.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Сиёсат

Шумо дар Сиёсат

Мавлуди сардафтари мактаби миллии сиёсатшиносӣ

Июл 30, 2018 Диданд: 70
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Сардафтари мактаби миллии сиёсатшиносии тоҷик, Ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИҶТ, профессор, доктори илмҳои сиёсӣ, файласуф Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ба синни мубораки 60-солагӣ қадам ниҳод.

 

Муҳаммад Абдураҳмон (Маҳмадов А. Н.) 25-уми июни соли 1958 дар шаҳраки Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Баъд аз хатми Донишкадаи давлатии Кӯлоб дар соли 1984, ӯ ба ҳайси ассистенти кафедраи коммунизми илмии ДДК ба фаъолияти меҳнатии худ шуруъ намуд. Баъдан ба сифати муҳаққиқ-коромӯзи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатии худро давом дода, дар солҳои 1989-1992 дар Аспирантураи шуъбаи рӯзонаи кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ш. Мински Белорусия ба навиштани рисолаи номзадӣ машғул шуда, ба унвони номзади илмҳои фалсафа ноил мегардад.

Бояд махсусан таъкид намуд, ки Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз нахустин доктори илмҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1993 дар мавзуи «Муошират ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ (таҷрибаи Тоҷикистон)» рисолаи докторӣ дар Донишгоҳи давлатии Мински Белорусия дифоъ намудааст.

Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки дар давоми ҳаёти пурмаҳсули илмии худ Муҳаммад А. Н. дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои иҷтимоию педагогии Русия (1997), сармутахассиси шуъбаи илми ДДК (1992-1997), муаллими калони Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ(1997), сармутахассиси шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2001), Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001-2006), Декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2006-2012) меҳнати пурсамар кардааст. Аз соли 2012 то 2015 ба сифати машваратчии калон - сардори шуъбаи амнияти иттилоотӣ, пешгӯӣ ва робитаҳои байналмилалии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2015 то 2017 дар вазифаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Дар давоми фаъолияти худ дар ин институти муътабар Муҳаммад Абдураҳмон анъанаи хуби донишпарварии роҳбарони собиқи ин пажуҳишгоҳ - академик Мусо Диноршоев, академик Кароматулло Олимов, профессор Абдувоҳид Шамоловро давом дода, барои боз ҳам вусъат додани фаъолияти илмӣ дар ин муассиса саҳми арзанда гузоштааст.

Профессор Муҳаммад Абдураҳмон дар тӯли фаъолияти илмию омӯзгории худ чунин китобу дастурҳоро таълиф намудааст: «Политология: предмет, структура и задачи курса» (1993), «Социология конфликта» (1995), «Асосҳои сиёсатшиносӣ (курси лексияҳо)» (1995), «Политические режимы» (1999), «Политическое поведение: социальные факторы и формы проявления» (2000), «Стратегияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2000), «Политические поведение: некоторые аспекты структурного анализа» (2003). «Фалсафаи варзиши Абӯалӣ Сино» (2005), «Политическая идеология современного мира» (2006), «Амният ҳамчун падидаи системаи иҷтимоӣ» (2007), «Амнияти Тоҷикистон: масъалаҳои миллӣ ва байналхалқӣ» (2007), «Сиёсатшиносӣ», китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ (2010), «Риторика ва баҳси сиёсӣ», китоби дарсӣ (2011), «Методикаи таълим ва таҳқиқи сиёсатшиносӣ», китоби дарсӣ (ҳаммуаллифӣ), (2012), «Муқаддимаи идеяи миллӣ», китоби дарсӣ (2013), «Назарияҳои сиёсии муосир» (2014), «Методикаи таълими риторика» (ҳаммуаллифӣ), (2015), «Общение как политическая деятельность» (2015), «Риторика и политическая полемика» (2015), «Истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ» (2016), «Наврӯзнома» (Слово об отце), (2016), «Махмадов А. Н., Хопёрская Л. Л., Государствнная независимость Республики Таджикистан: теория, история и политическая практика» (2016). Яке аз маҳсули тозанашри устод китоби «Инсон, сиёсат ва ҷомеа» мебошад. Дар ин монография масъалаҳои мубрами рушди инсон ва ҷомеа мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Муаллиф бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни илмию таърихӣ оид ба идеологияи сиёсӣ, таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ба таҳаввулоти муносибатҳои ҷамъиятӣ, шуури динӣ ва сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, роҷеъ ба таносуби инсон ва сиёсат, фард ва қобилияти маърифатӣ, имрӯзу фардои давлати миллӣ ва забон чун омили рушди ҷомеа андешаҳои ҷолиб баён месозад. Асари мазкур барои доираи васеи хонандагон иншо гардида, таҷрибаи таҳлили фалсафию сиёсии муаллифи он мебошад.

Инчунин, ӯ муаллифи мақолаҳои зиёди илмӣ-таҳқиқотӣ ва методиест, ки дар ҷумҳурӣ ва дигар нашрияҳои Москва, Минск, Киев, Вашингтон, Шветсия ва Эрон, Афғонистон ба табъ расидаанд.

Муҳаммад Абдураҳмон олими соҳибмактабест, ки таҳти мушовирӣ ва роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаҳои докторӣ ва 30 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Сиёсатшиноси нотакрор, шодравон Суҳроб Шарипов, файласуфи боистеъдод Хидирзода Махфират аз зумраи шогирдони номдори устод Муҳаммад Абдураҳмон мебошанд. Бо итминоми комил гуфтан мумкин аст, ки маҳз ҳамин гуна фарзонафарзандони миллат чун Муҳаммад Абдураҳмон ба Ватани худ, ба Тоҷикистони азизи мо самимона хизмат намуда, ҷавонони миллатро баҳри хизмат ба Ватан ва муттаҳид гаштан дар атрофи Пешвои миллат сафарбар мекунанд.

Миқдори умумии корҳои илмии чопшудаи профессор Абдураҳмон Муҳаммад дар маҷмуъ 20 китобу дастури таълимӣ, монографияҳо ва зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотиро ташкил медиҳад. Айни замон Муҳаммад Абдураҳмон муҳаррири масъули маҷаллаҳои илмии «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ» ва узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Маҷаллаи академии ҳуқуқ» ва «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (силсилаи фанҳои ҷамъиятшиносӣ) мебошад.

Мо ҳамкорон ва ҳамкасбон профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯзро бо ин санаи муборак аз самими қалб табрик намуда, ба ӯ комёбиҳои нави илмӣ ва эҷодӣ таманно дорем.

Тамоми ҳастии дунё бароят бод мегӯем,

Ҳамеша сарбаланду хонаат обод мегӯем.

Бубин умр то яксаду ҳаштод мегӯем,

Туро бо зодрӯзат мо муборакбод мегӯем.

 

Р. Ҷ. ҲАЙДАРОВ, доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ

Ҳ. Ҳ. ХОҶАЕВ, унвоҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ

Хонданд 70
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.