нест, чун Тоҷикистонкишварест, ки дар он шурӯъ аз солҳои 2012-2013 инҷониб гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун афзоиш ёфтааства яқин аст.

Ба ақидаи коршиноси масоили динӣ, Саидаҳмад Қаландаров шавқи ДИИШ ба Осиёи Марказӣ ва махсусан ба Тоҷикистон нав набуда, ин гурӯҳ аз аввали шакл гирифтан ва ба низом даровардани сафи ҷонибдоронаш дар Шарқи наздик аз усулҳо хосаи таблиғ истифода мебарад. 

Тибқи гуфтаи муаллифони гузориши СММ хатари дигаре, ки гурӯҳи тундрави ДИИШ барои кишварҳои минтақа эҷод мекунад, ин аст, ки ҷангҷӯён Афғонистонро ба ҳайси майдони тарҳрезии ҳамлаҳо истифода баранд. Коршиноси тоҷик, Саидаҳмад Қаландаров мегӯяд, дар шимол гирд омадани қувваҳои ДИИШ махсусан барои Тоҷикистон таҳдиди ҷиддиро пеш меорад, чун Тоҷикистон дар хатти аввали марз бо Афғонистон ҷой дорад. Ӯ мегӯяд, ки “воқеан як таҳдиди ҷиддӣ барои Осиёи Марказӣ, хусусан барои Тоҷикистон ҷо дорад. Чаро махсусан Тоҷикистон? Зеро мо дар хатти аввали марз бо Афғонистон қарор дорем. Аз ин сабаб, эҳтимолияти тавсеаҳо ва фитнаҳо барангехтан дар марз, ки ба воситаи гумоштаҳову зархаридҳо дар қаламрави ҳама ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон аз эҳтимол берун нест”. 

Саъдӣ Ворисов, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, нигарониҳо ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа аз тарафи гурӯҳҳои пархошгаре чун ДИИШ ҷой доранд. Вале ба ақидаи ӯ, ДИИШ барои пайдо кардани мавқеъ дар Афғонистон бештар аз пропаганда истифода бурадаст. “Ӯ мегӯяд, ки “ин маънои онро дорад, ки ДИИШ тамоми дастовардҳояшро ба ҳамин восита ба даст овардааст. Яъне, ин гурӯҳи террористӣ натавонистааст, ки минтақаҳои барои ду ҷониб заруриро зери тасарруф дарорад”.  

Вале суоли матраҳ ин аст, ки дар Тоҷикистон хатари гурӯҳи “Толибон” зиёд аст ё аз ДИИШ?        

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНАСМИТ мегӯяд, дар вақти ҳукумронии “Толибон” ба сарҳади Тоҷикистон ҳуҷумҳо сурат нагирифта буданд ва бештари ҳодисаҳое, ки дар сарҳади Афғонистону Тоҷикистон рух медиҳад, ба қочоқи маводи мухаддир марбут аст. Ба гуфтаи ӯ, қочоқи маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории ҳам “Толибон” ва ҳам ДИИШ ба шумор меравад, метавонад ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мушкилии зиёд эҷод кунад. 

Коршиноси дигари тоҷик, Саидаҳмад Қаландаров мегӯяд, бартарияти “Толибон” аз ДИИШ дар ин аст, ки онҳо дар сари мизи музокира менишинанд, вале ДИИШ чунин корро боре ҳам анҷом надодааст. Ба ақидаи ӯ хавфи ДИИШ аз “Толибон” дида бештар аст. Ба назари ӯ “”аслан Толибон” чанд гурӯҳанд. Аммо аз замони ба майдони фитнаву исён ва ошӯб ворид шудани ДИИШ ҳеҷ надидем, ки дар сари мизи музокира нишаста бошанд. Бинобар ин, хавфи ДИИШ аз онҳо бештар аст”. 

Бояд гуфт, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ солҳост, ки баҳри мубориза бо терроризм дар минқа талош мекунанд, вале ин падида то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Чанде қабл вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро барои мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ тақвият диҳанд.

Вазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон рӯзи 21-уми июли соли равон дар Қирғизистон мулоқот карданд. Тарафҳо зикр карданд, ки ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфта дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ афзоиш дода шавад.

Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷа беш аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи гурӯҳҳои гуногуни ифротиву террористӣ, ба мисли ДИИШ пайвастаанд. Аз ин миқдор 70 нафарашон ба кишвар баргаштаанд.

 

Фарзонаи Умаралӣ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Хонданд 244
Владимир Войнович: СССР барҳам хӯрд, вале одами шӯравӣ боз дурудароз зиндагонӣ хоҳад кард

Охирин шанбеи моҳи июл барои адабиёти олам рӯзи сангине буд. Дар ин рӯз Владимир Войнович-адиби шуҳратёри рус ва ҳамватани мо дар 85-умин баҳори умр тарки олам кард. Метавон гуфт, ки на танҳо адабиёти рус, балки адабиёти ҷаҳон талафоти гарон дод. Рӯзноманигор Виктор Давидов аз аввалинҳо шуда ин хабарроо расонаӣ кард ва дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиишт, ки адиби маъруф бар асари сактаи қалб фавтид.

Владимир Войнович зодаи шаҳри Душанбе ва фарзанди касе буд, ки дар рушди матбуоти даврони пуртаҳлуқаи Тоҷикистони Шӯравӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ин ҷумла аз ӯст: “Танҳо баъди солиёни дароз зиндагонӣ кардан ҷиддан ба дарки ин воқеъият мерасӣ, ки умр дар ҳақиқат кӯтоҳ аст”.

Нависандаи диссидент

Сивуҳашт сол пеш, дар яке аз рӯзҳои моҳи июл, аниқтараш 17-уми июли соли 1981 дар кулбаи ғарибии худ дар шаҳри Мюнхени Олмон ба унвони сарвари вақти Шӯравӣ Леонид Брежнев, ки варо барои асарҳои зидди сиёсати коммунистиаш аз ватан беватан ва аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум сохта буд, номае навишт ва пешгӯӣ кард, ки замоне на танҳо ин фармон, балки ҳамаи фармонҳои зиддиинсонии ӯ лағв хоҳанд шуд ва хонандагонаш омодаи он хоҳанд буд, ки ба хотири пӯшиши камбуди коғаз бист кило аз китобҳову асарҳои Брежневро биспоранд, то як китоби ӯ дар бораи сарбози обрӯманд Чонкинро ба даст оранд. Ин аст матни он нома:

Ҷаноби Брежнев! 

Шумо фаъолияти маро ноҳақона хеле баланд арзёбӣ кардед. Ман обрӯи давлати Шӯравиро нарезондаам. Ба шарофати роҳбаронаш  ва шахсан ҳиссаи шумо давлати Шӯрасвӣ ягон обрӯе надорад. Аз ин рӯ адолат он буд, ки Шумо худро аз ҳақи шаҳрвандӣ маҳрум мекардед. 

Ман фармони Шуморо эътироф намекунам ва онро на бештар аз як зоеъоти коғазии бефоида меҳисобам. Он аз нигоҳи ҳуқуқӣ комилан зиддиқонунист, аммо амалан ман нависандаи рус ва шаҳрванди он будам, ҳастам ва то охири умр ва ҳатто баъди он ҳам мемонам. 

Ман чун як нафаре, ки ба оянда басо хушбинам, шаке надорам, ки дар ин кӯтоҳмуддат ҳамаи фармонҳои Шумо, ки ватани фақири моро аз сарватҳои фарҳангии он маҳрум намуданд, лағв хоҳанд шуд. Аммо хушбинии ман барои эътиқод ба бартарафсозии камбуди коғаз кофӣ нест. Ва ба хонандагони ман лозим меояд, ки бисткилоӣ асарҳои шуморо супоранд, то як китоб дар бораи сарбоз Чонкинро ба даст оранд». 

17 июли 1981, Мюнхен.

Барои амалӣ шудани ин пешбинӣ ва ин орзу ҳамагӣ каме бештар аз як сол лозим шуд. Леонид Брежнев, ки як абарқудрати оламро муддати 18 сол гоҳ бемору гоҳ солим сарварӣ мекард, моҳи ноябри соли 1982 тарки олам кард ва дар як муддати хеле кӯтоҳ бисёре аз дастуру фармонҳои ӯ лағв шуданд. Бо гузашти як даҳсола Иттиҳоди Шӯравии қудратманд низ аз ҳам пош хӯрд, Войнович ба Ватан баргашт, ҳақи шаҳрвандии худро дубора барқарор кард. Китобҳое, ки қаблан чопашон мамнуъ буданд, борҳо нашр шуданд ва повесту романҳои навашро ҳам навишт. Вале дар Русияи аз бори сиёсатҳои коммунистӣ раҳошуда низ то ба охир вай бегона монд. Борҳо ба сиёсатҳои путинии кишвар эътироз карда буду унвонии сарвар нома навишта. Ва охирин эътирози вай ба забти Қрим буд. Номаи адибон ва фарҳангиёнро дар мавриди Қрим ва умумман рӯйдодҳои Украина маҳз ӯ ва ҳунарманди обрӯманд Лия Ахеджакова имзо накарданд. Войнович то охирин лаҳазоти умр зидди забти Қрим аз ҷониби Русия буд.  

Ва боз ҳам ӯ буд, ки замоне навишт: Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд, вале одами шӯравӣ боз дурудароз зиндагонӣ хоҳад кард. Яқинан, адиби номвар хӯи ғуломиву бардагии инсони шӯравиро дар назар дошт, ки ҳарчанд кишваре бо исми СССР аз миён рафт, вале одамони он боқӣ монданд ва солҳо лозим, ки мафкураи тангу тор ва хӯи ғуломӣ инсонҳои шӯравиро тарк кунад. Ва боре мушоҳида кард, ки «бо ғарбиён баҳс кардан комилан ҷолиб нест. Одами ғарбӣ чун мебинад, ки андешаи шахсии ҳамсуҳбаташ барои ӯ хеле арзишманд аст, омода аст худи ҳамон замон онро бипазирад, чизе ки дар мо буда наметавонад».

Кӣ буд Войнович?

Владимир Войнович 26 сентябри соли 1932 дар шаҳри Душанбе дар оилаи журналист ва котиби масъули рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» ва муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Рабочий Ходжента» Николай Павлович Войнович ба дунё омадааст. Гузаштагонаш аз сулолаи ашрофзодагони серб буда, аслан дар шаҳраки Новозибкови губернияи Чернигов, ки ҳоло вилояти Брянск мебошад, мезистаанд. 

Тири хунини тройка Николай Павловичро ҳам ба нишон гирифт ва соли 1936 чун аксари рушанфикрони замон падари ӯ низ гирифтори туҳмату буҳтон қарор гирифт ва зиндонӣ шуд. Баъди озодӣ ба сафи артиш даъват шуд, ки ба хати пеши ҷабҳа фиристоданд. Охирҳои соли 1941 дар ҷанг захмӣ гашт ва ба ақибгоҳ фиристода шуд. 

Баъди ҳабси падараш Владимир Войнович бо модар ва бобою бибияш дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) мезистанд. Вақте падараш озод шуд, онҳо ба Запороже, ба хонаи хоҳари ӯ баргаштанд. Моҳи августи соли 1941 якҷо бо модараш ба деҳаи Северо-Восточнии ноҳияи Ипатови кишвари Ставропол интиқол дода шуданд. Баъди он ки фашистон дар ҳамлаҳои худ муваффақ ба пешрафт шуданд, лозим омад онҳо дубора ба дохилтари кишвар, ба вилояти Куйбишев фиристода шаванд. 

Мутолиаи тарҷумаи ҳоли ин хонавода гувоҳ аст, ки он солҳо саргардониҳои зиёде насибашон шудааст. Аз маҳалле ба маҳалли дигар, аз вилояте ба вилояти дигар, гоҳ дар шаҳр зиставу гоҳ дар русто ва гоҳи дигар сокини пойтахти кишвар будаанд. Замони ҷанг саргардониҳои мардум беш аз ҳар вақти дигар буданд ва ин ба хонаводаи Войнович низ бетаъсир намонд. Аммо чизе, ки аз он метавонист шукрона кунад, боқӣ намондани доғи сиёҳ дар парвандаи ӯ буд. Яъне, падараш бо вуҷуди он ки дар солҳои табъиди тройка ҳабс шуда буд, вале тамғаи «душмани халқ» дар номаш надошт. Аз сӯи дигар дар майдони ҷанг ҳам корномаҳои хотирмон дошт, ки барои зиндагии шарафмандонаи худу пайвандонаш роҳ мекушод.  

Владимир аз соли 1950, ки ба сафи артиш даъват шуд, шеър менавишт ва аввалин чакидаҳои хомаашро дар нашрияи ҳарбӣ ба чоп мерасонд. Соли 1951 оилаи онҳо ба Керч кӯчид ва падараш дар газетаи  «Керченский рабочий» ба кор даромад. Баъди хатми хизмати ҳарбӣ ба назди падару модараш баргашт ва танҳо ҳамон вақт имкон ёфт синфи даҳумро хатм кунад ва соҳиби номаи камол шавад. 

Солҳои 1956 то 1959 дар институти адабиёт ва Донишкадаи омӯзгории Маскав таҳсил кард. Баъдан ба заминҳои навкорами Қазоқистон сафарбар гардид ва аввалин асари насрии худро эҷод намуд. Соли 1960 муҳаррири барномаҳо дар радио буд.  

Соли 1962 ба узвияти Иттиҳоди нависандагони СССР қабул шуд. Таронаҳояш дар мавзуъҳои гуногун зуд машҳур шуданд. Повести ӯ бо номи «Мо ин ҷо зиндагонӣ мекунем», ки соли 1961 дар маҷаллаи «Новий мир» чоп шуд, барояш шуҳрати нависандагӣ овард. 

Баъди ин Войнович ҷиддан даст ба насрнависӣ зад. Қисми авали романи вай «Ҳаёти ғайримуқаррарии сарбоз Иван Чонкин» аввалин маротиба бидуни иҷозаи муаллиф соли 1969 дар Франкфурти лаби Майн чоп шуд ва соли 1975 дар Порис матни комили он рӯи чопро дид. 

Аммо баъдан барои андешаи мvстақилонааш дар рӯйхати сиёҳи КГБ уфтод ва соли 1974 аз сафи Иттиҳоди нависандагони СССР хориҷ карда шуд. Борҳо барои суҳбат ба идораи хадамоти ҷосусии мамлакат даъват карда шуда, пешниҳод карданд, ки бо шартҳои барои онҳо қобили қабул асарҳояшро дар дохили кишвар интишор диҳад. Ҳатто дар мулоқоти дуввуми вай бо кормандони хадамоти бехатарӣ заҳролуд карда шуд, ки баъдан дар рӯзгораш таъсири амиқ гузошт.  Баъди ин вай бо номаи кушода ба Юрий Андропов муроҷиат намуд ва ин лаҳзаро баъдтар дар повести «Дело No 34840» ба тафсил навишт.

Ҳамчуноне болотар ишора кардем, моҳи декабри соли 1980 Войновичро аз Иттиҳоди Шӯравӣ пеш карданд ва як сол баъд бо қарори Шӯрои Олии СССР аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ низ маҳрум намуданд.   

Муддати 12 соли оянда дар Олмони Федерол ва ИМА зист, бо радиостансияи «Озодӣ» ҳамкорӣ намуд. Соли 1990 ҳуқуқи шаҳрвандиаш барқарор карда шуд ва ӯ ба СССР баргашт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ гузинаи матни гимни Русияро ба озмун ироа кард, ки басо танзомез буд. Войнович ҳамчунин рассомӣ ҳам мекард ва аввалин намоиши расмҳои ӯ 5 ноябри соли 1966 дар Маскав баргузор шуда буд. 

Ҳаёти хонаводагии адиби маъруф низ ҷолиб аст. Вай дар умри худ се маротиба хонадор шудааст. Аввал бо Валентина Василевна Войнович зистааст ва аз ӯ як писару як духтар доштааст. Духтараш Марина соли 2006 дар синни 48-солагӣ аз олам даргузаштааст ва писараш Павел дар ҳаёт аст. Соли 1964 бо Ирина Даниловна Войнович издивоҷ кардааст, ки пеш аз ӯ зани нависандаи самарқандитабори Русия Комил Икромов будааст. Аз ӯ духтаре дорад бо номи Олга, ки ҳоло дар Олмон як нависандаи шуҳратёфта аст.   

Ҳамсари сеюмаш Светлана Яковлевна Колесниченко мебошад, ки пештар зани журналист Томас Анатолевич Колесниченко будааст.

Владимир Войнович адиби ҷасур буд ва новобаста ба ҳар сиёсат мавқеъи шаҳрвандии худро оид ба ин ё он рӯйдод баён медошт. Охирин бор аз миёни ҳама арбобони санъату фарҳанг ва адабиёти рус нисбат ба қарори додгоҳи Русия оид ба Надежда Савченко маҳз ӯ ва Лия Ахеджакова эътироз карда буданд. 

Владимир Войнович соҳиби мукофоти Академияи санъати Бавария, хазинаи «Знамя», «Триумф», мукофоти давлатии Федератсияи Русия барои романи «Монументалная пропаганда» ва ҷоизаи А.Д.Сахаров «Барои ҷасорати шаҳрвандии нависанда» мебошад. Мукофоти давлатиро соли 2001 аз дасти В.Путин гирифтааст. 

Ва ин чанд сатр аз гуфтаҳои адиби маъруф: 

Модарбузурги ман одами хаёлпараст аст ва бисёр вақт ҳарфҳое мегуфт, ки бовар карданашон аслан имкон надошт. Ҳатто боре гуфта буд, ки замоне вай духтараки хурдакаке буд... 

****

Одаме, ки ватани худро фурӯхт, ватани бегонаро низ ҳатман хоҳад фурӯхт. 

****

Он коре, ки худи шумо метавонед анҷом диҳед, ба дигаре бовар накунед ва кореро, ки дигарон метавонанд бикунанд, ба уҳда нагиред.

****

Гирдиҳамоӣ ин чорабиниест, ки одамони зиёде ҷамъ меоянд ва гуруҳе он чиро мегӯянд, ки фикр намекунанд ва гуруҳе ба чизе меандешанд, ки намегӯянд.

****

Дар бораи оқибатҳо андешидан кори ноумедкунандаест, чун онҳо пешгӯинашавандаанд. 

 ****

- Аммо чун шумо китоб намехонед…

- То синфи ҳафтум хондам. Баъд сар шуд: ишқи аввал, ҳомиладории аввал, аввалин исқоти ҳамл ва дигар фурсате барои китоб ҳам набуд… 

Б.Шафеъ

Хонданд 492

Миллионҳо нафар дар Сайёра аз аввали моҳи июл, ки мулоқоти Трамп ва Путин-сарварони ду қудрати ҷаҳонӣ мушаххас шуд, дар интизорӣ ба сар бурданд. Ин миллионҳо хасташудагон аз ҷангу ҷидол ва кашмакашҳои хунин,

Хонданд 360
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.