.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Слайд

Шумо дар Слайд

Иброҳим Усмонов: Кӯдакиро не, умри боқиро бояд фикр кард!

Сен 08, 2018 Хонданд: 930
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Иброҳим Усмонов: Кӯдакиро не, умри боқиро бояд фикр  кард!

- Устод, ба наздикӣ ҳафтодсола мешавед. Ёди гузашта ба Шумо чӣ медиҳад?

- Аслан ман гузаштаамро фикр намекунам. Гузаштаро бояд пеш аз омаданаш фикр кард. Вохӯрие, суҳбате, ҳодисае ё воқеае, ки ҳоло ба амал меояд, агар монандаш чанд соли қабл бо ман рух дода бошад, ба ёдам меояд, тамом. Ба андешаи банда,  на ман ба гузашта ва на гузашта ба ман дигар чизе дода наметавонем.

- Кӯдакию наврасӣ чӣ?

- Ман нисбат ба он ки кӯдакиамро фикр кунам, авлотар медонам, ки дар фикри умри боқимонда бошам. Аз он фикр мекунам, ки чӣ гуна умри боқимондаамро ба нафъи миллату давлат истифода барам.

- Бисёриҳоро дидему шунидем, ки бо гузашти солҳо ақидаашонро иваз карданд...

- Шуморо фаҳмидам. Ман ҳеҷ вақт ақидаамро дигар накардаам. Ман дар аввал ҳам ақидаи марксистӣ доштам ҳоло ҳам ақидаам марксистӣ аст. Қаблан ҳам ақидаи тоҷикона доштам, ҳоло ҳам ба ақидаи тоҷикона зиндагӣ дорам ва итминони комил дорам, ки ҳамин тавр то охирин нафас мезиям. 

- Дар дафтари луғати ҳар нафар вожае вуҷуд дорад, ки барои соҳибаш арзишмандтар аз дигар муқаддасот аст. Барои Шумо кадом калима муқаддас аст?

- ТОҶИК. Ман тоҷикам ва аз ин ифтихори беандоза дорам. Ман тоҷикам ва гузаштаву ояндаамро танҳо ба калимаи тоҷик муаррифӣ мекунам. Бобову бобокалон ва набераҳову абераҳои маро ҳам танҳо бо калимаи тоҷик муаррифӣ бояд кард. Бароям пеш ва болотар аз ҳама тоҷик будан аст. Ҳатто пеш аз эътиқоди динию сиёсиям ҳам.

- Чӣ тавр метавон шукри тоҷик буданро кард?

- Шукри нафасҳоро кардан, аз худ розӣ будан маънои онро дорад, ки аз тоҷик буданатон шукргузор ҳастед. 

- Шумо дар арафаи 70-солагӣ қарор доред. Чи хотираи муҳимеро гуфтан мехоҳед? 

- Лаҳзаҳои хубу мондагор дар ҳаёти ман зиёданд. Яке аз онҳо ин аст, ки дар шабу рӯзе, ки ман мактаби миёнаро хатм кардам, дар ДДМТ шӯъбаи журналистика таъсис ёфт.Ман хеле хушбахт будам, ки шомили ин шӯъба шуда, бо шарофати устодоне чун С. Табаров, Д. Тоҷиев, М. Қосимова, С. Воҳидов онро бо дипломи аъло хатм кардам.

- Лаҳзаи дувум...

- Лаҳзаи дувум аспирантураро дар Маскав пеш аз муҳлат хатм карданам аст.

- Лаҳзаи савум...

- Ман дар замони музокироти миёни тоҷикон як чизи муҳимро омӯхтам. Тарафҳои музокиракунанда бояд дар симои якдигар душман не, балки дӯстро бубинанд. Вақте роҳи интихобкардаи мухолифин ба роҳи интихобкардаи мо мувофиқат намекунад, бояд кӯшиш кард, ки аз ду роҳ як роҳ сохт.

- Лаҳзаи чаҳорум...

-Дар дил тасдиқ кардани он ки мо ва мухолифини Ҳукумат як ният доштем: фазои ватанамон бояд ором бошад. Бояд ҳама шаҳрвандони кишварамон озодона кору зиндагӣ карда тавонанд. Бояд кӯдаку ҷавону пир нафаси озод ва осуда бигиранд...

- Лаҳзаи панҷум...

- Солҳои 1990-1992 дар телевизиони мо журналистоне кор кардаанд, ки натавонистанд ҳақро дастгирию ноҳақро маҳкум кунанд. Ба мардум нишон дода натавонистанд, ки роҳи хаторо аз роҳи рост фарқ кунад. Он вақт раиси Кумитаи Телевизиён ва Радиё Бобоҷон Икромов таъин шуданд ва тавонистанд телевизиони дар хиҷолатбуда ва беобрӯшударо аз он ҳолати ногувор бароранд. Он замон бисёр душвор буд зидди ҷараёни дарё ҳаракат кардан, аммо мо ба мақсад расидем. 

- Лаҳзаи шашум...

- Агар мо то фардо доири лаҳзаҳои ба хотир монда бигӯем, тамом намешаванд. Фикр мекунам кифоя аст...

- Шумо умри худро сарфи таълиму тарбия кардед. Буданд ва ё ҳастанд донишҷӯёне, ки монанд ба худи Шумо бошанд?

- Не. Ман тӯли фаъолияти омӯзгориам бо донишҷӯе, ки монанди худам бошад вонахӯрдаам. Ба ин маънӣ, ки фикру мақсад ва шиоре, ки дар замони донишҷӯӣ доштам, ҳарчанд мехостам, вале дар насли баъдӣ надидам.

- Метавонед ин гуфтаатонро шарҳ диҳед... 

- Деворҳо зиёданд барои монандӣ надоштан. Миёни онҳое, ки ман дарс гуфтам, бачаҳои пурталош зиёд буданд. Аз миёни онҳо журналистони варзида ба майдон баромаданд, ки матбуоти солҳои 90-умро соҳибӣ карда тавонистанд. Аммо рафта-рафта сифат паст шудан гирифт. Он вақт маҳфили адабӣ ва илмӣ ҷону дили донишҷӯ буд. Баъдан ин аз байн рафт. Шояд талошҳои сиёсӣ бо талошҳои касбӣ омехта шуданд. Дар талошҳои сиёсӣ ҷавонҳои мо аз миллатталабӣ дида, динпарастиашон зиёд шуд. Ҷавонҳои насли баъдӣ ифтихори миллиро камтар дарк мекардагӣ шуданд. Аммо дар замони мо тамоман дигар чиз буд. Он вақт руҳияи худшиносии миллӣ болотар аз ҳама чиз меистод. Ҳоло худшиносии тоҷикона хиратар шуд. Умед мекунам, ки монандамро ҳарчи зудтар вохӯрам. 

- Насли пештар солҳои донишҷӯии худро бо доштани як ё ду тафовут аз дигарон, ёд мекунад. Шумо ба мо чӣ мегӯед?

- Мо аввалин гуруҳи касбии журналистон будем ва аз ин ифтихори бузург ҳам мекардем. Дар маҳфилҳо, вохӯриҳо, ҷамъомадҳо, умуман дар ҳар қуҷо бо ифтихори хос таъкид мекардем, ки мо журналист мешавем. Мо аввалинҳо ҳастем!  

- Ҳамсоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будан, чӣ маъно дорад?

- Аслан ягон маънои хос надорад. Мо бехабар аз ҳамдигар таваллуд шудаем. Ҳамсоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданам танҳо аз он ҷиҳат бароям боиси ифтихор аст, ки ман имконияти таҳсил ва кор карданро дар ин маркази бузурги илмӣ пайдо кардам.

- Як фарқияти ДМТ аз ДДМТ 52 сол қабл дар чист? 

- Тафовутҳо хеле зиёданд. Чун мо дар арафаи 70-солагиаш қарор дорем ва Шумо танҳо як фарқият пурсидед, ман ҳам яке аз ин фарқиятҳоро мегӯям. Вақте мо ба ДДМТ дохил шудем, навҷавони 18 сола будем. Он замон бештари муаллимони мо рус буданд. Ин маънои истисмор шудани мо аз тарафи Русияро надошт, балки ин аз набудани мутахассисон шаҳодат медод. Имрӯз дар арафаи 70-солагии донишгоҳ мебинем, ки аксарияти кулли муаллимон, муаллимони худӣ ҳастанд.

- Ба андешаи Шумо ҳоло ба ДМТ чӣ намерасад?

- Чизи муҳим барои ДМТ таъсиси “Маркази пуриқтидори тоҷикшиносӣ” мебошад. Ман барои он мегӯям, ки аз худношиносию бегонапарастӣ мо вақте халос мешавем, ки чунин марказе дошта бошем. Олимони дунёро на ба шарқшиносие, ки як ҷузъи хурди тоҷикшиносӣ аст, балки ба тоҷикшиносии хос даъват кардан даркор аст. Ҳодисае ба хотирам омад. Профессори немис Манфред Лоренс охири солҳои 50-ум дар ДМТ забони тоҷикӣ омӯхта буд. Соли 1983 тасодуфан мо дар Донишгоҳи Кобул вохӯрдем. Ман аз эшон хоҳиш кардам, ки бо донишҷӯёни факултети улуми иҷтимоӣ, ки ман онҷо кор мекардам, вохӯрӣ кунанд. Профессор Лоренс бо донишҷӯён вохӯрданд. Дар охир бачаҳо савол доданд, ки ба назари Шумо аз се гӯйишӣ форсӣ: эронӣ тоҷикӣ ва афғонӣ кадомаш ба адабиёти классикӣ наздиктар аст? Вай гуфт, ки албатта тоҷикӣ. Тоҷикӣ ин бунёди он забонест, ки ба номи форсӣ ёдоварӣ мекунем. Ҳеҷ қисмати дунёи форсинишин забонаш беҳтар аз забони Осиёи Миёна ва ба забони Рӯдакию Фирдавсӣ наздиктар нест. Аз ин лиҳоз, таъсис чунин Марказ  метавонад тарғибгари забони тоҷикӣ боша. Бубинед, ки як нафари огоҳ аз забони мо, дар бораи мо ингуна суханҳо мегӯяд. Маҳз дар ҳамин аст зарурияти мактаби тоҷикшиносӣ. Агар мо чунин мактаб дошта бошем, он вақт, ДМТ вазифаи худро дурусттар иҷро мекунад. 

- Ба фикрам замоне мо чунин як марказ доштем...

- Бале, замоне професор Мансурхон Бобохонов “Созмони илмии тоҷикшиносӣ”-ро таъсис дода буданд, аммо аз сабаби имкониятҳои моддӣ ва камтар ҷалб шудани кадрҳо марказ он вазифаеро, ки бар дӯш дошт, иҷро карда натанавонист.

-Пурқувваттарин давраи журналистикаи тоҷик кадом солҳост? 

-Барои ҷавоби ин савол бояд ба таърих назар кард. Солҳои 1919-1929 давраи бисёр пуртуғёни журналистикаамон маҳсуб мешуд. Дар солҳои 1930, 1940 ва 1960 кӯшиши пеш рафтанро кардем. Аллакай дар солҳои 70-ум журналистикаи мо ба сатҳи журналистикаи умумишӯравӣ расид. Журналистоне ба майдон омаданд, ки бо дилхоҳ журналисти Шӯравӣ муқоиса карданашон мумкин буд. Ҳам дар миёни онҳое, ки бо забони тоҷикӣ менавиштанд ва ҳам миёни онҳое, ки бо русӣ эҷод мекарданд Масалан, устоди равоншод Отахон Латифӣ. Қалами ӯро на ҳар журналисти давраи Советӣ дошт. Дар майдони журналистикаи мо номҳои Насрулло Асадуллоев, Нурмуҳаммад Табаров, баъдтар Умед Бобохонов ва дигарон пайдо шуданд. Дар арафаи истиқлият ва пас аз он давраи нави журналистикаи тоҷик шуруъ шуд. Дар ин давра мо журналистикаи зӯр доштем, вале бисёр вақт намедонст, ки зӯрияшро дар куҷо истифода барад. Монанди навҷавоне, ки дар куҷо истифода кардани зӯрӣ бозуяшро намедонад. Бояд қоил шуд, ки солҳои 90-ум ва нимаи аввали даҳсолаи асри XXI журналистони тавонои мо дар шахсияти Додоҷони Атовулло, Салими Аюбзод, Ҷовид Муқим, Акбари Саттор, Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло ва дигарон суханашонро зӯрвор ва нишонрас мегуфтанд. 

- Ба андешаи Шумо ҳоло журналистикаи мо чӣ ҳол дорад?

- Ҳозир мавзӯи сиёсии журналистикаи мо тағйир ёфтааст. Дар мо бештар журналистикаи маърифатӣ эҳтиром пайдо кардааст. Ёфтани чизи зебо дар журналистикаи маърифатӣ кори осон нест. Бояд гуфт, ки журналистикаи маърифатӣ дар мамлакатҳои дигар ҳам дар ҳолати хуб қарор дорад.  

- Метавонед бигӯед, ки бори журналситикаи имрӯзаи тоҷикро фалон ё фалониҳо кашида истодаанд?

- Не, инро ҳеҷ кас гуфта наметавонад. Дар шакли умум журналистикаи мо ба манфиати миллату давлат хизмат карда истодааст, аммо он ки бигӯям фалонӣ набошад журналистика мемирад ё фалонист, ки журналистика зинда аст, хатост.

- Мушкилии журналистикаи мо кадом аст?

- Журналистикаи имрӯзаи мо худашро танҳо бо хабар маҳдуд кардан мехоҳад. Аксар вақт, хабарҳои дар ҳафтаномаҳо нашр шуда ба касе лозим нестанд. Хабар пас аз як соат аҳамияташро гум мекунад. Вазифаи хабаррасониро сомонаҳои интернетӣ иҷро карда истодаанд. Дар ин сурат бояд ҳафтаномаҳои мо бештар ба матолиби таҳлилӣ таваҷҷуҳ кунанд. Гоҳо ҳайрон мешавам, ки чаро ба дарки ҳамин чиз  журналистоне монанди Шарифи Ҳамдампур, Хуршеди Атовулло ва Сайёфи Мизроб камтар мерасанд. Ҳоло бештар Иршод Сулаймонӣ дар ҳафтаномаи “Озодагон” ба таҳлил рӯ меорад ва ӯ бештар муҳим будани матолиби таҳлилиро дарк кардааст. 

- Ҳамраъйӣ миёни журналистони мо эҳсос мешавад?

- Журналистика ин мавқеи иҷтимоӣ-сиёсӣ аст. Мавқеи иҷтимоӣ-сиёсӣ хеле кам ҳамраъй дорад. Вақте ба сари журналисте мушкилие меояд, бонги изтироб мезанад, ки чаро дигарон ба ӯ ҳамраъйӣ намекунанд, аммо вақте ба сари дигарон балое ояд худаш ҳамраъйиро фаромӯш мекунад. Ба андешаи ман дар ҳеҷ ҷойи дунё ҳамраъйӣ нест. 

- Хиёнат ба пеша аз куҷо оғоз мешавад?

- Вақте ки дурӯғ менависеду дурӯг мегӯед. Дурӯғ хиёнат ҳам ба қалам аст ва ҳам ба касби худ.

- Дар хусуси он ки баъзеҳо бо дипломи иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ номи журналистро доранд, чӣ мегӯед?

- Ин гуна ашхос дар мо хеле зиёд аст, аммо ин намуна нест, балки тасодуф аст. Хушбахтона, онҳо ботинан эҷодкор ҳастанд. 

- Баъзе муҳаррирон ба он назаранд, ки журналистони беҳтарро онҳо тайёр карда метавонанд на факултаву бахшҳои журналистӣ. Фикри Шумо чист?

- Тарбия кардани журналист вазифаи факултету бахшҳои рӯзноманигорӣ аст. Агар муҳаррирон аз таъриф худашонро овезанд ҳам, бояд фаҳманд, ки онҳо журналист тайёр карда наметавонанд. Онҳо барои худ корманд тайёр карда метавонанд. Масалан он чи ки Хуршед Атовулло мехоҳаду ёд дода метавонад, меомӯзонад. Аммо барои донишҷӯ ба ғайр аз дониши Хуршед боз дониши Умед Бобохонов, Шарифи Ҳамдампур, Раҷаби Мирзо, Қироншоҳ Шарифзода, Ҷовид Муқим ва дигарон лозим аст. Муаллими факултет ин донишҳоро дар маҷмӯъ ба донишҷӯ меомӯзонад. Муҳаррир вақт надорад, ки фикр карданро ба журналистшаванда омӯзонад. Вай танҳо талаб мекунад. Дар мактаби олӣ ба донишҷӯ меомӯзонанд, ки журналистика дар кадом мамлакатҳо тараққӣ дорад, дар радаи аввал кадом журналистон қарор доранд, кадом мактаби журналистӣ хубтар аст, кадом адабиёти илмӣ барои омӯхтани ин касб мусоидат мекунанд, эҷоди киҳо моро ба халқ наздиктар мекунад. Магар ин ҳамаро муҳаррир метавонад ба шогирдаш бигӯяд? Албатта не. Мактаби олӣ робитаи филология, таърих, фалсафа ва мантиқро ба вуҷуд меорад. Барои ҳамин, гумони он ки журналисти нағзро редаксия тайёр мекунад,  хатост. Танҳо бояд гуфт, ки муҳаррир дар беҳтар шудани кадри мактаби олӣ мусоидат карда метавонад. Баъзе камбудиҳо ва нуқсонҳоро мегӯяд, роҳ нишон диҳад, ба амалия ворид шуданро омӯзонад, тамом. Дар редаксия мақсад таълим додан нест, балки мақсад пур шудани саҳифа аст. Дар ин росто, мақсади мактаби олӣ таълим додану пур кардани мағз аст. Хулоса, журналисти хубро мактаби олӣ тайёр мекунад, муҳаррир барои беҳтар шудани ӯ кумак мекунад.

- Метавонем муҳаррирро мунаққиди хайрхоҳ гӯем?

- Албатте не. Муҳаррир як одами худхоҳ аст. Ба он маънӣ, ки аз журналист он чизеро талаб мекунад, ки барои ӯ ва газетаи ӯ лозим ва маъқул бошад. Барои вай одами нағзу журналисти нағз лозим нест, барои вай одаме даркор аст, ки чизи лозимиро нависад. Муҳаррир мунаққиди хайрхоҳ нею падари серталаб аст.

- Журналистӣ аз куҷо оғоз мешавад?

- Аз ҳақиқатро шинохтан. Агар Шумо дар дил гапи ростро шунидан хоҳед, Шумо журналист мешавед. 

- Чаро мардум журналистонро дӯст намедоранд, дар ҳоле, ки журналистон барои дигарон умр ба сар мебаранд?

- Бале, қариб ҳеҷ кас журналистро чашми дидан надорад. Журналист дар чашми аксарият иғвогар ва дурӯғгӯ менамояд. Ин хеле бад аст. Ин ҳақиқат нест. Агар он баддиданҳо 1% дуруст бошанд, фикр мекунам, ба ягон журналист сахт намерасад, аммо афсӯс, ки бесабаб шубҳа карда, онҳоро бад мебинанд.

- Агар нафаре ба шумо бо саволи “Чӣ кор кунам, ки навишта тавонам?” муроҷиат кунад, чӣ ҷавоб медиҳед?

- Мегӯям, ки ту ҳеҷ гоҳ навишта наметавонӣ. Ҳар нафаре, ки бо ин савол зиндагӣ мекунад, вай асло журналист намешавад. 

- Шумо чӣ гуна менависед?

- Вақти сиёҳнавис кардан ҳар он чизе ки дар сарам меояд, менависам ва вақти сафеднавис кардан ҳар чизе, ки нолозим бошад хат мезанам.  Барои навиштан басанда аст, ки мисли одам фикр кунем ва ҳамчун одам андеша ронда тавонем. 

- Таъриф ва тавсиф аз куҷо пайдо мешавад?

- Аз надонистан, аз камсаводӣ. Бояд бигӯям, ки яке аз сабабҳои беобрӯ шудани журналистикаи советӣ таърифҳои беасос ва дурӯғи журналистон буд. 

- Навиштан ягон ҳикмати пинҳонӣ дорад?

- Навиштан ягон ҳикмати пинҳон надорад. Бисёр вақт хаёлпарастона фикр карда, аз ҳама чиз идеал мекобем. Заминро гузошта, мехостаамонро дар осмон мекобем. Бояд донист, ки навиштаи мо заминӣ аст ва журналист дар замин менависад. Шоиру файласуфоне буданд, ки аз болои абр истода дар бораи замин менавиштанд. Онҳо хайёлӣ буданд. Дар журналистика набояд ҳикмати пинҳонбударо кофт, зеро мо сухани имрӯзро мегӯем ва фардоро гапи фардоро гӯем.

Мусоҳибаи Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ, МТЖТ

Тағйироти охир Шанбе, 08 Сентябр 2018 10:12
Хонданд 930
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

5 Назар

  • Эмомалӣ сайидзод Паём аз Эмомалӣ сайидзод Чоршанбе, 03 Октябр 2018 12:32

    Воқеан як мусоҳибаи олӣ буд!
    Дастат дардро набинад Ҳафизуллрҳи гиромӣ!
    Барои устоди бузургвор, ки дар арафаи 70- солагии мелодашон қарор доранд рӯзҳои хуш ва бо фароғатро хоҳонам!
    Ҷаҳони сипос ба устоди бузургвор, ки то ин дам дар журналистикаи ТОҶИК буданд ва ин миқдор журналистони варзидаро барои ин кишвар кӯчак ба воя расонданд.

  • Ибрагим Паём аз Ибрагим Чоршанбе, 12 Сентябр 2018 09:07

    Зодрӯзи устод хуҷаста бод!
    Ин калимаи нав дар забони тоҷикӣ "Жадди" чи бошад, Муллоаскар?
    Ё шояд шумо "ҷад" яъне бобо гуфтаниед?

  • Ришаки Паём аз Ришаки Сешанбе, 11 Сентябр 2018 07:37

    Акидаи марксисти бе риояи суннати Карл Маркс нораво ай. Риш монда суннати хазрати Маркса зинда кунед устод. Карл Маркс риш дошт.

  • realist Паём аз realist Якшанбе, 09 Сентябр 2018 08:49

    Муборак бошад. Устоди устодон Иброхим Усмонов чун номзади илмхои таърих дар пажухиши журналистикаи точик сахми назаррас гузоштаанд. Мавсуф танхо ба хайси мухаккики журналистикаи точик, яъне ба сифати таърихчи махорати худро ба чилва гузоштаанд ва то кучо ба хадафи гузошташуда расиданашонро худи таърих дар оянда нишон хохад дод, чунки таърих 80 прасент ба киссаву ривоят (афсона) такя мекунад. Шояд махорати журналисти хам дошта бошанд, ки лична ман ягон маводи журналистии номзади илмхои таърих Иброхим Усмоновро дидагим не.

  • Аскар Замонов Паём аз Аскар Замонов Шанбе, 08 Сентябр 2018 11:01

    70 солаги муборак бошад ба донишманди асилу фархехта. Устод Иброхимчон Кенчаевич публицисти тавоноянд. Аслан ки аз авлоди ашрофзодагонанд, диду мавкеъ ва ояндабиниашон хам хоса аст. Жадди бузургашон Худоёрхон барои миллаташ бисёр амалхои некро ба сомон расонида буд ва хушбахтона имруз Иброхимчон Кенчаевич рохи бобокалони бузургашонро идома медиханд. 100 сола шаведу баъд аз он пир шавед.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.