.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

Ҷопон ҳамеша бо мардуми Тоҷикистон пешсаф аст

Июл 30, 2018 Хонданд: 371
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

(Хотира ба муносибати 20-солагии даргузашти шодравон доктор Ютако Акино)

Бо шунидани калимаи «Ҷопон» дар хаёли мардуми тоҷик чӣ меояд?

Мардум метавонанд анъана ва фарҳанги Ҷопон, ба монанди суши, самурай ва кимоно, ё ин ки технологияҳои пешрафта, фарҳанги поп, мисли роботҳо, қатораҳои баландсуръати шинкансен ва анимеро номбар намоянд.

Кишвари Ҷопон, ки онро маъмулан "Кишвари тулуи офтоб" меноманд, аз Тоҷикистон хело дур ҷойгир шудааст. Мумкин шумо бо кишвари мо шинос набошед. Аммо, ман мехоҳам ёдрас намоям, ки ҷопониҳо дӯстони деринаи шумо буданд ва то ҳол ҳам ҳастанд.

Осиёи Марказии ҳозира меҳвари Роҳи Абрешим ва “Чорроҳаи АвруОсиё” буд, ки дар он мардум, мол ва фарҳанг зиёда аз 2000 сол рафтуомад доштанд. Тамаддунҳо ва фарҳангҳои шарқу ғарб, ҷанубу шимол тариқи Осиёи Марказӣ, ки дар он Тоҷикистон ҷойгир аст, паҳн мешуданд. Дар пойтахти қадимаи Ҷопон - Нара хонаи ганҷинаи империалӣ Шосо-ин мавҷуд аст, ки то ҳол онҷо ҷамъи хуби молҳои қиматбаҳои аз хориҷи кишвар овардашуда нигоҳ дошта шудаанд. Ба ҳайси мисол шаклҳои гуногуни асбобҳои мусиқӣ, либос, шамшер ва зарфҳоро номбар карда метавонем. Мардум одатан фикр мекунанд, ки интиҳои самти шарқии Роҳи Абрешим шаҳри Чанъань (Сияни имрӯза)-и Чин буд. Аммо Роҳи Абрешим дуртар аз он ба самти шарқ - то Нара ривоҷ ёфт. Таҳқиқотҳои охир дар назаранд, ки баъзе аз молҳо аз ҷониби Суғдиён сохта шудаанд ва ҳатто баъзе аз суғдиён шахсан ба Ҷопон омадаанд. Таҳқиқотҳо то ҳол идома доранд. Барои мардуми Ҷопон Тоҷикистон чунин ҷойест, ки онҳоро ба дунёи тахаюли пайраҳаҳо ва дастовардҳои мардуми қадим мебарад ва ба онҳо ҳаяҷони романтизми таърихӣ мебахшад.

Вақте ки Тоҷикистон соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард, Ҷопон муносибатҳои дипломатиро бо ин кишвар фавран истиқрор намуд. Аз он давр инҷониб барои ин дӯсти “дерина” ва “нав” Ҷопон бо Тоҷикистон барои кӯмак дар бунёди давлат ҳамкорӣ мекунад.

Дар ин ҷо ман як ҳикояи муҳиме дар бораи як ҷопонӣ дорам. Оё шумо номи Д-р Ютака Акино, корманди масъули умури шаҳрвандӣ дар ҳайати Миссияи Нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (МНСММТ)-ро шунидаед? Ӯ худро ба мусолиҳаи миллии Тоҷикистон бахшида, ҷонашро дар як ҳодисаи хеле фоҷиавӣ аз даст дод. Фардо 20-умин солгарди даргузашти ӯ мебошад. Дар ин ҷо, якҷоя бо мардуми Тоҷикистон, ман мехостам саҳмгузории ӯро ба ёд орам ва арзиши гаронбаҳои сулҳро тасдиқ намоям.

Доктор Ютако Акино мутахассиси сиёсатгузории байналмилалӣ, коршиноси Россия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ буд. 20-уми июли соли 1998 ӯ ва се корманди дигари МНСММТ бо анҷоми фоҷиабор дар ноҳияи кунунии Нуробод вохӯрданд. Ӯ 48-сола буд. Он замон ӯ бо фаъолияти сулҳовар дар Миссия банд буд. Бо дархости Ҳукумати Ҷопон, ки ба донишу малака ва забондонии доктор Акино таваҷҷуҳи бештар дошт, доктор Акино аз дарсдиҳӣ дар Донишгоҳи Тсукуба рухсатӣ гирифта, ба Миссия ҳамроҳ шуд.

Ҳамон рӯз доктор Акино, ду нозири ҳарбӣ - Майор Ришард Шевчик (Лаҳистон) ва майор Адолфо Шарпеге (Уругвай) ва ҷаноби Ҷӯраҷон Маҳрамов (тарҷумон ва ронанда) музокиротро бо гуруҳҳои алайҳи ҳукумат дар лаби Кӯли кабуди ноҳияи Сангвори имрӯза анҷом доданд. Сипас, дар роҳи бозгашт бо мошини СММ дар мавзеи куҳии ноҳияи Нуробод дар камингоҳ афтода, кушта шуданд.

Д-р Акино ҳамчун “коршиноси сиёсӣ, ки ҳамеша фаъол буд”, дар Ҷопон маъруф буд. Ӯ аз тоифаи нафароне набуд, ки тамоми рӯз дар коргоҳ бишинад. Баръакс, ӯ бештар ба кори амалӣ дар саҳро таваҷҷуҳ зоҳир менамуд, ки дар ин кор доштани бадани солим, ки тавассути регби ва ҷудо тамрин ёфта буд, ба ӯ мусоидат мекард. Ҳангоми кор дар Миссияи СММ барои ӯ иртибот бо мардуми маҳаллӣ арзиши баланд дошт. Ӯ ҳисси хуби шӯхибардорӣ дошт. Ӯро дӯст медоштанд. Дар паёми электрониаш, ки ду моҳ қабл аз маргаш аз Тоҷикистон ба дӯсташ дар Ҷопон фиристодааст, чунин гуфтааст: «Дар инҷо борон бисёр меборад ва на он қадар гарм аст, ки пештар нигарон будам. Ин мушкилот аст. Ҳукумати Ҷопон арақи ҷабин рехтани маро интизор аст, чун мехоҳад нишон бидиҳад, ки Ҷопон натанҳо тариқи кумаки пулӣ, балки тавассути одамоне, ки барои пиёда гаштани сулҳ ва шукуфоӣ дар минтақаи Роҳи Абрешим арақ мерезонанд, дастгирии худро пешниҳод менамояд... ман бисёр хуб арақ карда истодаам. Мехоҳам дар миссияи худ “Корманди хело ҳам фаъоли СММ” бошам».

Ман ҳисси масъулиятдорӣ ва ҳисси шӯхибардориашро, ки дар ин паёми электронӣ омадааст, дарк намудам. Ҳар боре, ки марги ӯро ба ёд меорам, таассуфи бузургро ҳис менамоям. Ӯ ҳаёти бебаҳои худро пеш аз шаҳодати ҳадафи худ аз даст дод.

Ҳар касе, ки Д-р Акиноро дар ҳаёт мешинохт, мегуфт, ки ӯ инчунин “Устод” буд. Онҳо мегӯянд, ки ӯ муаллими ҳақиқӣ буда, на танҳо донишашро ба донишҷӯён таҳвил додааст, балки дил ва ҷонашро ба пешрафти ояндаи ҷавонон бахшидааст. Аз даргузашти ӯ бист сол сипарӣ шуд ва ҳоло вақти он расидааст, ки мардуми Тоҷикистон аз сулҳ баҳравар бошанд ва ҷавонон метавонанд дар ҳар гуна фаъолияти муҳим фаъолона иштирок намуда, нақши муҳим дар ин фаъолиятҳо бозанд. Ҳукумати Ҷопон, Кишвари тулуи офтоб, бо назардошти иродаи устод Акино ҳамкориро бо мардуми Тоҷикистон барои созиши ояндаи дурахшон дар инҷо идома медиҳад.

Аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷопон ман эҳтироми самимии худамро ба Д-р Акино, майор Адолфо Шарпеге, Майор Ришард Шевчик ва ҷаноби Ҷӯраҷон Маҳрамов, ки ҷони худро баҳри сулҳ дар Тоҷикистон фидо карданд, баён менамоям. Ҳамчунин, ман бори дигар ҳамдардии амиқи худамро ба аъзои хонаводаи онҳо изҳор менамоям. Ҳамдардии худамро инчунин ба тамоми мардуми Тоҷикистон, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ осеб диданд ё наздикони худро аз даст доданд, мерасонам.

 

Ҳаҷиме КИТАОКА,

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти охир Душанбе, 30 Июл 2018 20:19
Хонданд 371
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.