.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Иқтисод

Моҳи октябр дар Tcell: тарофаи нави   «Даркор» ва тавсеъаи шабакаи 4G!

Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии тарофаи нақшавии ҷадиди «Даркор», ки воқеъан ҳам барои муоиширати ҳаррӯза “даркору зарурист”,  хабар медиҳад. Ҳамчунин, навгонии хубе дар ростои рушди техникӣ дар минтақаҳо: Интернети баландсуръати стандарти 4G аз Tcell ба сокинони Данғараву Роғун дастрас шуд!

Ширкати Tcell аз рӯзҳои аввали роҳандозӣ ва пайдоиши алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон, аз пешоҳангони таъмини муштариён бо алоқаи стандарти 2G ва 3G маҳсуб меёфт. Аммо рушди технология дар як ҷо намеистад ва дар ин робита хостаҳои корбарони шабакаҳо низ тағйир меёбад. Агар қаблан барои муштариён дидани лентаи хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷер-паёмрасонҳо кофӣ буд, ҳоло бештари корбарон ба мӯҳтаво (контент)-и “вазнин” таваҷҷуҳ доранд. Истифодабарандагони шабакаҳо ба боргирии босуръат ва калонҳаҷми наворҳо, гӯш кардани мусиқӣ, тамошои филму телевизион дар шакли мустақим (он-лайн) афзалият медиҳанд.

Барои онҳое, ки ҳисобу китоби трафик ва мегабайтҳои интернетро одат накардаанд ва аз ҳама имкониятҳои шабакаи ҷаҳонии интернет истифода бурданӣ ҳастанд, ширкати Тсеll тарофаи нави нақшавӣ бо номи “Даркор”-ро таҳия ва роҳандозӣ кард. Ба ин ҷадвал, тарофаҳои нақшавии «Даркор 19», «Даркор 35», «Даркор 59», «Даркор 159» ва «Даркор 199» шомил мебошанд. Ададҳо дар тарофаи нав ҳаҷми маблағи моҳонаи муштариро нишон медиҳанд. Бо истифода аз ин тарофа, корбар ҳаҷми бештари интернет ва мегабайтҳоро дарёфт карда, маблағи начандон зиёд сарф мекунад. Ҳамчунин, ҳар як тарофа дақиқаҳо барои занги баромад (ирсол)-ро дар Тоҷикистон, бастаи SMS (паёмакҳо)-ро дошта, зангҳо дар дохили шабакаи Tcell комилан ройгон мебошанд! Ҳамин тавр, «Даркор» - дар ҳақиқат «Зарурӣ ва Даркор» дар тамоми тарофаҳо аст.  

Тафсилоти бештарро дар бораи тарофаи нав аз сомонаи расмии ширкат пайдо карда метавонед.

Ширкати Tcell дар доираи стратегияи рушди техникии манотиқ сокинони Роғун ва Данғараро бо Интернети баландсуръати стандарти 4G таъмин кард! Мутахассисони ширкат дар маркази ин шаҳрҳо пойгоҳи вижаро васл карданд, ки он аҳолиро бо интернети 4G таъмин менамояд.

Ҳоло шаҳрҳои Данғара ва Роғун аз ҷумлаи шаҳрҳои рӯ ба рушд ва тезрушдкунандаи кишвари мо мебошанд.  Дар Данғара Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ), ки инфрасохтори он дар ҳоли ташаккул ва таҳаввули ҳамарӯза қарор дорад, мавҷуд аст. Зимнан, дар ин ҷо корхонаҳои зиёди саноатӣ, заводу фабрикаҳо, идораҳои мухталиф, 2 донишгоҳ, коллеҷу литсейҳо ва иншооти муҳим қомат афрохта, фаъолият доранд. Дар Роғун бошад, бунёди неругоҳи бузурги тавлиди барқ (НБО-и Роғун) босуръат идома дорад.

«Рушди бонизоми корхонаҳои иқтисодиро имрӯз бе таъмини алоқаи боэътимод, аз ҷумла технологияҳои муосир дар бахши телекомуникатсия тасаввур кардан номумкин, ҳатто ғайриимкон аст. Фанновариҳои ҷадид аз қабили M2M, Internet of things  (манзур- абзорҳои мухталифи Интернет барои иртиботу табодулу ҳамкорӣ) сифати истеҳсолотро боло бурда, дар амри татбиқи ислоҳоту тағйироти иқтисодӣ мавқеъи аввалиндараҷа доранд. Барои ҳамин ҳам, имрӯз дар Роғун ва Данғараи рӯ ба рушд зарурати роҳандозии 4G аз Tcell пеш омадааст», - мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Имконият ва дастоварди ҷадиди технологӣ имрӯз барои 25000 сокини ноҳияи Данғара ва 15000 сокини Роғун дастрас аст: онҳо метавонанд аз интернети баландсуръати 4G, ки суръаташ то 50Mbit/s истифода баранд!

Қаблан, дар моҳи сентябр Tcell шабакаи стандарти 4G-ро дар наздикии Боғи марказии шаҳри Хоруғ фаъол кард. Ин навгонии иноватсионӣ барои сокинони Хоруғ имкон фароҳам овард, ки ба барномаҳои таълимӣ, иттилоотӣ ва тафреҳии шабакаи ҷаҳонии интернет бо суръати 20 Мбит/с дастрасӣ пайдо намоянд! 

Бар пояи рушди техникӣ ва дурнамо, ширкати Tcell тасмим дорад шабакаи 4G-ро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ намояд.    

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Хонданд 269
Ка-62: чаро навтарин чархболи Русияро наҷотдиҳандагон ҳамроҳӣ карданд?

«Совершенно секретно»: Аввалин намунаи парвозии чархболи нави мулкии бисёрҳадафаи Русия Ка-62 ба меҳмонони Форуми иқтисодии шарқӣ дар шаҳри Владивосток намоиш дода шуда буд. Ин чархбол аввалин парвози дури худро то макони рӯнамоӣ тай кард ва тӯли ин сафар онро чархболи Ми-8 – и ҷустуҷӯ ва наҷот раҳнамоӣ намуд. Шореҳи нашрияи «Совершенно секретно» муайян кард, ки чаро ин чархбол аз аввалин рӯзу соати парвозаш натавонист ба танҳоӣ ба макони таъиншуда расад ва онро чархболи дигаре бо наҷотдиҳандагон ҳамроҳӣ мекард...

Ин чархболи бисёрҳадафаест, ки қарор аст дар солҳои наздик ҷойгоҳи худро дар ҳавонавардии Русия пайдо кунад. Барои мусофиркашонӣ, корҳои офшорӣ, ёриҳои таъҷилии тиббӣ, корҳои ҳавоӣ ва назорату мушоҳида, интиқоли бор, мониторинги экологӣ пешбинӣ шудааст. Бо он ки дар фазо баланд парвоз мекунад ва дорои моторҳои қудратманд аст, Ка-62 қодир аст дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот, интиқол аз навоҳии баландкуҳ фаъолона ширкат кунанд. Ҳоло дар Русия чархболе назири он ва бо ин суръату баландии парвоз ва ин сифат вуҷуд надорад ва ин кишвар эҳтиёҷи шадиде ба тавлиди ин гуна чархболҳо дорад.  

 

Руҷуъ ба таърих

Директори кулли ҳолдинги “Чархболи Русия” Андрей Богинский ахиран изҳор дошт, ки тарҳи бунёди Ка-62 “сарнавишти ғайриодӣ” дорад. Бюрои тарроҳони ба номи Камов ба сохтани ин чархбол солҳои ҳаштоди асри гузашта оғоз карда буд. Он замон вай номи В-60 дошт ва баъдан номи Ка-60 гирифт. Пешбинӣ мешуд, ки ин чархбол дорои тарҳи печи чархон хоҳад буд ва печи думи он бо пӯшиши вижаи  “фенестрон” пӯшида мешуд.  

Амалан К-60, ки хеле баъдҳо номи “Касатка” гирифт, бояд мошини иктишофие мешуд, ки метавонист идораи чаҳор Ка-50-ро бар дӯш гирад. Барои ин ба Ка-60 мебоист маҷмаъаи иктишофӣ низ васл карда мешуд. Аммо он замон бо ин ҳама нишондод тарҳи Ка-60 иҷро нагардид, бо сабабҳои номаълум он пурра сохта нашуд ва ё сохтанаш ба дарозо кашид ва билохира Сергей Викторович Михеев ба қароре омад, ки ин чархбол оянда дар шакли мошини универсалии нақлиётӣ сохта ба истифода дода шавад.  

10 декабри соли 1998 намунаи аввалияи парвозии Ка-60 ба ҳаво хест. Ва баъдан зинаҳои дигари санҷишии он шуруъ шуданд ва ин санҷишҳо аз чӣ бошад, ки хеле суст роҳандозӣ мешуданд ва як сабаби аслӣ камбуди сармоягузорӣ ба он буд. Тобистони соли 2010 яке аз ду намунаҳои санҷишӣ дучори садама ва дар ноҳияи Люберетси вилояти Маскав сарнагун шуд. Ду халабони он зинда монданд, вале бо ҷароҳатҳои басо сангин бистарӣ шуданд ва ба хати парвоз танҳо баъди як соли муолиҷа баргаштанд. Амалан ин садамаи нохӯшу ногаҳонӣ ба ояндаи тарҳи Ка-60 хати бутлон кашид. Ва аз он ба баъд бюрои тарроҳон тасмим гирифт чархболи дигаре назири он бо номи Уа-62 созад. 

 

Фарзияи нав

Аз соли 2010 дар корхонаи ҳавопаймосозии ААК «Прогресс» ба номи Н.И.Сазикин, ки ҳолдинги «Вертолёты Россия» низ ба он дохил мешавад, дар кишвари Приморск ба сохтани чархболи Ка-62 оғоз кард. Ду адад аз он мебоист парвозӣ мешуданд, аммо баданаи сеюмро қарор буд ба санҷиши оморӣ биспоранд. Кор сари бунёди он ба мушкил пеш мерафт, коллективи тарроҳон муддати тӯлонӣ натавонистанд оид ба намуди зоҳирии он ба мувофақа расанд ва ба корхонаи бунёдгар пайваста тарҳҳои гуногун бо тағйироту иловаҳо фиристода мешуд. Ва ин ин гуна дарҳамубарҳамиҳо муддате корро кашол дод ва дар натиҷа тарҳи нав дар вақту замони мувофиқашуда сохта нашуд.  

Чархбол тозакориҳову навовариҳои зиёд дошт, танҳо истифода аз маводҳои композитӣ беш аз 60 дарсади ҳамаи бахшҳоро ташкил медод. Печи фармон, ки дар пӯшиши дум ҷойгир шуда буд, низ аз унсурҳое иборат буд, ки қаблан дар чархболҳои ватанӣ дида намешуд. Аммо аз ҳама асосӣ чархболи нав мебоист бо шароитҳои мусоиди ҳамкориҳои байналмилалӣ сохта мешуд. Мотори онро мебоист ширкати фаронсавии «Турбомека» мефиристод, вазифаи интиқолӣ бар дӯши ширкати австрияёии  «Соклер» буд. Аммо баъди эълони таҳримҳо дар соли 2014 ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ қатъ шуд. Ва муҳлати ба истифода дода шудани ин чархбол боз ба вақти номаълум мавқуф гузошта шуд.  

Аммо ҳанӯз соли 2012 муяссар шуд дар «Прогресс» баданаи аввали чархболро ҷамъугир кунанд. Ва хеле зебову шинам ва назаррабо омад. Онро ба намоишгоҳи саноати чархболсозии «ХелиРаша-2012» равон карданд. Мегӯянд Дмитрий Медведев ба пояи он баромад ва он аз бадана шикаст. Ҳарчанд ин нуқс баъдан пинҳон дошта шуд, вале ба сарнавишти ояндаи он нақши манфӣ бозид. Охири соли 2012 ҳолдинги чархбол бо яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Бразилия барои 7 чархбол то охири соли 2016 муоҳада имзо намуд. Вале ин шартнома то охир иҷро нашуд.  

 

Парвоз

Моҳи апрели соли 2016 дар фурудгоҳи Арсенйев аввалин парвози Ка-62 баргузор шуд. Он ба баландии то 30 метр ба ҳаво хест ва баъди чанд маротиба гардиш кардан, дубора ба замин нишаст. Ин парвози нахустин камбудиҳои зиёдеро дар тарҳи нав ошкор кард ва билохира он барои коркард ва такмил баргардонда шуд.  

Танҳо баъди як сол ба Ка-62 муяссар шуд, ки дубора парвоз кунад ва тӯли ин як сол онро такмил доданд, пурра карданд, камбудиҳои парвози аввалро ислоҳ намуданд. 25 майи соли 2017 Ка-62 бо суръати 110 км дар як соат парвоз кард, вале боз ҳам камбудиҳо ошкор шуданд ва як соли дигар аз ҳақи парвоз маҳрум шуд. Лозим омад дубораву себора онро такмил диҳанд, камбудиҳояшро ислоҳ намоянд.  

Охири моҳи августи соли 2018 Ка-62 бори дигар ба парвоз омад ва ин бор дур рафт, то ба намоишгоҳи Владивосток, ки дар оғоз гуфтем. Бо вуҷуди он ки ин чархбол ҳоло ҳам зинаҳои лозимии санҷиширо нагузашта буд, мутахассисон ва тарроҳони “Прогресс” ба муваффақияти парвози он ба масофаи дур умед надоштанд. Аз ин рӯ, барои эҳтиёт чархболи Ми-8 ҷудо карданд, ки аз пасаш равад. Парвоз ду соат идома дошт ва бо суръати каме бештар аз 100 км дар як соат ҳаракат мекард.  

Интизор меравад истеҳсоли муназзами он дар “Прогресс” сар аз соли 2020 шуруъ гардад... 

 

Алексей СУКОНКИН, “Совершенно секретно»

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Хонданд 74
Даҳгонаи беҳтарин ширкатҳои ҳавопаймоии олам

Ҳамеша ва дар ҳар кишвари олам талош барои пайдо кардани беҳтарин ширкати ҳавопаймоӣ ва арзонтарин билети парвоз одамон талош мекунанд. Интихоби ширкатҳо яке аз муҳимтарин кафолати парвоз аст. Дар Тоҷикистон ин баҳс ҳамеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад, матбуоти кишвар ҳамвора аз сифати пасти хизматрасониҳо дар ширкатҳои ҳавопаймоӣ шиква мекунанд. Бо гузашти ин қариб 30 соли истиқлолият низ фарҳанги хизматрасонӣ ба мусофирон дар ҳавопаймоҳои кишвар боло нарафт ва ё хеле кам ба самти мусбат тағйир хӯрд. Дар ҳоле, ки дар олам ширкатҳое назири «Эмирейтс» мавҷуданд, ки дар 28 соли бунёд роҳи қариб як садсоларо тай кардаанд ва ҳоло дар даҳгонаи беҳтарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҷойи аввал аст. Ва ин мутааллиқ ба як кишвари исломии шарқист ва на аврупоӣ ва ё амрикоӣ.

Ахиран сомонаи lifehacker.ru даҳгонаи ширкатҳои хуби ҳавопаймоии оламро интишор дод, ки зарур донистем онро ба хонандагони худ расонем.

 

 Ҷойи аввал-Emirates

Ширкати ҳавопаймоии «Эмирейтс» – яке аз пешсафон дар бозори пуррақобати парвози ҳавопаймоҳо. Онро 28 сол пеш барои рушди ҷаҳонгардӣ таъсис дода буданд. Дар ин камтар аз 30 сол ин ширкат тавонист ба пешгомҳои ширкатҳои ҳавопаймоии олам табдил ёбад.  

Дар Boeing-ҳо ва Airbus-ҳои Emirates Airline шумо соҳиби телевизионҳои “хусусии” 10,6 доймӣ мешавед, ки бо 1200 каналҳои телевизионии олам васл аст. Меҳмондорони ҳавопаймо бо чандин забон метавонанд бо шумо суҳбат кунанд ва ба мусофирон хеле ботаваҷҷуҳанд. Дар оғози парвоз ба ҳама дастпокҳои гарм медиҳанд ва тӯли парвоз мусофирон ҳамеша бо ғизоҳои хуштамъ таъминанд.  

 

Ҷойи 2-ум – Qatar Airways

Ин ширкати ҳавопаймоии миллии давлати Қатар аст. Ба бештар аз 80 самти байналмилалӣ парвозҳо дорад. Ва таърифи ин ширкат он аст, ки ҳар мусофир гумон мекунад дар ҷойи бизнес-клас дар парвоз аст. 

 

Ҷойи 3-ум – Lufthansa

Ширкати ҳавопаймоии олмонӣ, яке аз калонтарин ширкатҳо дар Аврупост ва дар олам аз ҷиҳати хизматрасонӣ ба теъдоди мусофирон дар ҷойи панҷум аст. Ҳар рӯз ин ширкат ба даҳҳо шаҳрҳои олам садҳо парвоз роҳандозӣ мекунад.  

Чун дигар ширкатҳои аврупоии ҳавопаймоӣ Lufthansa низ ба мусофиронаш ғамхорӣ мекунад. Онҳо ҳатто агар масофаи як соат ҳам парвоз кунанд, бо ғизои басо хуштамъ таъмин мекунад ва нишинаҳояш ба ҳадде бароҳатанд, ки ҳангоми парвоз дар ҳақиқат метавон истироҳат кард.  

 

Ҷойи 4-ум– Virgin Atlantic Airways

Ширкати ҳавопаймоии британиёист, ки бо British Airways рақобат дорад ва ҳавопаймоҳои он ба самтҳои хеле дур парвоз мекунанд (Британияи Кабир – Амрикои Шимолӣ, Британияи Кабир – Африқо, Британияи Кабир – Австралия ва ғайра).

Аз он ки мусофирони ин парвозҳо вақти зиёдеро дар ҳаво мегузаронанд, ширкат шароитҳои хуберо барояшон фароҳам меорад. Маҳз Virgin бори аввал телевизиони ройгони маҳвораӣ ва Wi-Fi-ро барои мусофиронаш пешкаш кардааст.

 

Ҷойи 5-ум– British Airways

Ин ширкати ҳавопаймоии миллии Британия аст ва яке аз бузургтарин ширкатҳои аврупоӣ ва узви иттиҳоди Oneworld (сеюумин иттиҳоди ширкатҳои ҳавопаймоии олам, ки дафтари марказии он дар шаҳри Ню-Йорк мебошад). Ин ширкат 222 нуқтаи парвоз дорад ва тайёраҳои он ба Русия низ парвоз мекунанд.  

Агар шумо муваффақ шудед, ки бо ягон Боинги ин ширкат, маслан Боинг-747 парвоз кунед, пас вориди салони васеъ мешавед ва шуморо ғизои басо болаззат интизор аст.  

 

Ҷойи 6-ум – Air New Zealand

Ширкати ҳавопаймоии миллии Зелландияи Нав. Ҳам парвозҳои дохилӣ дорад ва ҳам берунӣ-ба Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ, кишварҳои уқёнусӣ. 

Соли 2010 Air New Zealand кат-трансформереро муаррифӣ кард, ки аз се нишинаи ҷолибе иборат буд. Дар он метавонистӣ пойҳои худро ба роҳатӣ болову поён нигоҳ дорӣ. Ба сони як кати хоби хурдакаке, ки метавон бо паҳлӯ дароз кашид. Ва хубии он боз дар ин буд, ки ин гуна ҷой назар ба ҷойҳои муқаррарӣ арзонтар аст. Масъулини Air New Zealand бар ин назаранд, ки ин нишинаҳо бештар барои зану шавҳар хубанд, вале ин афрод дар салон иҷозаи бараҳна шудан надоранд.

 

Ҷойи 7-ум – JetBlue

JetBlue Airways – ин ширкати ҳавопаймоии ба истилоҳ чорситораист ва дар миёни ҳамаи ширкатҳои амрикоӣ овозадор аст. Аслан ин ширкат бо парвозҳои дохилӣ шуҳрат дорад, вале тайёраҳои он ба Мексика ва кишварҳои ҳавзаи Кариб низ парвоз мекунанд. 

Нишинаҳои муносиб (ҳатто барои мусофирони қоматбаланд), шумори номаҳдуди ғизо, ТВ-и маҳвораии ройгон ва ҳамаи ин албатта пули калонест, ки масраф мешавад. Беҳуда нест, ки JetBlue-ро ширкати ҳавопаймоии буҷавӣ меноманд.  

 

Ҷойи № 8 – Air Canada

Ширкати бузурги ҳавопаймоии Канада ва яке аз бунёдгузорони Star Alliance (аввалин ва бузургтарин иттиҳоди ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон, ки дафтари марказии он дар шаҳри Франкфурти Олмон қарор дорад) мебошад. Бо ҳавопаймоҳои Air Canada ба Канада, ИМА, Амрикои Лотин, Аврупо, Осиё ва Австралия парвозҳо ба роҳ мондааст. 

Агар шумо аз мусофирони ин ширкати ҳавопаймоӣ шудед, пас бидонед, ки беҳтарину муносибтарин нишинаҳо насибатон мешавад. Дар он телевизионҳои хурде ҳам насб карда шудаанд, ки филмҳои гуногун намоиш дода мешаванд. Аз ҳамин экран шумо метавонед маълумоти заруриро дар бораи хати парвозатон дастрас намоед. Аз ҷумла дар бораи баландии парвоз, соати расидан ба манзил ва ғайра. Вале ин ҳамаро шумо метавонед бо пардохти ҳақи изофӣ дастрас намоед.  

 

Ҷойи 9-ум – Frontier Airlines

Ширкати магистралии ҳавопаймоии амрикоист, ки ҳавопаймоҳои он ба даҳҳо шаҳрҳои ИМА, Мексика ва Коста-Рика парвоз мекунад. Дорои бештар аз 80 нуқтаҳои қабулу гусел аст. 

Frontier Airlines дар Иёлоти Муттаҳида аз беҳтарин ширкати ҳавонавардист. Мусофирон ҳамеша аз хизматрасониҳои хубу озодагии салонҳои ҳавопаймоҳо: нишинаҳои бузурге, ки миёнашон ҷойи кофии холист ва пушти ҳар нишина телевизиони хурдакаке насб карда шудааст, ситоиш мекунанд. Илова ба ҳамаи ин барои касоне, ки аз хизмати он истифода кардаанд, тозагии мабраз ва муомилоти хуши ҳайати хидматрасонӣ хуш шудаанд.  

Мусофирон ҳамчунин аз пешниҳоди нӯшобаҳои хуштамъу хуришҳои болаззат ситоиш мекунанд. Ҳар мусофир ҳақ дорад порае шоколад ва печенйе ройгон дарёфт кунад.  

 

Ҷойи 10-ум -  TAP Portugal

Калонтарин ширкати ҳавопаймоии Португалия. Дорои 65 шабакаи фурудгоҳҳо дар 30 кишвари олам аст. Ҳар рӯз ТАР 1600 парвоз ба шаҳрҳои олам дорад. Бо он ки ин кишвар дар қиёс ба мамолики дигари ҳамҳудудаш фақир аст, вале ширкати ТАР мусофиронашро бо маҳсулоти сифатан баланд ғизо медиҳад ва аз таҷҳизоти металии ошхонаӣ истифода мебарад. 

Ҳайате, ки хидмат мерасонад, ҳамеша ба мусофирон рӯзномаву маҷаллаҳои тозатаринро барои  мутолиа пешкаш мекунад.  

 

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Хонданд 110
“Ҷаноби вазир, марҳамат ба суд!”

Аз суди ноҳияи Шоҳмансур талаб карда шуд, ки барои бозпурсӣ вазири собиқи молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониёнро даъват кунад

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, моликияти “Тоҷпромбонк” – ро, ки ҳукми барҳамхӯриашро суд содир кардааст, ба хотири шакку гумонҳои мавҷуд дар қиматҳояш ҳабс кардааст. 

Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, дар ин бора ҳангоми мурофиаи судӣ дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баёнот дод. Вай гуфт, вазорат ба дурустии нархҳое, ки бонк барои моликияташ ҳуҷҷатгузорӣ карда буд, шакку тардиди зиёд дошт, аз ин хотир, як комиссияи махсуси корӣ ташкил кард, то нархҳои воқеии онҳоро муайян кунад. 

Ҳуҷҷатҳои амволи ғайриманқули “Тоҷпромбонк” соли 2016 дар ихтиёри вазорати молия гузошта шуда буданд. Ҳукумати Тоҷикистон мехост барои ҷилавгирӣ аз муфлисии бонк 450 миллион сомонӣ дар шакли векселҳо кӯмак кунад. Бонк то ин рӯз ҳеҷ гоҳ муваффақ ба гирифтани ин пул нашуд, аммо ҳуҷҷатҳои 113 иншооти он ба маблағи беш аз 570 миллион сомонӣ дар вазорати молия монданд.

Соли 2016 «Тоҷпромбонк», дар қатори “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ба камбуди маболиғи нақдӣ мувоҷеҳ шуд ва аз уҳдаи ҳисобӣ кардани пардохтҳояш пеши мизоҷон набаромад. Дар баробари нарасидани 450 миллион сомонӣ кӯмаки ҳукумат, моҳи феврали соли 2017 Бонки миллӣ муҷаввизашро бозхонд. 3 марти соли 2017 суди иқтисодии шаҳри Душанбе “Тоҷпромбонк” – ро муфлис эълон кард. 24 апрел раиси бонк – Ҷамшед Зиёев бо иттиҳоми “азхудкунӣ ва харҷи беҳуда” (моддаи 245) ва “қаллобӣ” (моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) боздошт шуд. Таҳқиқро Прокуратураи генералӣ анҷом медиҳад.

Аммо тибқи банди 1, сархати 6 – и моддаи 65 – и Кодекси граждании Тоҷикистон бонк муваззаф буд, ки аввал талаботи шаҳрвандони амонатгузорашро қонеъ кунад. “Тоҷпромбонк” ин корро накард ва садҳо муштариаш натавонистанд миллионҳо сомонии хешро аз бонк гиранд. Бонк тасмим гирифт амволашро бифрӯшад ва бо муштариёнаш ҳисобӣ кунад, аммо чунин нашуд.

Вазорати молия 18 майи соли 2017 зимни як номаи хос бо имзои муовини якуми вазир Ҷамшед Каримзода аз вазири адлияи Тоҷикистон – Рустам Шоҳмурод хост, ки ҳуҷҷатгузории ҳама гуна моликияти фурӯхташавандаи “Тоҷпромбонк” – ро манъ кунад.  Далел ҳам ин буд, ки бонк аз вазорати молия қариб 124 миллион сомонӣ қарздор аст ва ин маблағ бо моликияти гаравӣ пӯшида нашудааст. Вазорати адлия бидуни ҳеҷ баҳс ва ба таври оҷил ин хостаи вазорати молияро бароварда кард. Рӯзи дигар – 19 май тамоми идораҳои нотариалии ин ниҳод дар саросари Тоҷикистон ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз муовинони вазири адлия Хаким Мирсайзод ва Абдуманнон Холиқзода дастур гирифтанд, ки ба расмият даровардани хариду фурӯши амволи “Тоҷпромбонк” – ро қатъ кунанд. Ҳатто ба суди шаҳри Душанбе дастур додаанд, ки бо вазорати молия ҳамкорӣ кунад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳеҷ ниҳод ҳақ надорад, ки чӣ тавр кор карданро ба суд машварат диҳад, чӣ расад ба дастур.

22 майи соли 2018 Суди конститутсионии Тоҷикистон муайян кард, ки иқдомоти масъулони вазоратҳои молия ва адлия дар истифодаи шаҳрвандон аз ҳуқуқи конститутсионии худ ба моликият  монеагӣ кардаанд.

Солеҳҷон Ҷӯраев, амонатгузори “Тоҷпромбонк” ва ҳам узви раёсати Иттиҳоди байнулмилалии адвокатҳо  2 августи соли равон барои “бекор намудани амали ғайриқонунии мансабдорони давлатӣ” ба суди ноҳияи Шоҳмансур ариза навишт. Суд парвандаи гражданӣ боз кард.

Ҳанӯз 7 сентябри соли 2017 бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон як ҳайати ҳукуматӣ таҳти раҳбарии Давлаталӣ Саидзода ва намояндагони дастгоҳи Президент, муовини якуми Прокурори генералӣ, раиси Бонки миллӣ ва раҳбари “Тоҷпромбонк” ҷаласа баргузор ва як санади ҳуқуқӣ – қарор қабул кард, ки пасандозҳои аҳолӣ саривақт баргардонида шавад. Аммо маълум шуд, ки дар вазоратҳои молия ва адлия кор ба бинишу фаҳмишҳои дигар пеш мерафт.

Пас аз он ки Суди конститутсионӣ вокуниш нишон дод ва Солеҳҷон Ҷӯраев ба суд муроҷиат карду суд парвандаи гражданӣ боз намуд, 13 августи соли равон Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ зимни як амр дар бораи “фавран бартараф намудани қонунвайронкунӣ” аз вазорати адлия талаб кард, то аз ҳар гуна маҳдудияти ҳуҷҷатгузории моликияти “Тоҷпромбонк” даст бардорад. Дар ин санад гуфта мешавад, ки мувофиқи Низомномаи вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 (№587) “Дар бораи вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шудааст, вазорат ваколати ҳабс ва манъи ихтиёрдорӣ ба молу мулки ғайриманқулро надорад. Прокуратураи генералӣ вазорати адлияро муваззаф кард, ки аз натиҷаҳои иҷроиши ин амр хаттӣ гузориш диҳад.

Вазорати адлия рӯзи 15 август ба идораҳои нотариалии ҷумҳурӣ дастур дод, ки манъи амалиёти нотариалӣ нисбати молу мулки “Тоҷпромбонк”, ки бо мактуби вазорат аз 19 майи соли 2017 ва 6 феврали соли 2018 амалӣ мешуд, бардошта шавад.

 

100 миллион сомонӣ аз кист?

Ба иддаои вазорати молия, беш аз 124 миллион сомонӣ иборат аз 100 миллион маблағи асосии амонатӣ, 21 миллион ҷарима, 2, 5 миллион фоиз ва ҳам ҷаримаи ҳосилшуда аз он – 545 ҳазор сомонӣ таркиб ёфтааст. 

Аммо масъули “Тоҷпромбонк”, ки низ дар мурофиаи судии 21 сентябр дар суди ноҳияи Шоҳмансур ширкат дошт, мегӯяд, дар асл қарзи бонк аз вазорати молия 107 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ӯ ба ин нукта ҳам равшанӣ андохт, ки 100 миллион сомонии вазорати молия қисмате аз он 450 миллион сомонии ҷудокардаи ҳукумат барои дастгирии ин бонк нест. Ба қавли ӯ,  вазорати молия барои амонати 100 – миллионааш аз соли 2014 ба баъд моҳона 650 ҳазор сомонӣ фоиз мегирифт. Ҷамшед Каримзода мегӯяд, ин фоизҳо барои тақвияти буҷаи кишвар истифода мешуданд.

Дар ҳамин ҳол, суоли мантиқие, ки пеш омад, ин буд, ки оё ба хотири 124 миллион сомонӣ вазоратҳои молия ва адлия ҳақ доштанд 572 миллион сомонӣ – ҷамъи маблағеро, ки моликияти “Тоҷпромбонк” баҳогузорӣ шудааст, ба гарав бигиранд? 

Муовини аввали вазорати молия дархости худ аз вазорати адлияи Тоҷикистонро бо он асоснок мекунанд, ки бо манъ кардани хариду фурӯши моликияти “Тоҷпромбонк” мехостанд на фақат амонати вазорат, балки маболиғи шаҳрвандони амонатгузори бонкро ҳам баргардонанд. 

Суоли дигар ин буд, ки оё ин маблағ ба худи вазорати молия тааллуқ дорад, ё афроди алоҳида? Бино ба иттилои расмӣ, 50 миллиони ин пул 23 январи соли 2014 зимни як шартнома миёни вазири молия Абдусалом Қурбонов (ҳоло Қурбониён) ва “Тоҷпромбонк” дар шахси раисаш Ҷамшед Зиёев бо солона 15 дарсад ба амонат гузошта шудааст. Шартномаи 50 миллиони дигарро ҳам бо ҳамон фоизу ҳамин шахсон 19 декабри соли 2014 расмӣ кардаанд. Аз сӯи дигар, бино ба бархе иттилои ҳанӯз таъйидношуда ин маблағ ба ду нафари алоҳида тааллуқ дорад, аммо чӣ гуна аз лиҳози қонунӣ арзёбӣ шудааст, маълум нест. Маҳз ин норӯшанӣ, аз нигоҳи Солеҳҷон Ҷӯраев, тақозо мекунад, ки Абдусалом Қурбониён, собиқ вазири молияи Тоҷикистон низ дар суд ширкат карда, ба ҳолатҳои кор рӯшанӣ андозад. 

Дар таҷрибаи бонкҳои дигар, аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дида мешавад, ки вазорати молия бо ҳамчунин фаъолиятҳо, яъне гузоштани пули буҷа барои ба даст овардани фоиз дар бонкҳои хусусӣ машғул набудааст ва маблағе, ки барои бонкҳои рӯ ба муфлисӣ ҷудо кардааст, ҳамеша пуштибонии молии давлат аз онҳо будааст.

Ҷамшед Каримзода танҳо инро зикр кард, ки маблағи 100 миллион сомонии дар ихтиёри “Тоҷпромбонк” гузошташуда боқимондаҳои пулҳои буҷаи давлат аз соли 2013 аст. Аммо Солеҳҷон Ҷӯраев мегӯяд, ба пули буҷа будани ин 100 миллион сомонӣ шак дорад, зеро дар шартномаҳое, ки миёни собиқ вазири молия ва бонк баста шудааст, дар ин бора сухане нест. Ҷамшед Каримзода ва дигар намояндаи вазорати молия ҳам дар бораи буҷавӣ будани ин маблағ ягон ҳуҷҷат ё далели боэътимод пешниҳод накарданд.

Судя аз муовини вазири молия тақозо кард, ки тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои субути маблағи вазорати молия будани 100 миллион сомониро ба суд пешниҳод кунанд. Агар пешниҳод карданд, оё ин иқдоми гирифтаи вазоратҳо дар мавриди манъи хариду фурӯши моликияти “Тоҷпромбонк” – ро ҷуброн хоҳад кард? 

Солеҳҷон Ҷӯраев мегӯяд, ин танҳо собит кардани аз куҷо пайдо шудани маблағ буда метавонад, на бештар аз ин ва ин ҳам маълум нест, ки оё вазорати молия барои чунин фаъолият – амонат гузоштани пули буҷа дар бонкҳои хусусӣ ҳаққи қонунӣ дорад, ё не. Вай мегӯяд, сухан дар бораи он меравад, ки вазоратҳои молия ва адлия дар маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон шарики ҷурм ҳастанд, зеро онҳо қариб як солу се моҳ барои фурӯши амволи бонк монеа эҷод карданд ва бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба қавли ӯ, ба амали онҳо бояд баҳои ҳуқуқӣ дода ва маводи таҳияшуда ба Прокуратураи генералӣ фиристанд.

Солеҳҷон Ҷӯраев мегӯяд, дар ҳарду ҳолат ҳам масъулини вазоратҳо бояд барои кирдори ғайриқонунии худ пеши қонун ҷавобгар бошанд. Вай ин нуктаро ҳам зикр кард, ки дар давоми беш аз як сол амали вазоратҳои молия ва адлия ба шаҳрвандон – амонатгузорон зарарҳои зиёди маънавӣ ва моддӣ, ҳатто оқибатҳои вазнини мусибатангез оварда расонидааст.

Зимнан, амонатгузорони “Тоҷпромбонк” зимни шоҳидӣ дар суд гуфтанд, ки аз амали вазоратҳои молияву адлия зиёни зиёд дидаанд. Ба қавли онҳо, аз 19 майи соли 2017 то 15 сентябри соли 2018 афроде, ки моликияти бонкро дар музоядаҳо харида буданд, натавонистанд расман тариқи нотариусҳо онҳоро ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ кунанд, зеро вазорати адлия ин корро бо дархости вазорати молия манъ карда буд. Дар ин муддат амонатгузорон дар ба дари мақомоти давлатӣ гашта, роҳи ҳалли мушкили худро меҷустанд. Ҳатто дар ин миён як амонатгузори “Тоҷпромбонк” пас аз нокомӣ дар амри ба даст овардани маблағҳояш даст ба худкушӣ зад. Ин нуктаи то ҷое даҳшатангез ҳам зикр шуд, ки як теъдоди бузурги амонатгузорон мубталои маризиҳои руҳӣ шудаанд. 

Амонатгузорон аз вазорати молия ва адлия мехоҳанд хисороти моддию маънавие, ки дар пайи амалҳои онҳо расидааст, ҷуброн шаванд. 

Ҷаласаи навбатии суд 2 октябр таъйин шуд. Хаким Мирсайзод, яке аз муовинони вазири адлия, ки санади манъкунандаи ҳуҷҷатгузориҳои хариду фурӯши “Тоҷпромбонк” – ро имзо кардааст, бояд шунида шавад.

 

“Фараж”

Хонданд 641
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.