.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Видео

Шумо дар Видео

Гӯштини наврӯзӣ дар Панҷ

Июл 30, 2018 Хонданд: 413
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Гӯштини наврӯзӣ дар Панҷ

«Нексия»-ро паҳлавон аз Рӯдакӣ гирифт, «Матиз»-ро баҳодури панҷӣ

 

Наврӯз яке аз маросимҳои миллии мардуми тоҷик буда, дорои анъанаву суннатҳои хоси худ мебошад. Замони ҳукумати шӯравӣ, ки муқобили дину ойин ва маросимҳои исломӣ муборизаи беамон мебурд, Наврӯз аз ҷониби баъзе аз нотавонбинҳо ҳамчун маросими исломӣ муаррифӣ гардида, ҷашну истиқболи он манъ ва ташаббускорон ҷазо дода мешуданд. Бинобар ҳамин, мардуми тоҷик Наврӯзро хеле оромона ва моҳирона, бо номҳои дигар - “Сайри гули лола”, “Рӯзи меҳнат” ва ё “Иди баҳор” пешвоз мегирифтанд.

Аввалин маротиба ин ид бо номи аслии хеш - “Наврӯз” бо ташаббусу ибтикори журналисти қавиирода ва нотарси тоҷик, сармуҳаррири рӯзномаи “Маориф ва маданият” Буриниссо Бердиева ғайри хоҳиши ҳокимони давр рӯзи 21-уми марти соли 1966 як шумораи хос ба хотири Наврӯз таҳия карда шуд, ки ин ҷашни миллӣ бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш муаррифӣ гардид. Мусаллам аст, ки пас аз нашри шумора кормандон, хусусан сармуҳаррири “Маориф ва маданият” Буриниссо Бердиева бе ҷазо намемонданд, вале эшон тавонистанд исбот намоянд, ки Наврӯз хос ҷашни табиат аст, мардуми тоҷик пеш аз зуҳури ислом онро пешвоз мегирифтанд ва он ба дину ойини ислом рабте надорад.

Собиқ корманди “Маориф ва маданият” Дорои Дӯст соли 2012-ум дар як мусоҳиба бо нашрияи “Миллат” дар бораи таърихи барориши шумораи идии ин нашрияи ҳизбӣ ёдовар шуда, мегӯяд, ки дар Комитети марказӣ аз редаксия талаб намуданд, то барои шиносоӣ макети шумора бахшида ба “Иди меҳнат”-ро пешниҳод намоянд.

- Чун макети рӯзнома барои чоп иҷозат дода шуд, мо дарҳол онро пурра ба маводҳои бахшида ба Наврӯз иваз кардем ва ба чоп фиристодем. Пас аз баромадани шумора аз Комитети марказӣ барои тафтиш омаданд. Онҳо дарғазаб шуданд, вале дигар коре карда натавонистанду рафтанд,- мегӯяд Дорои Дӯст.

Ин аст яке аз қадамҳои аввалини ҷашн гирифтани Наврӯз дар Тоҷикистон. Инак, бо заҳмату талошҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷаҳонӣ гардид ва аз соли 2010 инҷониб дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. 

Наврӯз бо он ки ҳамчун муаррифгари бедории табиат, оғози кишту кори деҳқонӣ, пухтани суманаку оро додани хони наврӯзӣ бо хӯрокҳои ҳафтсину ҳафтшин ва дигар расму анъанаҳои миллӣ аст, ҳамчунин маросимҳои зиёди қувваозмоӣ, аз қабили гӯштини миллии тоҷикӣ ва бузкашию аспдавонӣ миёни ҷавонон маҳз ба ҳамин давра рост меоянд. Воқеан, ин чорабиниҳо боиси он мегарданд, ки ҷавонон ва мухлисон ба деҳот, шаҳру навоҳӣ ва минтақаҳои дурдасти кишвар сафар карда, бо расму одат ва маросиму ойини мардуми кишвар аз наздик ошно шаванд. Зимни чунин маъракаҳои варзишӣ паҳлавонон аз дигар кишварҳо низ ширкат меварзанд ва муаррифгари миллату халқиятҳои худ мегарданд.

Дар доираи чорабиниҳои наврӯзии кишвар рӯзи якшанбеи 25-уми март аз ҷониби мардуми шарафманди деҳаи Сафедорон, ҷамоати Озодагони ноҳияи дурдасти Панҷ маъракаи гӯштини миллӣ ороста шуд, ки паҳлавононро аз гӯшаву канори Тоҷикистони маҳбуб ба ҳам овард. Аз ҷониби ташаббускорони ин маъракаи наврӯзӣ, ки бародарони ҳоҷӣ - Султон, Раҳим ва Салим Қаландаровҳо ва фарзандонашон рӯи кор омад, солимҳои зиёд таҳия карда шуданд. Ду мошини сабукрави тамғаи “Нексия” ва “Матиз”, саршумори зиёди чорвои калони шохдор ва майда, қолину таҷҳизоти маишӣ аз ҷумлаи туҳфаҳои гаронарзише буданд, ки барои паҳлавонони ғолиби майдони гӯштини миллӣ пешкаш карда шуданд.

Ин маърака аз соати 9-и субҳ оғоз шуда, то шом давом кард. Мухлисони ташнаи гӯштинро на аз гармии сӯзони офтоби баҳорӣ парвое буду на аз гӯшнагии тоқатфарсо. 

Темур, як паҳлавони ҷавон аз ноҳияи Рӯдакӣ бо нишон додани санъати волои гӯштини миллӣ бар ҳарифонаш ғолиб омада, дар охир соҳиби автомашинаи “Нексия” гардид. Автомашинаи “Матиз” бошад, насиби паҳлавони ҷавони панҷӣ аз ҷамоати “Нури ваҳдат” - Эмомалӣ гардид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар майдон паҳлавонони зиёд аз новоҳии Қубодиён, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Фархор, Кӯлоб, Темурмалик, Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Душанбеву Бохтар ҳузур доштанд. 

Ҳайати ҳакамон бо роҳбарии яке аз паҳлавонони номии ноҳияи Панҷ Ҳазратҷон Камолов, ки замони шӯравӣ ва баъд аз он шарафи ноҳияро дар чорабиниҳои варзишии шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳимоя мекард, майдони ҳарбро аз рӯи виҷдону ҷавонмардӣ ҳакамӣ карданд. Ин буд, ки паҳлавонон ва мухлисон ҳамагон розӣ аз кори ҳакамон буданд. 

Лоиқи қайд аст, ки феълан Ҳазратҷон Камолов, ҷавонмарди миллат роҳбарии Ташкилоти хайриявии байналмилалии “Ҳомиёни Ватан” дар ноҳияи Панҷро ба зимма дорад. Ин ташкилот моҳи октябри соли 2016 дар Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳадафи асосияш расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба оилаҳои иштирокчиён ва маъюбони барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, садамаи Чернобил ва дигар ниёзмандон мебошад.

 

 

 

Дастандаркорони ин майдони варзишии наврӯзӣ аз кормандони милиса ва бахусус сардори ШВКД-и ноҳияи Панҷ Фирӯз Одиназода изҳори миннатдорӣ намуданд. Тавре мушоҳида шуд, барои тинҷу ором гузаронидани ин маъракаи муҳим ва пешгирии бетартибиҳо саҳми кормандони ҳифзи ҳуқуқ хеле назаррас буд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки тӯли чандин сол боз кӯмаку дастгирии хайрхоҳонаву беғаразонаи бародарон Қаландаровҳо дар ободии зодгоҳашон - деҳаи Сафедорон, дастгирии камбизоатон хеле назаррас мебошад. Чанд рӯз қабл низ эшон ба муносибати Иди Наврӯз дар маркази деҳа тӯйи хатнаи 20 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро баргузор карданд. Ба ҳар яки ин тифлакон ба муносибати тӯяшон аз ҷониби ин мардони саховатпеша шиму костюм ва дучарха туҳфа карда шуд.

Майдони варзишии мактаби рақами 20-и деҳа низ бо ташаббуси ин ҷавонмардон ободу чароғон шудааст, ки ҳатто шабона ҳам дар он чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили бозии футбол миёни ҷавонони деҳоти атроф баргузор мегардад.

 

Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»

Тағйироти охир Чоршанбе, 01 Август 2018 11:50
Хонданд 413
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.