.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Сиёсат

Шумо дар Сиёсат

СУРИЯ: То ва баъди Башшор Асад

Июл 30, 2018 Хонданд: 395
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Субҳи бармаҳали тобистон соли 1994 Mercedes-и сиёҳ ба самти фурудгоҳи байналмилалии Димишқ роҳ пеш гирифт. Ҳаво сарду торик буд ва ҳамагӣ чанд метрро аз шишаҳои мошин базӯр медиданд. Аммо ин ронандаро ба изтироб намеовард:

вай на бо суръати паст, балки соате 140 км ҳаракат мекард. Вале дар як гашт Мерседес сахт садама дид ва ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ду соат пас дар ҳуҷраи хурдакаке дар Лондон садои телефон баланд шуд. Гӯширо ба зудӣ набардоштанд, дар пойтахти Британияи Кабир ҳоло субҳи бармаҳал буд.

«Башор, бародарбузурги ту дар як садамаи ҳавопаймо ба ҳалокат расид. Ба ватан баргард”,- чашмпизишки 28-сола дар гӯшии телефон садои падараш, президенти Сурия Ҳофиз Асадро шинохт. Баъди шаш соли дигар лозим омад Башшор ҷилави ҳокимият дар Сурияро ба даст гирад ва президенти он шавад.

 

Човандози Димишқ

 

Ҳофиз Асад Сурияро аз соли 1970 идора мекард. Он замон вай бо роҳандозии як табаддулоти бехунрезӣ дӯсти наздик ва ҳаммазҳабаш генерал Салоҳ Ҷадидро аз қудрат дур кард. Моҳи марти соли 1971 Асад дар интихоботи президентӣ ширкат намуд ва чун номзади ягона буд, бо дарёфти 99,2 дарсади овозҳо ба ин симмат баргузида шуд. Ва хеле ба зудӣ дар Сурия шахспарастӣ реша давонд: ба шарафи президент ва хешовандонаш муассисаҳои гуногун ва иншоотҳову кӯчаҳоро номгузорӣ мекарданд, портреташонро дар кӯчаҳои шаҳру рустои мамлакат меовехтанд. 

Оила ва ҳаммазҳабони аловитиаш барои Асад такягоҳи аввалиндараҷа буданд. Соли 1958 вай бо Аниса Махлюф идивоҷ кард ва ин барояш имкон дода буд, ки узви як хонадони хеле сарватманди Сурия шавад. Аниса аввал духтар ба дунё овард ва ин ду сол баъди издивоҷ, соли 1960 буд ва номашро Бушра гузоштанд. Басил-аввалин писари хонадон соли 1962 ба олам омад ва ӯ то ба анҷом аз дӯстдоштатарин фарзандони падараш маҳсуб мешуд. Баъдан се писари дигар: Башшор, Маҷид ва Моҳир ба дунё омаданд. 

То аввали солҳои 1980 ягон омиле салтанати Асадро таҳдид намекард ва ӯ дар фикри ворис ҳам набуд. Вай ба бародараш Рифат бештар бовар мекард ва Рифат низ бо рафтораш сазовори боварии ӯ шуда буд. Рифат ҳазорон суриёиҳо ва миллатҳои дигари сокини мамлакатро бераҳмона қатли ом мекард. Бахусус ин бераҳмиҳо дар соли 1982, ки мардум даст ба эътисоб зада буданд, ҳадду канор надоштанд. Каме баъдтар Асад бо дилаш мушкил пайдо кард ва лозим омад муддати дурудароз аз идораи кишвар дур равад. Дар ҳамин ҳол Рифат ташаббусро ба даст гирифт ва талош кард ҳокимиятро ғасб кунад. 

Миёни бародарон бо ширкати неруҳои вафодор ба давлат ҷангу хунрезӣ шуруъ гардид. Модари онҳо тавонист ду бародарро ба сулҳ оварад ва дар ин миён Асад дар интихоботи президентӣ бори сеюм интихоб шуд. Баъди интихобот Рифат мансаби ноибии президентро гирифт ва салоҳиятҳои зиёдеро ҳам ба ӯ доданд. Вале хеле ба зудӣ ӯро ба хориҷи кишвар – ба Аврупо фиристоданд ва барои бозгашташ садҳо монеъа эҷод шуд. 

Дар оғоз Асад мехост аз бародараш халос шавад, вале духтараш Бушра садди роҳаш шуд. Зеро Рифат ҳам бо бонуе аз хонаводаи Махлюфҳо ҳамхона шуда буд. Ва қину қасоси бародар метавонист мушкиле бо авлоди занашро ба бор орад ва ин миёни аловитҳо ҳам бетаъсир намемонд. Писари калонии Асад он солҳо аз артиш ва аз сиёсат хеле дур буд. Замони ошӯби амакаш вай дар Донишгоҳи Димишқ таҳсил мекард ва мебоист муҳандис мешуд. Вале ин замон Асад тарҳи нав кашид ва хост писари калониаш Басилро чун вориси худ омода созад. Аз ин рӯ, ӯро аввал ба академияи ҳарбӣ ва баъдан ба Иттиҳоди Шӯравӣ фиристод. 

Дар яке аз мусоҳибаҳои худ Басил мегуфт, ки аъзои оила падарашонро тақрибан намедиданд. “Падарам ба хона меомад, вале ончунон ба кор фурӯ рафта буд, ки мо баъзан то се рӯз наметавонистем як суҳбати кӯтоҳ бо ӯ дошта бошем. Мо ҳеч вақт бо ҳам субҳона ё таоми чошт намехӯрдем, ман ҳатто ягон зиёфати оилавиро бо ширкати ӯ ёд надорам. Танҳо як ё ду маврид, ки он ҳам ба корҳои давлатӣ иртибот дошт. Тобистонро мо дар Лакатиё мегузаронидем: падарам кӯшиш мекард як-ду рӯз бо мо бошад ва баъд ҳафтаҳо дар ҳуҷраи кории худ гум мешуд”. 

Аз соли 1990 ширкатҳои расмии телевизионии Сурия ва нашрияҳои он замон амалан Ҳофиз Асадро Абу Басил меномиданд. Дар калонтарин шаҳрҳои Сурия портрети писари калонии Ҳофиз Асад пайдо шуданд. Кишварро ба вориси тоҷи шоҳӣ омода мекарданд. Соли 1991 Асад бори чорум дар интихобот пирӯз шуд, чун ҳамеша ягона номзад буд ва 99,9 дарсад овоз гирифт. 

Басил Асад асббозиро басо дӯст медошт ва човандози моҳир ҳам буд. Падарашро ин шуғли писараш хуш меомад ва ҳатто майдони асптозии миллии кишварашро ба номи ӯ гузошт. Басил дар аспдавониҳо ҳамеша ғолиб меомад, вале соли 1993 човандози урдунӣ Аднна Кассар ба марра аз вай пеш расид. Баъди ин вайро сахт латукӯб карданд ва дар яке аз зиндонҳои Димишқ андохтанд. То соли 2004 вай дар зиндон буд. 

Соли 1991 Басил фармондеҳи яке аз бригадаҳои Горди президентӣ таъин шуд ва бо ташаббуси вай дар кишвар як амалиёти сартосарии мубориза бо фасод оғоз гардид. Ҳофиз Асад ҳамчунин писари худро нозири заминҳои ишғолии Лубнон таъин кард. Басил соҳиби қудрати беандоза шуд, вале ин падарашро қонеъ намекард, аз ин рӯ вайро ба омӯзиши халабонӣ фиристод. Аммо Басил сарнавишти талх дошт, субҳи бармаҳали моҳи январи соли 1994 дар садамаи мошин ба ҳалокат расид. Дар сартосари Сурия мотами умумимиллӣ эълон шуд, муваққатан фурӯши нӯшокиҳои алкулиро қатъ карданд. Ӯро дар қабристони авлодии Лакатиё ба хок супурданд ва баъди шаш сол падараш Ҳофиз Асад ба вай пайваст.

 

Дар ҷустуҷӯи ворис

 

Марги писар барои президенти Сурия зарбаи сахте буд. Сарфи назар аз дидгоҳҳои сиёсии духтарбузурги Асад Бушра мебоист ворис яке аз писарони ӯ мешуданд. Маҷиб наметавонист ин нақшро бибозад, чун аз кӯдакӣ гирифтори бемории маҷзубият буд. Ба назар мерасид писри хурдии ӯ Моҳир номзади арзандатар ба ин симмат аст. Вале вай фарзанди дӯстдоштаи модар ва худсариҳову нописандиҳо низ дошт. Президенти Сурия билохира ба ин натиҷа расид, ки бояд Башшор ба ватан баргардад ва ворис ӯ бошад. 

Бошшор Асад - шахсияти комилан зид ба афкору хислати бародараш Басил аст. Башшор ҳанӯз аз замони ҷавонӣ ба ҷанҷолу пархош майл дошт ва дар бораи шуҳрат дар олами тиб талош мекард. Ҳофиз ба ин монеъ намешуд ва писарашро ба яке аз машҳуртарин мактабҳои Димишқ-литсеи фаронсавии “Ҳуррийя” равона кард. Ҳамсинфонаш ба ёд меоранд, ки он солҳо Башшор бачаи орому ботамкин буд. Ҳангоми таҳсил вай тақрибан бо касе аз ҳамсинфон иртиботи наздике надошт. Вай бачаи ба худ нобовар ба камол мерасид. Вақте сухан мегуфт, бо дастонаш даҳонашро мепӯшид. Аз он ки садояш аслан паст буд, боз ин даҳанбандӣ ҳарфҳояшро бештар ношунаво мекарданд. 

Баъди хатми мактаб Башшор ба факултаи тиббии Донишгоҳи Димишқ дохил шуд ва як донишҷӯи ҷӯёву пӯё буд. Баъди анҷоми донишгоҳ Асад мехост таҳсилашро дар хориҷа дар ҳамин ришта идома диҳад, вале падараш ба он исрор меварзид, ки Башшор хизмати ҳарбӣ кунад. Аз ин рӯ солҳои 1988-1992 Башшор вориди хизмати ҳарбӣ дар бемористони ҳарбии Тишрин ба сифати духтури чашм шуд. Танҳо соли 1992 ба вай иҷоза доданд, ки ба Лондон равад. Ба рафтани Башшор ба Лондон модараш нақш бозид, маҳз ӯ буд, ки Ҳофиз Асадро водор намуд ба хуруҷи писараш аз Сурия иҷоза диҳад. Баъди ин тамғаи “писари модар” ба Башшор часпид. Бино ба гуфтаи суриёиҳои соҳибмансаб Башшор ҳамеша дар масоили давлатӣ ва идораи кишвар аз модараш Аниса Махлюф маслиҳату машварат мехост. 

Башшор ду солро дар Лондон пушти сар кард ва тӯли ин ду сол бо номҳои сохтаву бофта дар бемористони Марияи Муқаддаси ин шаҳр чун пизишки чашм кор мекард. Ба шарофати он ки дар мамлакат бештар мутаваҷҷеҳи бародари бузурги вай Васил буданд, вай ҳамеша метавонист чеҳраи худро пинҳон нигоҳ дорад ва аслан ҳатто кам касон медонистанд, ки Башшор чӣ шаклу сурате дорад. Дар пойтахти Британия Асади ҷавон бо бисёре аз зодагони Сурия ҳамсуҳбат мешуд ва бештар аз дигарон бо хонаводаи дилшиноси машҳур Фаваз Ахрас, ки аз бачагӣ онҳоро мешинохт, иртибот дошт. Ҳамроҳ бо духтари вай Асма Башшор ба консерти Фил Коллинз ва дигар сарояндагону навозандагони машҳури Британия мерафт. 

Соли 1994 ҳаёти орому беташвиш барои Башшор Асад ба поён расид. Як занги телефонии падар аз Димишқ ба ҳама шуҳрати пизишкии вай нуқта гузошт ва ӯ барои дафни бародар ба Димишқ баргашт. Дар ҳамин айём дар Сурия маъракаи таблиғотие бо шиори “Басил идеали мо ва Башшор ояндаи мо” шуруъ мешуд. 

Ҳофиз Асад дарк мекард, ки барои бозгашти Башшор чун ворис бояд фавран ду масъалаи муҳимро ҳал мекард: ба писари худ бояд таҷрибаи комили кори ҳарбӣ ва сиёсӣ диҳад. Дар оғоз вай писарашро капитани бахши ҳарбии Сурия таъин кард. Барои вай лозим омад дарсҳои омӯзишии афсариро пушти сар кунад ва ҷойи Басилро дар Горди раёсати ҷумҳурӣ ишғол намояд. Дар натиҷа Башор дар чор сол маълумоти ҳарбӣ ба даст овард: бародарбузургаш ин роҳро дар 15 сол тай карда буд. Ҳамаи ин осемасариҳо аз он буд, ки Асад рӯз ба рӯзу моҳ ба моҳ саломатии худро аз даст медод ва талош мекард ҳоло, ки зинда аст, сарнавишти писараш дар ояндаи Сурия мушаххас шавад. 

Ғайр аз уҳдадории ҳарбӣ аз бародараш Басил ба Башшор “Клуби суриёии компутерӣ” мерос монда буд. Аммо дар кишвар ҳоло интернет вуҷуд надошт. Компютерҳои мавҷуда ҳам фарсудаву аксар корношоям шуда буданд. Соли 1998 ба Башшор муяссар шуд, ки падарашро водор ба лағви қонуни манъи ворид намудани воситаҳои электронӣ аз хориҷи кишвар кунад ва ризояти ӯро барои ба Сурия овардани Интернет гирад. 

Дар ин миён лозим меомад бо душманони дохилӣ низ мубориза бурд. Аввалин касе, ки бояд ҳисобӣ мекарданд, амаки Башшор Рифат буд, ки соли 1992 ба дафни модараш ба Сурия омад ва қасд кард, дигар барои ҳамеша дар ватанаш бимонад. Ӯро бори дигар ба Аврупо ихроҷ карданд ва дар Аврупо вай алалкай медиа-империяи мубориза бо мероси Ҳофизро дошт. 

Дар ин миён Ҳофиз Асад дар артиш як поккории густардаро ба роҳ монд, ҳизбашро аз ашхоси ба андешаи ӯ нолиқ пок кард, ҷойи онҳоро ба афсарҳои ҷавони аловитӣ дод. Бисёре аз собиқадорони артиш ва хадамоти ҷосусӣ ба истеъфо фиристода шуданд. 

Соли 1998 Башшор Асад роҳбари қувваҳои Сурия дар Лубнони ишғолӣ таъин гардид. Вай дар ин симмат яке аз наздиктарин шахсони падараш - Абдул Ҳалим Ҳаддомро иваз кард. Муддати як сол баъди таъин шудани Башшор дар Лубнон чандин генерали олимансаби Сурия, ки ба таъини Башшор мухолиф буданд, кушта шуданд. Моҳи январи соли 1999 ба Башшор рутбаи ҳарбии полковникӣ дода шуд. 

Як моҳ баъд дар Сурия интихоботи президентӣ баргузор шуд ва Ҳофиз Асад бори паҷум раиси ҷумҳур интихоб гардид. Ин бор вай на 99 дарсад, балки 100 дарсади овозҳоро соҳиб шуд. Дар мамлакат баъди интихобот як маъракаи густардаи мубориза бо коррупсия оғоз шуд, ки онро Башшор Асад сарварӣ мекард. Дар қатори ришвахорони асосӣ ва машҳур бисёре аз намояндагони “горди пешин” низ ба даст афтоданд, ки ин барои ояндаи Башшор нақши муҳим бозид. 

Ин поккорӣ замоне ба авҷи худ расид, ки тирамоҳи соли 1999 дар Лакатсия миёни тарафдорони амакаш Рифат ва неруҳои давлатӣ муборизаи мусаллаҳона шуруъ гардид. Қувваҳои вафодор ба Башшор ин исёнро пахш карданд, каме пештар аз ин Рифате, ки акнун ба хориҷи кишвар ронда шуда буд, аз вазифаи ноиби президентӣ сабкдӯш гардид, ҳарчанд тӯли ин солҳо вай расман аз дур ҳам, ки буд ин курсиро ишғол мекард ва таъсире ҳам ба ҳаёти сиёсии кишвар надошт.

 

Падар дигар мадад намекунад

 

Дар ин миён саломатии Ҳофиз Асад рӯз то рӯз бад мешуд. Соли 1999 вай дар як рӯз дигар наметавонист аз ду соат бештар кор кунад. Вале вай даст аз сафарҳои хориҷӣ намекашид ва ин солҳо ба як қатори мамлакатҳои олам, аз ҷумла ба Русия сафари расмӣ анҷом дом дод. Аз кишварҳои Ховари Наздик дидан кард ва Башшор дар ин сафарҳо ӯро ҳамроҳӣ мекард. Бо ин васила Ҳофиз вориси худро ба шоҳи Арабистони Саудӣ ва дигар шоҳони кишварҳои минтақа шинос кард. 

Чанд моҳ баъд, 10 июни соли 2000 Ҳофиз Асад бо сарвазири Лубнон телефонӣ суҳбат кард ва дар ин ҳангом вазъи саломатиаш бад шуд ва бар асари сактаи қалбӣ тарки олам кард. Идораи кишвар ба уҳдаи кумитае гузошта шуд, ки онро Абдул Ҳалими Ҳаддод идора мекард. Бо аввалин фармони худ ин кумита ба Башшор унвони ҳарбии маршал дод. Тибқи конститутсияи Сурия президенти ин кишвар касе мешуд, ки синнаш ба 40 расида бошад. Аммо он замон Башшор 34 сол дошт. Ва ин моддаи конститутсияро тағйир доданд. 

Аллакай 20 июн анҷумани ҳизби БААС баргузор шуд, ки Башшорро Дабири кулли он интихоб намуд ва номзадии ӯро ба президентӣ пешниҳод кард. Дар интихобот Башшор номзади ягона буд ва бо дарёфти 97,29 дарсади овозҳо раиси ҷумҳури Сурия интихоб шуд. Баъди ин аввалин телефонҳои мобилӣ дар Сурия пайдо шуданд. Моҳи ноябри соли 2000 аз Лондон Асма Аҳрас ба Димишқ омад ва Башшор бо вай издивоҷ кард.

 

Баҳори суриёӣ

 

«Ҳамватанони азиз, муҳаббат ва боварии маро ба шумо ҳадду марзе нест. Умедворам ба ман иҷозат медиҳаед қайд кунам, ки шахсе, ки шумо дӯсташ медоштед ва эҳтиромаш мекардед, бо расидан ба ин мансаб дигар намешавад. Вай аз миёни мардум баромад, бо мардум зист ва ҷузъе аз ҳамин мардум хоҳад буд. Одаме, ки президент шуд, ҳамон духтур, ҳамон афсар ва дар навбати аввал шаҳрванди ҳамин мамлакат аст”,- ин иқтибос аз суханоронии ӯ дар маросими савгандёдкунии президенти Сурия ва муроҷиаташ ба мардум аст. 

«Вақте инсон бидуни эҳсоси масъулият ин гуна як мансаби муҳиму олиро ишғол мекунад, вай ғайр аз қудрат чизи дигарро ба даст намеорад. Аммо қудрату ҳокимият бе ҳисси масъулият сарчашмаи беназмӣ ва суқути институтҳои идорӣ мешавад”,- мегуфт ӯ. Ва касоне ҳам кам набуданд, ки бӯйи демократияро дар кишвар аз ин суханони президенташон эҳсос мекарданд, гумон доштанд ин кишвар акнун рӯ ба олами демократӣ хоҳад овард. 

Асад дар ҳақиқат ба “баҳори Димишқ” роҳ кушод. Чандин ҳизбҳои мухолифи мамнуъро иҷозаи фаъолият дод, фишор боли матбуотро коҳиш дод, садҳо маҳбусони сиёсиро аз зиндонҳо озод кард. Шаҳрвандон имкони ошкор гуфтану баҳс кардан дар масоили сиёсӣ ва ояндаи кишварашонро пайдо карданд. Ҳаёти сиёсӣ дар Сурия баъди солҳо хомӯшӣ ба ҷӯш омад. Баҳсҳои сиёсӣ гарм шуданд. 

То ҳол барои доираҳои коршиносӣ маълум нест, ки Башшор Асад дар ислоҳот то куҷо самимиву рост буд. Иддае мегӯянд Башшор, ки дар кишвари аврупоӣ зиста буд, мехост то ҷойе як низоми нисбатан демократиро бунёд кунад. Вале мухолифонаш ин ҳамаро сохтакорӣ медонистанд, онҳо мегӯянд, ки ин ҳама ба хотири ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ аст. 

“Баҳор”-и сиёсӣ амалӣ нашуд, вале иқтисоди ин кишвар таваҷҷуҳи хос талаб мекард. Ҳофиз Асад бо сокинони кишвараш як муоҳада дошт: онҳо набояд ба сиёсат дода мешуданд, ҳукумати кунуниро дастгирӣ мекарданд, ба ивази ин ҳатто фақирони рустоӣ ҳам имкон доштанд бо истифода аз нархи бозор зиндагии худро ба роҳ монанд. 

Аммо дар замони Башшор ин модели фаъолият коромад набуд. Аз замоне, ки оилаи Асадҳо ҳокимиятро дар Сурия ба даст гирифтанд, аҳолии он ду баробар афзуд ва пул ҳам амалан намерасид. Аз ин рӯ сарвари нав бо вуҷуди мухолифатҳои горди куҳан ба ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ иқдом кард. Дар кишвар донишгоҳҳои хусусӣ кушода шуданд, ки забони англисӣ ва робитаҳои байналмилалиро меомӯзониданд, бонкҳои хусусӣ ҳам пайдо шуданд, матбуоти озоди хусусӣ низ. 

Аммо чуноне дар Ховари наздик маъмулан рух медиҳад, ислоҳоти иқтисодӣ на ҳамеша ҳадафи сарватманд кардани мардум ва кишварро доштанд, балки барои хонаводаҳои ҳоким хизмат мекарданд. Дар Сурия низ ҳамин ҳол пеш омад. Яке аз дӯстони наздики Башшор Абдул Нур, ки ба таҳияи қонунҳо мадад мекард, баъди он ки Башшор аз вай хост моддаҳоеро барои нигаҳдошти нуфузи оилаи вай ҷо кунад, ҳама иртиботҳояшро канд ва рафт ба Амрикову дар Лос-Анҷелос рӯзномаи мухолиферо бо номи All4Syria интишор дод. Дар натиҷаи ин ислоҳот ҳокимон соҳибсарваттар шуданд ва ин муҷиби норозигӣ дар ҷомеаи кишвар шуд. Соли 2002 президенти вақти Амрико Ҷорҷ Буш Сурияро ба рӯйхати кишварҳои “Меҳвари бадӣ” ҷой дод, фишорҳои байналмилалӣ оғоз шуданд.

 

Хуруҷ аз Лубнон

 

14 феврали соли 2005 дар Бейрут, пойтахти Лубнон инфиҷори сахте рух дод, ки бар асари он Рафиқ Ҳарирӣ-яке аз пешвоёни мухолифони суриёӣ кушта шуд. Сурия муддати 30 сол Лубнонро идора мекард. Қувваҳои ҳарбии он соли 1970 вориди ин кишвар шуда буданд: ин замоне буд, ки миёни масеҳиён ва мусалмонони Лубнон ҷанги дохилӣ идома дошт. Он замон бо хоҳиши мусалмонҳо неруҳои Сурия вориди хоки Лубнон шуданд ва Лубнон ба мустаъмараи Сурия табдил шуд. Димишқ Бейрутро бо қувваи ҳарбӣ идора мекард ва гуруҳи “Ҳизбуллоҳ”, ки Эрон сохта буд, ба алавитҳои Сурия дар кори идораи ҳокимият дар Лубнон ёрӣ мерасонд. Баъди марги Ҳофиз Асад дар Лубнон талабҳои рондани артиши ишғолгари Сурия бештар ба гӯш мерасид. 

Қатли Рафиқ Ҳарирӣ қатраи охир дар косаи сабри мардуми Лубнон шуд, мардум дар кӯчаҳо рехт, пештар эътирозҳо асосан масеҳӣ буданд ва ҳукумат бо такя ба мусалмонҳо онро ба зудӣ пахш мекард. Аммо ин бор онҳо ба синфҳо ва табақаҳову динҳо ҷудо нашуданд ва ин муҷиби он шуд, ки фишор ба ҳукумати Асад бештар шавад. Аз сӯйи дигар омилҳои беруна низ кори худро карданд. ИМА ва Фаронса иҷрои бечунучарои Қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ аз соли 2004, ки хуруҷи қувваҳои ишғолгари Сурия аз Лубнонро талаб мекард, дархост намудан. Бо ин Русия ва Олмон ҳамроҳ шуданд. Сергей Лавров-вазири умури хориҷии Русия гуфта буд: “Сурия бояд аз Лубнон хориҷ шавад, вале мо бояд ба ин бовар бошем, ки ин рафтан таносуби қувваҳоро халалдор ва сулҳу субот дар кишварро барҳам назанад”. 

Зердастони Асад даст ба инфиҷорҳои бесобиқа дар Бейрут заданд, мухолифони салтанати Сурияро мепарронданд, вале мардум дигар пас нагаштанд, талафоти ҷонӣ афзуд, аммо муқовимат шиддат гирифт. Сарвари друзҳои Лубнон Валид Ҷумлатт изҳор дошт, ки ҳамлаи Амрико ба Ироқ сабаб шуд, ки муқовимат пирӯз шавад. “Ман дар ибтидо ба нобоварӣ менигаристам. Аммо вақте медидам, ки ироқиҳо чӣ гуна овоз медиҳанд, дарк кардам, ки олами араб нав мешавад”. Самир Кассир-сарвари як гуруҳи пурнуфуси мухолифон навишт, ки демократия дар Ховари Миёна на ба шарофати президент Башшор, балки бархилофи хостаҳои вай қадам гузошт.

 

Роҳ ба ҷаҳаннам

 

Баъди шикаст дар Лубнон Башшор Асад ба таҳкими пояҳои ҳокимияти худ идома дод. Горди пешини аловитҳоро аз қудрат дур карданд ва худи Ҳаддом, ки баъди марги Ҳофиз Асад мамлакатро идора мекард, рӯ ба мухолифон овард. Соли 2003, вақте ИМА ба Ироқ ҳамла кард, Асад фурудгоҳҳои кишварашро барои интиқоли муҷоҳидон дар ҷанг зидди янкиҳо иҷозат дод. 

Вазъ дар Сурия баъди интихоботи соли 2007, ки Асад 97,3 дарсади овозҳоро соҳиб шуд, тағйир ёфт. Муаррихи амрикоӣ Дэвид Леш, ки дар бораи Сурия зиёд гуфтаасту навиштааст, бардоште аз ин интихобот дорад дар ин шакл: “Ман гумон мекардам вай хоҳад гуфт: “Дӯстон, охир ин интихоботи ҳақиқӣ ҳам нест”, вале баръакс гуфт: “Одамон маро дӯст медоранд ва ин нишондиҳандаи муҳаббати онҳост”. Ёд дорам ман он вақт ба ин назар будам, ки вай тамъи ҳокимиятро чашид ва акнун тамоми умр президент хоҳад монд”. 

Соли 2005 Башшор Асад ба Маскав сафар кард ва Путин 73 дарсади қарзҳои ин кишвар аз Иттиҳоди Шӯравиро, ки баробар аз 13,4 миллиард доллар буд, бахшид. Табодули коло дар ин солҳо миёни Русия ва Сурия ҳамагӣ то 459 миллион доллар мерасид ва на аз ин беш. 

Наздикони Асад аз рӯз ба рӯзи дигар сармоядортар мешуданд, вале мардум торафт ба фақр мепечид. 

 

Оғози эътисобҳои сартосарӣ

 

Ҳамза ал-Хатиб ҳамагӣ 13 сол дошт. Вай дӯст медошт ба фақирон хайр кунад, дӯст медошт дар канали фермаи падараш оббозӣ кунад ва дар боми хонаашон кабутаронро парвариш намояд. 24-уми майи соли 2011 ҷасади беҷони ӯро ба волидонаш доданд. Ба дастонаш тир зада буданд, дар баданаш захмҳои фаровон дида мешуданд, гарданашро шикаста буданд. 

Ҳамза ал-Хатибро ҳарбиёни вафодор ба Башшор Асад аз миёни издиҳоми тазоҳуротгар боздошт ва бо сахттарин шиканҷа кушта буданд. Писарак миёни афроде уфтода буд, ки мегуфтанд: “Халқ мехоҳад ин низом суқут кунад”. Башшор Асад дарси падари худро ёд дошт, ки амалан шаҳри шӯришгарон Хомаро ба хок яксон карда буд. Артише, ки аз Исроил калтаки шикаст хӯрда буд, қасоси худро аз мардуми бесилоҳ мегирифт, ҳамаро яксара мекушт, ба чоҳ меандохт, хонаҳоро ба оташ мекашид. Як тазоҳуроти бисёрҳазора дар Димишқро низ пулис ҳамин гуна саркӯб карда буд. 

Барои Ҳамзаи ғӯрамарг суриёиҳо ба по хестанд. Мавҷи ноамниҳо кишварро пурра фаро гирифт. Асад бо шеваи бераҳмона зидди шӯришчиён мубориза мебурд. Ҳатто шаҳри Алеппоро бомборон кард, ҳазорон нафарро бегуноҳ кушт. Артиши озодихоҳи Сурия дар ҳамин ҳол пайдо шуд... 

Дар солҳои ҷанг Сурия амалан чун кишвар нобуд шуд. Бахше аз қаламрави онро курдҳо ишғол карданд, қисматеро ДОИШ, қисмати дигарро гуруҳҳои гуногуни ҷангии исломӣ ва ғайриисломӣ. 

Асад дигар як ҳокимест, ки қудрат надорад. Бо пуштибонии Эрону Русия ҳоло худро президент медонад. Танҳо бо дахолати қувваҳои ҳарбии Русия тавонист бахши азими мамлакаташро дубора ишғол кунад. Соли 2017 Башшор бо имзои қонуне ширкатҳои эрониро аз пардохти молиёт озод кард, вале нисбати Русия иқдоме ба ин монанд сурат нагирифтааст. Маскав бо он ки чанд пойгоҳи ҳарбиву фурудгоҳи Сурияро дар даст дорад, иктифо мекунад. 

15 апрели соли 2018 Башшор Асад баъди зарбаи ИМА ва муттаҳидонаш ба Сурия дар қароргоҳи худ вакилони Думаи Русияро ба ҳузур пазируфт ва ба онҳо эълон кард, ки барои барқароркунии Сурия ин кишвар ба 400 миллиард доллар эҳтиёҷ дорад. Аммо вай нагуфт, ки ин миқдорро аз куҷо хоҳад дастрас кард...

 

Алексей Наумов,

Владимир Корягин

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Хонданд 395
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.